Дар бораи рӯзгор ва корномаи Заур Дахте, филмбардори шинохта ва аксбардори эрониасли Тоҷикистон, китобе бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ҳамчунин бо хатти форсӣ таҳти номи “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ба чоп расид.
Ин китоб маҷмӯи хотироту ёддошти чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистону Эронро дарбар мегирад, ки шахсан Заур Дахтеро мешиносанд. Маҷмаа аз ҷониби рӯзноманигори шинохта Сӯҳроби Зиё таҳия шудааст.
Сӯҳроби Зиё дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар китоб бар достони зиндагӣ ва корномаи Заур Дахте, филмбардори барҷаста ва аксбардори эрониасли Тоҷикистон мурур шудаааст.
“Адибон, ҳунаршиносон, рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандони Заур Дахте дар меҳрномаю матолиби навиштаашон ба баррасии вежагиҳои шахсият ва ҳунари тасвирбардорӣ ва аккосии ӯ пардохтаанд”, - гуфт Сӯҳроби Зиё.
Дар ин маҷмаа Гулрухсор Сафиева ва Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоирони халқии Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Далер Назар, овозхон ва оҳангсоз, Саъдулло Раҳимов, муҳаққиқи синамо, Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Саноат Азизова, пажӯҳишгар, Зевар Давлатзода, ходими фарҳанг ёддошт навиштаанд.
Ба иловаи ин, Тамара Абдушукурова, Марям Исоева, Майсара Калонова, Амалхонум Гаджиева, Вафо Назаров, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Ортиқи Қодир, Тиллои Некқадам, Одили Нозир, Ҳусния Ҳафизова, Таҳмина Ниёзова, Наталя Хусейнова ва як теъдод чеҳраҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистон ёддошти худро нигоштаанд.
Ҳамчунин, дар ин китоб хотироти Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва чанд сафири собиқи ин кишвар дар Душанбе низ ҷой дода шудааст.
Боқири Муин, Маъсумаи Турфа, Меҳдӣ Ҷомӣ, Алии Аттор ва Шаҳобуддини Фаррухёр – рӯзноманигорони шинохтаи эронӣ дар ин маҷмаа аз шинохташон перомуни Заур Дахте навиштаанд.
Китоби “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” дар умум беш аз 280 саҳифаро дарбар мегирад: аз ин 165 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (хатти кирилӣ) ва 50 саҳифа бо хатти форсӣ таҳия шудааст. Ҳамчунин, беш аз 80 акси сиёҳсафед ва рангаи Заур Дахте истифода шуда, ки дар онҳо марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти ӯ ба тасвир даромадаанд.
“Ин китоб, дирӯз, 19-уми июн, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ба иловаи ин бо хатти форсӣ ба чоп расид ва ҳоло як теъдодашро ба китобхонаҳои Тоҷикистон ва чеҳраҳои фарҳангии кишвар тақдим менамоем ва як миқдори дигарашро барои дӯстону шогирдони устод Заур Дахте ба хориҷа мефиристем”, - гуфт Сӯҳроби Зиё.
Бояд гуфт, ки Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб шуда, дар хориҷа ҳам маъруфият дорад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ кардааст. То синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил намудааст.
Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи “Тоҷикфилм” ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи “Тоҷикфилм” мешинохтанд.
Рисолаи дипломии ӯ филми кӯтоҳи ҳунарии “Лола” буд, ки бар асоси достони ҳамноме аз Содиқ Ҳидоят, нависандаи фақиди эронӣ сохта шудааст. Пас аз ин филм, ӯ ба унвони филмбардор ва таҳиягар шуҳрат пайдо кард. Соли 1968 ӯ филми ҳунарии “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”-ро филмбардорӣ кард. Сипас, силсилаи филмҳои “Чор нафар аз Чорсанг” (дар ду қисмат, дар таҳияи М.Қосимова), “Паланг зарур аст” (дар таҳияи Б. Арабов), “Шераки ҷасур” (дар таҳияи М. Маҳмудов)-ро филмбардорӣ кард.
Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳои сохти “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар сохти ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.
Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Дар даҳаи 1970 ва 1980 Заур Дахте борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ кард. Сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷасаммаи Буддоро филмбардорӣ карда, ки ҳоло дар музеи мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз аст.
Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шуарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тилоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.
Аккосӣ низ ҳунари дигари ӯст. Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд.
Пас аз баргузории муваффақонаи намоиши аксҳои Заур Дахте дар Русия ва Фаронса, Ҳукумати Тоҷикистон заҳамоти ӯро бо медали “Хидмати шоиста” қадр кард. Соли 2011 Заур Дахте барандаи унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста