Шӯрои Федератсияи Русия қонун дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани шахсони қарордод имзокардаро дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ якдилона тасдиқ кард.
«Қонун муқаррар кардааст, ки шахсоне, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шартнома бастаанд, метавонанд аз рӯзи сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатӣ дар давраи хидмати ҳарбӣ, аз рӯзи аз хидмати ҳарбӣ озод шудан бо сабаби вазъи саломатӣ, аз рӯи синнусол ва ё дар робита ба анҷоми сафарабрӣ ва замони ҷанг, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазои ҷиноятӣ озод карда мешаванд”, - гуфтааст Андрей Клишас, раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтмони давлатӣ дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.
Ин ба ҷиноятҳое дахл дорад, ки то эътибор пайдо кардани қонун содир карда шудаанд.
Чанде пеш ин қонунро Думаи давлатӣ қабул карда, акнун онро бояд президент Владимир Путин ба имзо расонад.
Қонун ба даъвати шаҳрвандони дорои доғи судӣ дар давраи вазъияти ҳарбӣ ё сафарбарӣ иҷоза медиҳад, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин содир кардаанд, масалан, барои терроризм, хиёнат ба давлат ё ҷосусӣ маҳкум шудаанд.
Қонун инчунин ба имзои қарордод бо шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо кардаанд, агар доғи судиашон бардошта ё бекор шуда бошад, инчунин бо шахсоне, ки ҷиноятхои начандон вазнин ё миёна содир кардаанд, агар тафтиши пешакӣ боздошта шуда бошад, иҷоза медиҳад.
Дар низоъ бо Украина дар ҳайати Русия маҳкумшудагоне иштирок мекунанд, ки бо ширкати хусусии низомии «Вагнер» шартнома бастаанд. Муассиси “Вагнер” Евгений Пригожин моҳи май изҳор дошта буд, ки ширкат дар маҷмӯъ 50 ҳазор маҳбусро ҷалб кард, ки 20% (10 ҳазор) аз онҳо фавтидаанд. Ба қавли вай, то нимаи моҳи июн 32 ҳазор нафари ҷалбшуда ба хона баргаштаанд. Моҳи феврал Пригожин эълон кард, ки ҷалби маҳбусон ба “Вагнер” қатъ шудааст.
Андрей Клишас шарҳ дод, ки қонуни қабулкардаи Дума ва Шӯрои Федератсия ба ширкатҳои хусусии низомӣ дахл надорад, зеро сухан дар бораи онҳое меравад, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд.
Аз тирамоҳи соли гузашта дар Русия ба сафарбарии афроди доғи судиашон набардошта ё бекорнашуда барои ҷиноятҳои вазнин иҷоза шуд. Ҷосусӣ, ошӯби мусаллаҳона, хиёнат ба давлат, барангехтани кинаву адоват, таҳқири шаъну шарафи инсон ва дигар ҷиноятҳои вазнин истисно мебошанд.