Бо зоирони тоҷике, ки барои баргузории ҳаҷҷи фарзӣ расман ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, дар мавсими ҳаҷҷи имсола мушкиле пеш наомадааст ва гурӯҳи аввалини ҳоҷиҳо пагоҳ, 6-уми июл, ба Ватан бармегарданд.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими имсолаи ҳаҷҷи фарзӣ расман аз Тоҷикистон беш аз 4 ҳазору 500 нафар зоирон ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд ва бо ҳеҷ кадоми онҳо дар адо кардани маросими ҳаҷ мушкиле пеш наомадааст.
“Бо зоироне, ки расман ба сафари ҳаҷ омада буданд, мушкиле пеш наомадааст ва ҳамаашон маросими ҳаҷро пурра адо мекунанд. Аммо тоҷиконеро медидем, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳаҷ омадаанд. Ё умра омада, дигар барнагаштаанд. Акнун маълум нест, мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ он тоҷиконеро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷҷи фарзӣ ғайриқонунӣ вориди Маккаву Мадина шудаанд, боздошт кардаанд ё на”, - шарҳ дод сухангӯи Кумитаи дин.
Ӯ гуфт, аввалин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик субҳи пагоҳ, 6-уми июл, ба Ватан бармегарданд. Охирин гуруҳи ҳоҷиён 18-уми июл бармегарданд.
Афшини Муқим тақдири зоиронеро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ ҳуҷҷат супорида, вале ахиран даъво карда буданд, ки “номамон дар рӯйхати тартибдодаи Кумата нест”, рӯшан кард.
Ба гуфтаи ӯ, “зоирони тоҷикро ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва арабӣ ба сафари ҳаҷ мебурданд ва бо сабаби мушкили ширкати ҳавопаймоии арабӣ парвози 286 нафар зоирони тоҷик ба таъхир монд”.
“Баъдан ширкати ҳавопаймоии арабӣ ҳама зоирони тоҷикро аз Душанбе ба Ҷидда овард ва ҳамаи онҳо ҳам маросими ҳаҷро адо карданд”, - таъкид кард Афшини Муқим.
Бояд гуфт, ахиран мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ барои кӯшиши адо намудани маросими имсолаи ҳаҷ бидуни иҷоза зиёда аз 17 ҳазор нафарро ба ҳабс гирифтанд.
Аз ҷумла, 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигариро боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ба ихтиёри додситонии ин кишвар дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Арабистони Саудӣ барои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.
Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла, чиптаи рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт ва ғайраро дар бар мегирад.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста