Масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ваъда додаанд, ки бо ташкили хатсайри иловагӣ онҳоеро, ки маблағи маросими Ҳаҷҷи имсоларо пардохт карда, вале дар рӯйхати зоирон роҳ наёфтанд, ба Макка фиристанд.
Дар ин бора чанд нафар, ки ба умеди пайдо кардани адои маросими ҳаҷ дар назди бинои Кумитаи дини Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, ба “Азия-Плюс”изҳори назар карданд.
Дирӯз, 22-юми июн Радиои Озодӣ хабар дод, ки даҳҳо талабгори ҳаҷҷи фарзӣ дар назди Кумитаи дини Тоҷикистон ҷамъ омада, гуфтанд, “тамоми зинаҳоро гузаштанду харҷи сафарро пардохтанд, вале ҳанӯз номашон дар рӯйхати мусофирон ба Арабистони Саудӣ нест. Дар ҳоле ки, муҳлати ниҳоии сафар ба зоирони Ҳаҷҷи фарзӣ аз Тоҷикистон 23-юми июн таъин шудааст”.
Субҳи имрӯз, 23-юми июн хабарнигори “Азия-Плюс” барои огоҳӣ аз вазъи мавҷуда ва мавқеи масъулин ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим рафт.
Даҳҳо нафар то ба ҳол дар назди кумита буданд ва аз рӯйхати ҳаҷравоне, ки масъулини дин пушти даромадгоҳ насб карда буданд, исми худро мекофтанд.
Масъулини кумитаи дин гуфтанд, охирин гурӯҳи зоирон, ки 259 нафар буданд, баъди зуҳри имрӯз, 23-юми июн озими шаҳри Ҷидда шуданд. Вале қисме, ки маблағ барои маросими ҳаҷро пардохт ва ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ҳам дуруст карда буданд, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бо вуҷуди он ки феҳристи зоирон муайян шудааст ва охирин зоирони тоҷик ҳам озими ҳаҷ шудаанд, умедворанд, ки ба парвози иловагӣ барои адо кардани панҷумин рукни муҳимми дини ислом ба ҳаҷ бираванд.
“Мо ному насаби худро наёфтем. Аз ин рӯ, барои фаҳмидани сабабаш ба кумита муроҷиат кардем. Аммо посухи дақиқ нагирифтаем. Ба мо гуфтанд, ки барои муайян кардани ин раванд тафтишот гузаронида мешавад ва эҳтимолан рӯзи 24-уми июн парвози иловагӣ ташкил карда мешавад. Мо ба гуфтаи масъулин он рӯз ба ҳаҷ рафта метавонем. Дар акси ҳол, ба мо ваъда доданд, ки маблағи пардохтшударо бармегардонанд”, - иброз дошт як ҳамсӯҳбати мо аз шаҳри Истаравшан, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард.
Намояндагони кумита ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи сабабҳои дар ин рӯйхат ҷой нагирифтани номи зоирон ва имкони парвози иловагӣ посух дода натавонистанд.
Намояндагони кумита гуфтанд, дар робита ба ин масъала ба муовини раиси кумита Фаррухулло Олимзода муроҷиат кунем. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ӯ тамос гирифт, вале бо шунидани суоли мо, хоҳиш кард, ки баъди як соат занг занем. Баъд аз ин номбурда ба зангҳои паёпайи мо ҷавоб надод.
Дар ҳамин ҳол, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба сабаби таъхир дар парвози ҳавопаймоҳои “Flynas”, чунин душворӣ пеш омад ва “сокинон набояд нигарон бошанд, сафари онҳо анҷом хоҳад шуд".
Арабистони Саудӣ имсол барои Ҳаҷҷи асосӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) аст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.
Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла, чиптаи рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт ва ғайраро дар бар мегирад.
Имсол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ дар Қирғизистон 3900 доллар, дар Ӯзбекистон 5200 доллар, дар Қазоқистон аз 3000 то 4500 доллар ва дар Русия аз 3000 то 5000 доллар муқаррар мешавад.
Нархи ҳаҷҷи фарзӣ вобаста ба сифати хидматрасониҳои кишварҳо фарқ мекунад. Масалан, бо маблағи 4,9 ҳазор доллар ширкатҳои русӣ ба зоирон танҳо ду вақт хӯрок медиҳад ва меҳмонхонааш аз ҳарам дур аст. Аммо ба маблағи 9,9 ҳазор доллар ширкатҳои русӣ ба зоирон се вақт хӯрок ва меҳмонхонаи панҷситорадор ваъда медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар 5 соли ахир ҳудуди 120 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зиёрати ҳаҷ рафтаанд. Онҳо барои Ҳаҷ беш аз 500 миллион доллар харҷ кардаанд.
Мо омори квотаҳои ҷудокардаи Арабистони Саудӣ барои ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро барои солҳои 2018-2023 таҳлил кардем, ки дар ин ҷо метавонед бинед.