Дар панҷсолаи ахир аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ қариб 120 ҳазор нафар ба сафари Ҳаҷ рафтаанд. Аз сафари ин теъдод ҳоҷиён ба Маккаву Мадина давлати Арабистони Саудӣ беш аз 522 миллион доллар даромад гирифтааст.

Мо омори квотаҳои сафари Ҳаҷҷи фарзии аз ҷониби Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар солҳои 2018-2023 ҷудошударо ба даст овардем ва таҳлил кардем.

Танҳо соли 2021 бинобар хуруҷи бемории КОВИД-19 карантин эълон шуда, ин сол аз кишварҳои Осиёи Миёна касе ба Ҳаҷҷи фарзӣ нарафтааст.

 

 

Беш аз 30 ҳазор ҳоҷӣ аз Тоҷикистон

Натиҷаи таҳлили мо нишон дод, ки миёни ин 4 кишвари Осиёи Миёна аз ҳама зиёд шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафари Ҳаҷ рафтаанд. Аз соли 2018 то кунун беш аз 49 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ҳоҷӣ шудаанд.

Бояд зикр кард, ки аҳолии Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама зиёд - беш аз 36 млн. аст.

Тоҷикистон миёни ин кишварҳо дар мақоми дуюм меистад ва дар панҷсолаи охир бештар аз 30 ҳазору 500 шаҳрванди кишвари мо ба Ҳаҷҷи фарзӣ рафтаанд.

Дар ин панҷсола беш аз 25 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон ва бештар аз 14 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Ҳаҷҷи акбар рафтаанд.

 

 

Бояд гуфт, ки пайдо кардани омори ҳоҷиёни Туркманистон бесамар анҷомид.

Ним миллард доллар. Харҷи ҳоҷиёни ОМ

Таҳлил нишон дод, ки давоми солҳои 2018-2023 шаҳрвандони давлатҳои ОМ барои зиёрати Ҳаҷ беш аз 522 миллион доллар сарф кардаанд.

Беш аз 30 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар панҷсолаи охир барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд, 123 миллион доллар харҷ кардаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон рекорд гузошта, дар ин панҷсола барои сафари Ҳаҷ наздики 247 миллион доллар харҷ кардаанд.

Ҳамин тавр, давоми солҳои 2018-2023 барои сафари Ҳаҷ шаҳрвандони Қирғизистон 92 миллион доллар ва шаҳрвандони Қазоқистон 60 миллон доллар харҷ кардаанд.

 

 

Маврид ба зикр аст, ки Ҳаҷ яке аз панҷ унсури дини мубини Ислом аст ва барои мусулмонон адо кардани он фарз дониста мешавад. Мусулмонон Ҳаҷҷи фарзиро дар арафаи Иди Қурбон анҷом медиҳанд ва он бештар аз 1 моҳ идома мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мусулмонон метавонанд, ки ба ҷуз аз Ҳаҷҷи фарзӣ, дар дигар вақти ба худ муносиб Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оваранд. Умра Ҳаҷҷи хурд ба ҳисоб меравад ва танҳо қисме аз маросими Ҳаҷҷи фарзиро дар он адо мекунанд.

Имсол Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Нархи сафари Ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 59 ҳазор сомонӣ ($ 5400) муайян шуд.

Қобили зикр аст, ки дар пасманзари пандемия, мақомоти Арабистони Саудӣ дар солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зойирин ва дар соли 2022 1 миллион нафарро иҷозат доданд то ба зиёрати Ҳаҷ раванд.

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65 - сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонанд ба Ҳаҷ сафар кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли равон Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими Ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.