Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар як қатор ноҳияҳои ғарби ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани селҳо дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Кумита бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 1-2 август бар асари об шудани пиряхҳо ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода аз офати табиӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Ба сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.
“Ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунед, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад”, - хоҳиш кардааст Кумита аз аҳолии кишвар.
Ба ронандагону кӯҳнавардон ва сайёҳон зимни ҳаракат бо дучарха (велосипед) тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти шадиди рӯзи 28 июл дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Исфара сел омад.
Дар ҷамоати деҳоти Урметан ба хонаҳои сокинон, роҳҳои маҳаллӣ ва иншооти ёрирасон зарар расонида шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин офати табиӣ 161 хоҷагӣ осеб диданд.