Дар Тоҷикистон соли гузашта норасоии омӯзгорон 3 ҳазору 434 нафарро ташкил дода буд. Норасоии омӯзгорон дар фанҳои дақиқ, аз қабили математика, физика ва кимиё мушоҳида мешавад, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода.

Ӯ зикр кард, ки дар назди вазорат ситоди махсус амал мекунад, ки ба ҳалли ин масъалаи муҳими норасии омӯзгорон дар кишвар машғул аст.

Ба гуфтаи ӯ, ситод вазъи кунуниро таҳлил намуда, бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои нав ҳамкорӣ мекунад, барномаҳои дастгирӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони амалкунандаро роҳандозӣ менамояд, инчунин барои ҳавасмандгардонии ҷомеаи омӯзгорони мо кор мебарад.

Зикр шуд, ки аллакай 4 ҳазору 347 нафар барои кор дар муассисаҳои таълимӣ пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ интихоб шудаанд. Ба гуфтаи Абдулзода, чанд нафари онҳо дар минтақаҳо ба ҳайси омӯзгор кор хоҳанд кард, дар охири моҳи август маълум мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, имрӯз дар кишвар 3 ҳазору 967 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон машғули коранд. Аз ин теъдод 81 ҳазору 822 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди умумии донишҷӯён 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафарро ташкил медиҳад, ки 1 миллиону 79 ҳазору 197 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.