Додситони кулли Тоҷикистон боздошти Абдухалил Холиқзода, роҳбари Беморхонаи “Ибни Сино”-ро расман тасдиқ намуда ва алайҳи ӯ иттиҳом эълон кард.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август, зимни нишасти хабарӣ расман гуфт, ки Абдухалил Холиқзода бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ боздошт шудааст.
“Ӯ бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст. Ман худам дастури боздошташро додам”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Додситони кулли Тоҷикистон илова кард, ки Абдухалил Холиқзода “ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ - шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”.
Юсуф Раҳмон гуфт, “ман шахсан худам супориш додам, ки ин одама ба ҳабс гиранд. Мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми қатъияти қонун ҷавоб мегӯяд”.
Бояд гуфт, ки дирӯз, 14-уми август, ду манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти қудратӣ дастгир шудани ин соҳибкорро тасдиқ карда ва гуфта буданд, Абдухалил Холиқзода ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” ё моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар мешавад.
Моддаи 189-и Кодекси ҷиноятӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 солро пешбинӣ кардааст.
Назари худи Абдухалил Холиқзода ва пайвандони ӯ нисбати ин иттиҳом маълум нест.
Наздикони Холиқзода аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд ва ҳадди ақал ду нафари наздик ба ӯ дирӯз баъди шунидани суоли мо гӯширо гузоштанд ва дигар ба зангҳои пайдарпайи мо посух надоданд.
Ба гуфтаи манобеи “Азия-Плюс”, мақомот хона ва ҷои кори Холиқзода дар Душанберо кофтуков карда, компютер ва чанд китобро бо худ бурдаанд.
Китобфурӯшон ҳам мегӯянд, шахсони номаълум китоби Абдухалил Холиқзода - “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки чанде пештар аз чоп баромада, дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро дар робита ба маҳалгароӣ ба миён оварда буд, аз ҳамаи китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчидаанд.
Ин китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки 15-уми март дар Душанбе рӯнамоӣ шуд ва дар он муаллиф аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.
Баъзе аз бахшҳои китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён оварда буд ва муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Ин гуфтугузорҳо баҳси маҳалгароиро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.
Абдухалил Холиқзодаи 57-сола дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст ва хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ баъди чанд соли кор дар хориҷи кишвар, махсусан Ҳиндустон дар соли 2008, ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ “Бемористони Ибни Сино”-ро таъсис дод.
Семь самых громких преступлений в Таджикистане в 2024 году
Где заказать салаты на Новый Год в Душанбе?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Щелкунчик», Beauty Secrets Festival и Новогодний шоу-концерт
Тренер сборной России по борьбе из Таджикистана получил 9 лет за «финансирование терроризма»
УМВД предупреждает: «аренда» банковских карт – новый вид мошенничества в Таджикистане
В Душанбе мать и трое детей отравились угарным газом
Готов ли Душанбе к зиме?
Таджикский тренер в Узбекистане расстался со своими соотечественниками
Стало известно о судьбе второго таджикистанца, находившегося на борту самолета, потерпевшего крушение в Актау
СМИ узнали об изоляции жены Башара Асада из-за лейкемии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста