Инқилоб чист?
Николо Макиавелли, файласуфи сиёсӣ ва яке аз назарияпардозони маъруфи сиёсат дар ду қарни охир, мегӯяд, ки “мардумон ҳар замон ки хостанд инқилоб кунанд, чунин мепиндоранд ки фармонравои ҷадид беҳтар аз ҳол хоҳад буд, фориғ аз он ки фармонравои нав низ аз онҳо молиёт мехоҳад ва гоҳе бештар онҳоро дар тангно қарор медиҳад”. Ин файласуф хеле пеш моҳияти инқилобҳоро хуб дарк карда буда, ки ба чунин натиҷае расида. Инқилоб ба маънои зеру рӯ шудан ё зоту моҳияти чизеро иваз кардан истифода мешавад. Ҷомеашиносон ҳар ҷунбиши иҷтимоиро, ки ба ислоҳ ё дигаргунии бунёдӣ анҷомад инқилоб номидаанд. Оё инқилоб гузинае дорад? Оре, дорад ва он ислоҳи кишвар тавассути фармонравои хирадманд ва нухбагони саршиноси як миллат аст. Ҳар ҷомеаро метавон дар ростои усули пазируфташуда тавассути раҳбарону фарҳанги умумии он ислоҳ кард.
Ислоҳот дар ҳар кишваре ба шикаст мувоҷеҳ шавад, инқилоб ногузир мегардад. Ҳам ислоҳот, ҳам инқилоб ҷунбиши иҷтимоӣ мебошанд ва мехоҳанд, хушунати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро коҳиш диҳанд. Таҷрибаи сад соли охир нишон медиҳад, ки ислоҳот дар ҷомеаи ислоҳпазири демократӣ равиши костани хушунат аст ва инқилоб дар ҷомеаи истибдодӣ.
Муҳимтарин инқилобҳои таърих инқилоби кабири Фаронса (асри XVIII), инқилоби Русия (1917), инқилоби Чин (1949) ва инқилоби Эрон (1978-1979) дониста мешаванд, ки на танҳо як кишвар, балки минтақа ва ҷаҳонро зери таъсир қарор додаанд. Инқилобҳои мазкур бо вуҷуди доштани баъзе дастовардҳо барои кишварҳо бо куштору бераҳмии бесобиқа ҳамроҳ буда, боиси фирори миллионҳо шаҳрвандони ин кишварҳо гардидааст. Инқилоб ё тавре имрӯз мегӯянд, табаддулоти моҳи октябри соли 1917 дар Русия яке аз пурфоҷеатарин ҳаводиси таърихи башар аст. Зеро гурӯҳе кӯчак, самари инқилоби мардуми рус алайҳи мутлақияти фармонраво (император)-и худраъй дар моҳи феврали соли 1917-ро рабуда, боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар гардид, ки ҷони миллионҳоро қурбон кард. Коммунистони болшевик назарияи Маркси олмонитаборро бо дастгирии моддии давлати Олмон, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг буд, дар шашяки рӯйи замин пиёда карда, ҷони миллионҳо инсонро дар ин озмоишгоҳи хавфнок ба озмоиш бастанд.
Коммунистон давлати таъсискардаи худро шӯроӣ ном ниҳоданд (яъне дар чаҳорчӯби қонун сохтори машваратии давлатдорӣ дар ҳайати аъзои олирутбаи ҳукумат; зоҳиран зидди яккаҳокимию яккатозию диктотурии як фард). Аммо он чӣ дар ин кишвар ҳеч гоҳ набуд, ҳамин машварату ба шӯро нишастани давлатмардону кобинаи ҳукумат буд. Баргузидани чунин низоми сиёсӣ ва чунин тарзи ҳукуматдорӣ пиёдасозии ормонҳои як гурӯҳе буд, ки барои расидан ба чунин ҳукумат аз ҳич ҷиноят рӯй наметофтанд. Инқилобиюни Петербургу Маскав ҳадафи худро ободӣ, озодӣ ва рифоҳи Русияю мардумони он меномиданд. Аммо ҳамин ки ба қудрат расиданд, худро “доҳӣ” пиндоштанд ва “нобиғаву сутуни дунё”. Аз ин рӯ ва бо ҳирси хирсгуна аз марзҳои кишвари худ по ба берун гузошта, хостанд “инқилоби” кас накардаву нашунида дар ҳеч рӯзгорро ба хориҷ аз марзҳои Русия низ содир кунанд. Кишвари худро Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ном гузоштанд ва дар чил соли ҳукумати даҳшату ваҳшати болшевикон (1917-1957) се насли мардуми Шуравӣ шоҳиди қатлу куштори бераҳмонаи миллионҳо мардумони огоҳу бедордил гаштанд. Расму ойину забону фарҳанги мардумони дигарро таҳқир карданд, мардумони бешуморро ба даштҳои Сибир ронданду; ба як калом, мардуми тамоми Шуравӣ дар ин солҳо азоби алим кашиданд ва гузашт ончӣ гузашт.
Ин ҳам ҳадиси фишурдае аз Инқилоб, Инқилоби Русия ва гарду ғубори наҳсаш, ки то дуртарин гӯшаҳои сарзамини мо ҳам расид...
Бухорои соли 1920-ро ба оташи тупхона бастану аз ҳавопаймоҳо бомбор кардани болшивикон чӣ буд – инқилоб?
Бале, суоли калидӣ ҳамин аст: оё он чӣ поизи соли 1920 дар Бухоро рух дод, мешавад инқилоб номид? Ҳеч гоҳ! Зеро, ҳарчанд он замон Бухоро як кишвари ақабуфтода буд ва ҳокимоне ситампешаву фосид дошт, вале мардуми он ба инқилоб омода набуданд. Равшанфикрони Бухоро толиби ислоҳот ва он ҳам асосан толиби ислоҳоти мактабу маориф буданду касе на аз инқилоб ҳарф мезаду на муқобили амир чизе менавишт. Баъзеҳо шояд пурсанд, ки пас чиро устод Айнӣ китобе бо номи “Таърихи инқилоби Бухоро” навишт? Ҳар касе китоби мазкурро хонда, медонад, ки Айнӣ таърихи инқилоби фикрии равшанфикрони Бухороро навишт ва ниёзи ҷомеаро ба як инқилоби фарҳангӣ нишон дод. Ӯ дар бораи рафти ҳодисаҳои соли 1920 чизе нагуфт, зеро Айнӣ як шахси ватандӯсту баномус буд ва ҳеч гоҳ он чизеро ки дар моҳи сентябри соли 1920 дар Бухоро гузашт, намеписандид. Оре, Айнӣ аз ситаму бедоди амирони ҷафопешаи манғит безор буду қабл аз ин ҳодиса ба амиру кохи ӯ ишора карда, чунин суруда буд:
Ё Раб(б), он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Ё Раб, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Ё Раб, он тахт, ки шуд боиси сарсахтии мо!
Реза - реза шуда бо хоки сиёҳ яксон бод!
Ё Раб он тоҷ, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,
Пора - пора шуда дар зери замин пинҳон бод!
Ё Раб он зумра,ки имрӯз ҳукумат дорад,
Даст баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!
Ё Раб он муфтию он қозию (суд) он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
Бухоро дар остонаи таҳаввули азим
Ҳукумати Шуравӣ соли 1920 марҳилаи душвортарини худро паси сар мекард ва дар дохили Русия ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Аз шарқу ғарб ин давлат мавриди ҳуҷум қарор мегирифт ва як дӯст ҳам надошт. Зеро сиёсатҳои тавсеталабонаи ӯ ва андешаи “судури инқилоб ба саросари ҷаҳон” ҳамаро нигарон сохта буд. Аз ҷумла, ҳаракати муқовамат ё ба истилоҳи болшевикон “босмачигарӣ” тамоми Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд. Моҳи феврал хонии Хива тавассути артиши сурх сарнагун гардид ва Бухоро чун устухоне дар гулӯи Ҳукумати Шуравӣ боқӣ монд.
Амир Олимхон муддате пас аз инқилоби февралии соли 1917 дарк кард, ки каме вазъи ӯ беҳтар шуда ва ҳоло ки русҳо даргири масоили дохилие чун ҷанг бо Олмону Усмониянд ва гирифториҳои инқилоб маҷоли дахолат ба умури Бухороро намедод, бояд каме қомат рост кунаду артише фароҳам оварад.
Норозиён аз вазъи онрӯзаи Бухоро ё мухолифон (Мунзим, Фитрат, Ҳамдӣ, Файзулло Хоҷаев, Усмонхоҷа Пулодхоҷаев) пас аз пирӯзии инқилоби февралӣ дар Русия 15 марти соли 1917 ба Ҳукумати муваққатӣ нома навишта, талаб карданд, ки ҳукумати муваққатӣ ба амири Бухоро бигӯяд, ки шеваи давлатдории худро дигар кунад. Онҳо гаштаву баргашта таъкид мекарданд, ки агар чунин иттифоқ уфтад, мо “ифтихор менамоем, ки таҳти пуштибониву ҳимояти Русияи аъзаму муқтадир қарор дорем”. Яъне ҳатто мухолифони расмӣ низ дар фикри барандозии режими мавҷуда набуданд. Ҷавонбухориён барномае ҳам доштанд, ки онро Фитрат тартиб дода, аз амири Бухоро дархост мешуд, ки ислоҳот гузаронад ва масъалаи замину об, роҳ, низоми мактабу маориф, додгустариву қазо, корҳои дохилӣ ва хориҷиро ба низом дароварад.
Вақте баҳори соли 1917 фармони Амир Олимхон дар бораи ислоҳоти саросарӣ дар кишвар содир шуд, равшанфикрони Бухоро (ҳамон ҷавонбухориён) як роҳпаймоии шукрона баргузор карданд, ки қазияаш хеле машҳур аст. Дар Бухоро андешаи ислоҳот ва бозсозии сохтори ҳукумат мавҷ мезад, ки сарчашмааш аз ақоиди барҷастаи адибу аълами фарзонаи мо – Аҳмад Махдуми Дониш аз асри XIX ба таровиш омада буд. Ё худ ҷомеъа орзуи кишвари Бухорои пешрафтаву мутамаддинеро дар асри тамаддунзои ХХ дошт. Аз ин рӯ ин сарнагунии фоҷеомезу тасаввурношудании Бухоро аз тадбирҳои истеъмории парчамдорони коммунизму дигар шиорҳои дурӯғинашон буд. Судури ин инқилоби хунин на ба суди тоҷикону ӯзбекону туркманҳо буд, ки сокинони ин давлат буданд.
Кӯшиши нахустини бо роҳи зӯрӣ тағйир додани вазъи Бухоро юриши раиси шӯрои нозирони халқ дар Ҳукумати Шӯроҳои Туркистон Федор Колесов буд. Колесов пас аз саркӯбии бераҳмонаи мухторияти Хӯқанд (феврали соли 1918), моҳи марти соли 1918 ба Бухоро ҳуҷум овард, вале шикасти сахт хӯрда ақабнишинӣ кард. Дар фарохонии ӯ ба Бухоро фарзанди яке аз сарватмандони Бухоро Файзулло Хоҷаев нақши муҳим дошт. Дар таърихнигорӣ ин ҳодисаро ҳамчун моҷаро (авантюра) ном мебаранд. Дар натиҷа ҳазорон нафарро амири хуношому қудратхоҳи Бухоро ба қатл расонд. Ба қавли устод Айнӣ амир “аз хашму ғазаби заифонаи худ ҳазорон одами комилан бугуноҳро ҳам қир кард”. Яъне Ҳукумати Шуравӣ дар зоти худ як режими мудохилагар ба умури кишварҳои дигар буда, ҳарчӣ бар сари ӯ меомад, бештар ҷавоби аъмоли нописанди он давлати таҷовузкор мебошад.
Тарроҳии “инқилоб” дар хориҷ аз марзҳои Бухоро
Тобистони соли 1918 Файзулло Хоҷаев сафари Маскав карда, дар бораи вазъ дар Бухоро гузориш медиҳад. Ӯ аз “вазъи тоқатфарсои мардум, истисмори аҳолӣ, зарурати мубориза барои озодии Бухоро, умед набастан ба давлатҳои Усмонӣ ва Британия ва танҳо бо инқилоби сотсиалистии Русия пайванд ёфтан” сухан мегуфт.
Ин сафари Файзулло Хоҷаев аз сафарҳои дигари ӯ фарқ мекард, зеро чанд имтиёз дошт, ки яке иҷозати ҳамли силоҳ буд. Инчунин дар ин сафар назди ӯ вазифа гузошта мешавад, ки иморати Бухороро бояд сарнагун кунад. Бо ин мақсад ӯ кумитаи ҷавонбухориёнро таъсис медиҳад ва барои омодагӣ ба корҳои зидди амир Ҳукумати Русия ба ӯ моҳи ноябри соли 1918 155 ҳазор рубл медиҳад. Яке аз корҳое, ки бояд бо ин маблағ анҷом медоданд, нашри китобу варақаву брошура бо ду “забони фаҳмо барои мардум – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ” буд. Файзулло Хоҷаев соли 1919 ба Свердлов – яке аз олимақомони Шуравӣ, нома навишта, дубора дархости молӣ мекунад.
Бо машварати Маскав ва таҳрики коммунистони Туркистон иддае аз ҷавонбухориён августи соли 1920 анҷумани муштараки ҳизби коммунистии Бухоро ва ҷавонбухориёнро таъсис дода, масъалаи дигаргун кардани сохти ҷамъиятии иморати Бухороро матраҳ карданд; ин тарҳ аз онон набуд, тарҳи бегонагони мутаҷовиз буд, ки бояд ба дасти ин гумоштагон амалӣ мешуд.
Яке аз нақсҳои ин “инқилоб” он буд, ки гурӯҳе аз ҳукумати амир норозӣ онро тарроҳӣ карданд, ки дар раъси он Файзулло Хоҷаеви бухорӣ ва ёрону ҳаммаслакони ӯ қарор доштанд. Онҳо коммунистони Маскавро бовар мекунонданд, ки мардуми Бухоро ба инқилоб омода шудааст. Қиёс бикунем ин гурӯҳро дар сатҳи иҷтимоии як давлат. Чанд дарсади аҳолии иморати Бухоро ҷонибдори ин ҳизб ва тарафдорони таҷовузи болшевизм ба хоки мо буданд? Оё метавонем, масалан, ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ё ҳизби демократи Тоҷикистонро, ки акнун аз 5% бештар ҷонибдор надоранд, иҷозат диҳем, ки аз номи мардуми мо гап зананд ё бо Чин, Русия, Ҳинд ё ИМА якҷо шуда, нақшаи сарнагунии ҳукуматро матраҳ кунанд ва бо дасти як бегона бар ҷону номуси мардум мусаллат шаванд? Ҳатто нафароне аз ҷониби мутаҷовизини рус, ки дар Бухоро саранҷом табаддулоти давлатӣ роҳ андохтанду ҳукумати амириро сарнагун сохтанд (мисли Куйбишев), медонистанду дертар эътироф карданд, ки мардуми Бухоро ба инқилоб омода нестанд.
Раҳбари низомии амалиёт Фрунзе 15 рӯз қабл аз юриш ба Бухоро дар рӯзномаи Тошканд мақолае бо номи “Русия ва Бухоро” навишта возеҳу равшан гуфт, ки “чӣ зарурат аст мо бо ин ҳукумати ситамгар музокираву мулоқот кунем? Оё беҳтар нест онро мисли ҳукумати император Николай сарнагун кунем?”. Аммо дар дохили ҳукумати Бухоро, на вазири кордону бобасирате буд на қозии мардумдӯстдору на сипаҳсолори қудратманд. Аз ин рӯ, сиёсатмадорони бебунёд даст рӯйи даст гузошта мунтазир нишастанд, то душмани ғаддору қасамхӯрда ба хокашон юриш барад.
Вақте рӯзи 29-уми августи соли 1920 артиши сурх ба Бухоро ҳамла кард, зуд фаҳмид, ки аз инқилоби мардумӣ ва худҷуш хабаре нест. Мардум дар фикри кору зиндагии худ буданд. Раҳбари ин амалиёт Фрунзе низ баъдан эътироф кард, ки ба муқовимати сахт дучор омада, ночор ақиб нишаст. Файзулло Хоҷаев, ки ба Фрунзе ва дигар роҳбарони болшевик гуфта буд, Бухоро дар интизори инқилоб аст, низ дар хотироташ эътироф мекунад, ки вақте аскарони сурх ба Бухоро ворид шуданд, мардуми шаҳр аз кӯчаву бомҳо бар сарашон оби ҷӯш мерехтанд. Яъне аз ҳар ваҷаб хоки он, аз ҳар хонаву кӯшку масҷиду қасри он ҷоннисорона муҳофизат мекарданд.
Вақте се рӯзи набард натиҷа надод, артиши сурх аз 11 ҳавопаймо (аэроплон) кор гирифта, шаҳри ҳазорсоларо бомборон кард. Халабоне ки Бухороро бомборон карда буд, ин “корномаии” хешро сутуду аз даҳшатафкании бемисл ёдовар шуд. Халабон дар як ёддоште, ки соли 1935 зери назари Максим Горкий нашр шуда, эътироф кардааст, ки “чунин урдуи ҳавоие ба кор андохта шуд, ки мислаш дар ҷабҳаи Туркистон ҳаргиз набудааст”. Се рӯз бомбаҳои 64 килограмӣ ба фарози масҷиду манораи Бухоро фурӯ мерехт. Халабон Фоусен навиштааст: “Мо Бухороро бомборон мекардем. Мо иморати қадимаро харобазор менамудем. Махсусан вақте бомбаи партофтаамон рост ба “Манораи марг” мерасид, шодию тантана мекардем, ҳарчанд барои мо ин ҳадафзаниҳо моҳиятан фоидае надошт”. Дар идома менависад, ки “бомбаро нигоҳ медорам ва мебинам ки дар поён масҷид намудор аст. Рост ба гунбади масҷид задам”. Қисме аз мардуми Бухоро аз шунидани садои ҳавопаймоҳо маҳз ба масҷидҳо паноҳ оварда буданд ва то он дам на ҳавопаймо дида буданд на аз бомборон хабаре доштанд. Халабони дигар Алексей Ласкин гуфта, ки танҳо ӯ 26 пуд (416 кило) бомбро рӯйи шаҳриёни Бухоро партоб кардааст. Дигар иштироккунадаи тасарруфи Бухоро В. Клементев аз таркондану мингузориҳои дарвозаҳои шаҳр гузориш дода, навиштааст, ки танҳо зери дарвозаи Қаршии Бухоро “52 пуд (832 кило) маводи таркананда гузоштем”.
Дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаву гузарҳои шаҳр ҷанги тан ба тан ҳам рух дод ва баъзе сарбозону мардуми одӣ то пойи ҷон ҷангиданд. Фрунзе дастур дод, куштори бераҳмона роҳ андозанд. Ниҳоят пас аз куштори фаҷеонаи шаҳриён 2 сентябр парчами сурхи болшевизм бар фарози Бухоро барофрошта шуд. Ҷалол Икромии Бухороӣ менависад, ки “ёд дорам, мо дар деҳае дуртар аз шаҳр мезистем ва медидем, ки чӣ тур Бухоро ба коми оташ меравад”. Садри Зиё ин ҳодисаро ба ёд оварда, навишта буд, ки “балвову бало аз ин зиёд намешавад”. Мардуме, ки имкон ёфтанд ҳама чизро гузошта шаҳрро тарк мекарданд. Шаҳриёне, ки дар ҳавлиҳои худ боқӣ монданд, мавриди таадӣ ва таҷовузу қатл қарор гирифтанд. Пас аз шаҳри Бухоро навбат ба деҳаҳо расид ва берасмиву ҷафо ба ҳадди ниҳоӣ расид. Худи болшевикҳо дар хотиратошон менависанд, ки “хабари таҷовузу куштори мардум ҳар замон ба гӯши мо мерасид”. Фотеҳи шаҳри Бухоро Михаил Фрунзе дар гузоришаш ба Маскав навишт, ки “қалъаи Бухорои Кӯҳна... бо ҷидду ҷаҳди муштараки қисмҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо ба даст оварда шуд”.
Рӯзи 5 уми сентябр Файзулло Хоҷаев бар рӯйи ҷасади ҳамшаҳриёни худ қадам ниҳода, артишиёни русро дар як маҷлиси ботантана сарфароз гардонд. Бухоро пас аз чор рӯзи ҷангу бомборонкунии пайдарпай суқут кард. Дар эъломияе, ки комитети болшевикон ба мардуми Бухоро тартиб дода буд, гуфта мешуд, ки “бародарон, ҳамаи ҷонибдорони сохти куҳнаро нобуд созед!”.
Лашкари 20-ҳазораи болшивизм дар Бухорои ғарқадархун
6-уми сентябр артиши пирӯзи сурх дар шаҳри Бухоро реҷаи низомӣ рафта, пирӯзии худро эълон кард. 11 сентябр ҳизби ҷавонбухориён мунҳал эълон гашта, ба ҳизби коммунист якӣ гашт. Яъне гуфтанд мо дигар ҷавонбухорӣ надорем ва ҳама коммунистем.
Ҳукуматдорони нави Бухоро, ки бо ишораи Маскав кор мекарданд, натавонистанд аз миёни мардум лашкар ҷамъоварӣ кунанд. Зеро мардум фаҳмиданд, ки инҳо лухтаке беш нестанд. Артиши сурх дигар Бухороро тахлия накард. Сентябри соли 1920 дар Бухоро 20 ҳазор аскари сурх ҳузур дошт! Вазъи мардуми Бухоро пас аз сарнагунии амир хеле бад буд. Як рӯзномаи Калкуттаи Ҳиндустон аз қавли муҳоҷироне, ки даҳшати аскарони сурхро ба чашми сар дида буданд, дар шумораи 2 февралии соли 1921 навишта буд, ки мардум аз дасти “қатлу ғорати аскарон, тааддӣ, таҷовуз, ба саисхона табдил додани масоҷид, беэҳтиромӣ ба Қуръону кутуби динӣ, қатли бе ҳабсу бе муҳокима, гирифтани чодар аз рӯйи занон” ба дод омадаанд.
4 марти соли 1921 миёни Ҷумҳурии Шӯравии Русия ва Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро муоҳада дар бораи иттиҳод ба имзо расид. Аммо вазъи Бухоро чунон ваҳшатнок буд, ки вақте Файзулло Хоҷаев дархост кард, ки сарбозони рус Бухороро тарк кунанд, касе ба сухани вай эътино накард. Тобистони соли 1922 сӯйиқасд ба ҷони Файзулло Хоҷаев ташкил шуд, ки ба мақсад нарасид. Анаварпошшо ва Иброҳимбек дар Бухорои Шарқӣ низ ҳар замон талаб мекарданд, ки артиши рус аз Бухоро бароварда шавад.
Дар чор соли ҳузури артиши сурху низоми инқилобӣ вазъ то он андоза бад буд, ки моҳи январи соли 1924 анҷумани IV-уми ҳизби коммунистии Бухоро аз аскарон даъват кард, ки “бо аҳолӣ рафтори густохона накунанд, дину ойини мардумро эҳтиром кунанд”.
Вогузории тахту ҳукумат ва гурезогурези нангини аълоҳазрат, Олимхони амир
Ӯ ҳокими Иморати Бухоро буд, Бухорое ки ҳудуди як ҳазор сол маркази тамаддуну таърихи тоҷикон ва пойтахти ин миллат буд. Аммо Олимхон ҳамроҳ бо хонавода ва наздиктарин мушовиронаш Бухороро тарк карда, пой ба фирор гузошт. Мардуме, ки 170 сол боз зери ҳукумати ситамгаронаи хонадони хабиси манғит рӯзгор карона мекарданд, дар шаҳру музофоте, ки амир аз он мегузашт, ҷамъ меомаданду худро ба пойи ӯ андохта мегуфтанд, ки “морову ин кишварро ба кӣ мегузорӣ”. Ба қавли ин амири фирорӣ баъзе ҳатто “дар ин ғаму андӯҳ ... ҷон ба ҳаққ таслим менамуданд”. Ҳангоми фирор баъзе аз бастагону ақрабои ӯ, аз ҷумла занҳояш ба дасти болшевикон уфтод ва болшевикони гурусна низ ин неъматҳои бодовардро ғанимат шумурда, табаррукан ҳамнишини худ сохтанд. Чанде аз ҳамрикобони Олимхон ва шарикони ситамкории ӯ, аз ҷумла, Усмони қушбегӣ (сарвазир), Бурҳониддини қозӣ ва Абдурауфи корвонбошӣ ба дасти артишиёни сурх асир уфтода, ба қатл маҳкум шуданд. Ин тоифа, ки чанд сабоҳе бар ҷону номуси мардум мусаллат гаштанд, анвои мусибату балоро бар сари ҳаммиллатони хеш оварданд, чун диданд, ки ҳукуматашон ба поён мерасад, мардумро ба ҳоли хеш гузоштанду ҷони бемиқдори хешро наҷот доданд. Коре, ки ҳамаи ситамгарони беномус кардаанду мекунанд!
Бухорои пас аз амир: душманӣ бо мероси тоҷикон
14 сентябри соли 1920 намояндаи Русия дар Бухоро Валериан Куйбишев ба Бухоро расид. Ҳамон замон салоҳиятҳои Файзулло Хоҷаев маҳдуд ва ӯ танҳо раиси Шӯрои нозирони халқии Бухоро ва аъзои комитети инқилобӣ шуд. Тасмимгирандагони асосӣ Фрунзе ва Куйбишев буданд. Дигар раҳбари болшевикон Серго Орҷоникидзе дар ҷаласаи комунистони Бухоро ба ин воқеият ишора карда гуфт, ки “зарурате нест, ҳатман як бухорӣ раҳбари ин кишвар бошад, агар як рус ё гурҷӣ ё тотор ҳам бошад, метавонад раҳбари Бухоро шавад, чун мо интернатсионалистем”. Файзулло Хоҷаев об дар даҳон гирифта, хомӯш менишаст. Аммо ҳукумати нави бегонагон заминаҳои ноамниву ихтилофро низ фароҳам меовард. Дертар дар қаламрави иморати Бухоро зиддияти туркманҳову ӯзбекҳо сар мешавад, ки ҳидоятёфта буду идорашаванда. Бухоро то ин дам ба ҳайати Русияи Шуравӣ шомил намешуд.
6 октябри соли 1920 дар аҷнумани якуми Шӯроҳо, ки дар қароргоҳи амири Бухоро – “Ситораи моҳи хосса” баргузор шуд, дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қарор қабул гардид, ки банди асосии он “дӯстии абадӣ бо Русияи сотсиалистӣ – озодкунандаи Бухоро” ба шумор мерафт. Давлати Бухоро ҳамчун давлати мардуми заҳматкаш номида шуд.
Моҳи январи соли 1923 КМ ҳизби болшевикони Русия пешниҳод кард, ки Туркистону Хоразму Бухоро дар як иттиҳоди иқтисодӣ ба ҳам оянд, вале Файзулло Хоҷаев мухолифи ин иттиҳод буду Бухороро худкифо медонист. Аммо ӯ моҳи майи соли 1923 зери фишори коммунистон маҷбур шуд дар ҷаласаи ҳизби болшевикон дар Маскав хостори воридшавии Бухоро ба Иттиҳоди Шуравӣ гардад.
Раҳбару раҳнамои табаддулоти сентябри соли 1920 Файзулло Хоҷаев ба ҳокимони атеисти Маскав бо сароҳат эълон дошт, ки “агар хоҳем дар қалби Осиёи Марказӣ – дар Бухоро давлате бо мароми худ бунёд кунем, боястӣ аз фарҳанги исломӣ-эронӣ, ки посдорандаи он тоҷиконанд бипарҳезем”. Пайдост аз ин миён чӣ хоҳад бархост! Файзулло Хоҷаев ҳамакора шуд, ҳамон нафаре ки тоҷикро ҳамчун қавм намешинохт ва мегуфт инҳо турконанд, ки забонашон форсӣ шуда. Аз ин рӯ, дар парчами ҷумҳурии Бухоро бо ҳуруфи арабӣ, вале бо забони туркӣ навиштанд: “Бухоро халқ Шуролар Ҷумҳуриятӣ”. Чун амиру даргоҳи он бо забони форсӣ такаллум мекарданду асноду мактуботи давлатиро бо форсӣ менавиштанд, ин баҳонаи хубе буд барои зудудани мероси маънавии мардумони таҳҷоии Бухоро.
Сардори эъзомия (экспедитсия)-и Ҳисор (поизи 1920 – баҳори соли 1921), ки амири фирориро дар Бухорои Шарқӣ дунбол мекард навишта буд, ки “мо аз Бухоро то марзи Афғонистон таҳо харобиву бадбахтӣ ба мерос гузоштем. Бетартибиву бенизомӣ ва ҷафою ситам ба мардуми маҳаллӣ дар сафи артиши сурх хеле зиёд аст... Мардум чорае пайдо накарда, ночор ба Афғонистон фирор мекунад”.
Ҳарчанд амири беурзаву тарсу фирор кард, вале мардуми беҳимояту ба сарнавишти худ вогузошта ба маъмурони амирӣ бовар доштанд ва интизор буданд, ки ӯ бармегардаду тартиботро барқарор мекунад. Зеро ҳукумати нави Бухороро ҳукумати аҷнабӣ ва муқобили дину ойини худ медонист.
Террори сурх пеш аз ҳама сари инқилобиюни худиро хурд; кишвари Бухоро пора ва тоҷик дар ин сарзамин бечора шуд!
Тамоми раҳбарони нави Бухоро, ки дар бораи бераҳмии аскари сурх ва поймол шудани ҳуқуқи мардум, беэҳтиромӣ ба номуси занону духтарони шаҳри Бухорову дигар минтақаҳо лаб кушоданду онро маҳкум карданд, ба сарнавишти фоҷеабор гирифтор шуданд: Ҳамдӣ ба санаде, ки оғози воридшавии артиши сурх ба Бухоро буд, имзо накард ва соли 1934 аз тарафи Ҳукумати Шуравӣ қатл гардид. Абдуқодир Муҳиддинов, ки раиси кумитаи инқилобии Бухоро буд, августи соли 1921 аз фаъъолияти давлатӣ дур карда шуд ва дертар кушта шуд; Усмонхоҷа Пулодхоҷа, аввалин раиси иҷроии Ҷумҳурии Бухоро, ба тарафи Анварпошшо гузашт; Қулмуҳаммадови туркман, ки ҳукумати амирро дар Чорҷӯй сарнагун карда буд, соли 1922 нахост алайҳи босмачиён, ки даъвояшонро саҳеҳ медонист, биҷангад ва ба Афғонистон фирор кард; А. Орифов узви кумитаи инқилобии Бухоро ва нозири ҳарбӣ ба ҷониби Анварпошшо гузашт; И. Агдаров яке аз муассисони ҳизби коммунисти Бухоро пинҳон шуда, аз корҳои сиёсӣ канора рафт; А. Хоҷаев, ки вакили Шӯрои нозирон дар Бухорои Шарқӣ буд, талаб кард ки артиши сурх аз Бухоро бароварда шавад, соли 1923 аз корҳои давлатӣ дур карда шуд. Фитрат низ, ки аз идеологони ҷавонбухориён буд, соли 1923 аз корҳои давлатдорӣ барканор гардид ва дертар ба катл расонида шуд.
Давлати нави Бухоро, ки ба номи халқи Бухоро, вале ба коми бегонагон мегашт, 1420 рӯз умр дид. 27 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Бухоро байни Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон тақсим гашт, ки ин достони ҳузнангези дигар аст.
Аз он чӣ гуфта омад, метавон ба натиҷаҳои зерин расид:
1. Инқилобе бо номи инқилоби Бухоро вуҷуд надоштааст, он таҷовузи тамомиёри артиши сурхи болшевикӣ ба ҳарими давлативу фарҳангии тоҷикону дигар халқҳои ҳамсояи он буд.
2. Табаддулоти поизи соли 1920 истиқлоли нисбии Бухороро ҳам комилан зеру забар карда, ҳукумати ҳазорсолаи ин мадинаи фозиларо барҳам зад.
3. То сентябри соли 1920 забони расмии Иморати Бухоро форсӣ буд (анъанаи ҳазорсолаҳои Бухорои Шариф), аммо бар асоси Конститутсияи соли 1920-и мутаҷовизин, забони расмӣ дар Бухоро ӯзбекӣ таъйин шуд; он ҳангом дар Бухоро то 400 мадраса фаъъол буд ва тадрису маҷолиси вазъ дар он мадорису умуман макотиби он ҷо то инқилоб бо забони форсӣ баргузор мешуд, ин инқилоб забони мактабу донишгоҳу дигар ниҳодҳоро туркӣ кард.
4. Муҳимтарин дастоварди инқилоб барчидани бисоти ҳукумати хонадони Манғит буд, ки дар замони ҳукумати он қомати миллат хам гаштаву илму тараққӣ аз сарзамини мо рахт барбаст.
5. Амири Бухоро Олимхон, бо ин ки як фармонравои ситамгару фосид ва ишратпарасту бекора буд, вақте хотироти худро менависад, таъкид мекунад, ки мардуми Бухоро аз нажоди ориёӣ ҳастанд, аммо раиси Ҷумҳурии тозатаъсиси Бухоро, парвардаву баркашидаи коммунистон, раҳбари ҷумҳурии Бухорои Шуравӣ Файзулло Хоҷаев мегуфт, бухороиён турканду ин шаҳр шаҳри туркон аст. Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!
6. Суқути Бухоро оғози мухолифатҳои ду қавми Осиёи Миёна тоҷикону ӯзбекон гардид. Ду қавме, ки дар 500 соли охир канори ҳам зиста, ахиран дар давлатҳои Бухорову Хуқанд низ якҷо фаъолият мекарданд ва бар асоси умумияти динӣ якдигарро бародар мехонданд. То фитнаи инқилоб мо низоъе бо номи низоъи қавмӣ дар ин минтақа надоштем, ки бо пойи наҳси истеъмори сурх ҳузур пайдо кард.
7. Инқилоб ба ҳукумати маънавӣ ва руҳонии тоҷикон дар Вароруд хотима дод ва мо онро фоҷеаи тоҷикони Варорӯд меномем. Бухорое, ки садсолаҳо бо забони форсӣ барои кулли Осиёи Миёна, Хуросон, қаламрави Усмонӣ, минтақаи мусулмоннишини Русия ва ҳатто Ҳинд фатво содир мекард, ба як шаҳри беруҳу бенаво ва мурда табдил гардид. Далели ин идиои мо ин аст, ки шаҳре ки Исмоилҳову, Буалиҳову Донишҳо ба ҷаҳон эҳдо кард, суқут карду сад соли охир дар хомушии комил ба сар мебарад. Шаҳре, ки ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ “маъдани дониш” ва муҳимтарин шаҳри Осиёи Миёна буд, дар сад соли охир як шаҳри дараҷаи се дар як ҷумҳурӣ гашт!
8. Бидуни истисно тамоми ҷавонбухориёну ҷадидону мухлисони ислоҳоти маориф дар Бухоро зуд пай бурданд, ки ин “инқилоб” на он чизе буд, ки онҳо мехостанд ва он ҳамон тавре ки аз берун ва ба дасти бегонаҳо тарроҳӣ шуд, самарааш ҳам ба коми бегонагон буд. Ин “инқилоб” мардумро ба муште манқурту асолатбохта мубаддал кард, ки даҳсолаҳо номи қотили худ – Фрунзеро ҳамчун наҷотгару раҳоибахш мепиндоштанд, ҳамон тавре ки рӯзе расидани Қутайбаи вайронгару Чингизи бедодгарро неъмат медонистанд.
9. Ягон тасмим пас аз суқути Бухоро ва таъсиси ҷумҳурии Бухоро ва минбаъд тақсимоти миллию марзии соли 1924 бе машварату салоҳдиди Маскав сурат намегирифт. Даъвои ин ки “дар марказ аз корҳои пантуркистон ва сиёсатҳои тоҷиккушӣ бехабар буданд”, асос надошта, тамоми тасмимҳо бо мувофиқату ишораи мустақими он сурат мегирифт. Агар тарғиби ойини масеҳии ортодокс (православ) ва мубориза бо ислом бахше аз барномаҳои Ҳукумати императории Русия бошад, Ҳукумати динситези Шуравӣ бо ҳамаи ойинҳо душмании ошкор дошт. Аз ин рӯ, ин Ҳукумат намехост дар Осиёи Марказӣ ба халқи тоҷик, ки посдорандаву мураввиҷи фарҳанги ҳазорсолаи эронию исломӣ буд, такя кунад. Тамому вассалом.
Ҳамин тавр, соли 1920 бо суқути Бухоро ба ҳукумати маънавии тоҷикон дар Осиёи Миёна хотима дода шуд ва ин сана барои ҳамеша дар сарнавишти тоҷикон ҳамчун рӯзи сиёҳи шикасту навмедӣ сабт гардид.
Натиҷагирӣ аз “инқилоби сурх” дар Бухоро
1. Ҳеч гоҳ дар сарнавишти мардуму кишвари худ набояд бегонаеро кафил кард; бегона дар фикри худ аст – агар пулу роҳ созад, барои сарваткашӣ, агар сарою кушк созад – барои сарватанбонӣ. Бегона агар бародар мешуд, имрӯз як кишвар ба дасти кишваре ҳамрешаву ҳамойин оташ намегирифту анбори хок намешуд ва он рӯз Бухорои мо ҳам аз сафҳаи таърих пок намешуд.
2. Инқилоб дар маҷмуъ ҳодисаи бад аст, зеро хушку тарро якҷо месӯзонад, кишварро барои даҳсолаҳо ба ақаб бармегардонад, муште навдавлату тозабадварон расидаро қудрат мебахшад. Банда таърихи чор инқилобро мурур кардаам. Инқилоби Фаронса, инқилоби Русия, инқилоби Чин, инқилоби Эрон. Гузашта аз садҳо ҳазор қатлу кушторҳо “ба номи халқ” ва фирори миллионҳо нухбаву зубдаи айём, мардумони ин сарзамин даҳсолаҳои дигар ба худ намеоянд. Ҷудо кардани мардумони як хонавода ба худиву бегона фоҷеаи ошкори миллӣ аст ва паёмади ногувор дар сарнавишти мардум хоҳад дошт.
3. Ҳеч ҳукумате дар дунё аз эҳтимоли сар задани инқилоб бима нашудааст ва дар кӯтоҳмуддат як эътирози сатҳӣ метавонад ба инқилоб мунҷар шавад. Аз ин рӯ боястӣ ислоҳоти барномарезишудаву санҷида ва бо назардошти манофеи миллӣ ҳамеша дар дастури кори ҳукуматҳо бошад. Ислоҳот ҳамеша беҳтар аз инқилоб аст; инқилоб яъне хушунат, куштору фирор ва ҷилои ватан кардани миллионҳо мардум. Агар дар ҳар сӣ сол дар як ҷомеа, ки насл нав мешавад, ислоҳоте ҷиддӣ сурат нагирад, ҷомеа обистани инқилоб мегардад. Пас ислоҳот беҳтар аст аз инқилоб! Ба таъбири дигар, ИСЛОҲОТ - яъне Айнӣ, ИНҚИЛОБ - яъне Файзулло Хоҷаев. Ҳарду аз як шаҳранду як табор. Аммо ин куҷову он куҷо!
4. Агар муҳимтарин сабақи таърих дарсу ибрат гирифтан аз гузашта бошад, бар сари ҳар ҳодиса ва паёмади он бояд соатҳову рӯзҳо андеша кард. Ҳар амале дар ин дунё бозхосту кайфар дорад. Аз 170 сол ҳукумати манғит танҳо фирору шикасти бешарафонаи Олимхон дар лавҳи хотири мардумон нақш баста. Олимхону ниёгони ситамгари ӯ дар авҷи қудрат фирефтаи чанд чоплус гашта, танҳо хушомаду лаббайкро писандиданд ва дари ҳар гуна интиқоду эътирозро ба рӯйи худ бастанд. Аз раият танҳо итоати оҷизона хостанду молиёти золимона ситонданд. Рӯзи корзор ҳам ҳамин мардуми аз ҷаври молиёти фаровон қоматашон хамида, бо дасти холӣ муқобили артиши хунхори сурх чанд соате мубориза карданду кор ба ҷое набурданд. Олимхону хонаводааш фирор карданд, вале ҳазорон қозиву муфтии ситампеша ва мударрису толибилми Бухоро дар оташи ҷаҳолати болшевизм сӯхтанд. Бухоро ва тамаддуни ҳазорсолаи тоҷик дар Вароруд аз қадами “инқилоб” барбод рафт. Бандаи дирӯза ҳоким не, балки бандаю бозичаи дасти аҷнабии истеъморгар гашт; ҳичро ҳар чиз накард, балки ҳар чизро ҳич кард! Дур аз мову мулки мо бод шуълаҳои ҷаҳаннамии чунин инқилоб!
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Искусство, которое передаёт больше, чем слова. Тайны китайской каллиграфии
Когда и где пройдет Tarona Music Award-2024?
Рабочие группы Таджикистана и Кыргызстана подписали протокол о завершении делимитации общей границы
Отрастил бороду, вел политические беседы. Почему десятки афганцев были выдворены из Таджикистана?
Путин допустил размещение комплекса «Орешник» в Беларуси
Борец сборной Таджикистана Кудиев выиграл серебро в иранской лиге
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Падение рубля и причем тут мигранты, критика таджикских судей и завершенный вопрос границы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста