Вазорати корҳои хориҷии Русия пешниҳод кардааст, ки русиягиҳое, ки шаҳрвандии боз як кишвари дигарро доранд, бояд дар давоми 60 рӯз дар ин бора намояндагиҳои дипломатии Русияро огоҳ кунанд. Оё ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, дахл дорад?
Аз моҳи октябри соли ҷорӣ тартиби нави огоҳӣ дар бораи душаҳрвандӣ мавриди амал қарор мегирад.
Тибқи қонун, шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ва ҳамзамон шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, вазифадоранд, ки дар ин бора ба давлат хабар диҳанд. Акнун ин тартиб тезтар ва осонтар мешавад.
Аммо оё ин барои тоҷикистониёне, ки душаҳрвандӣ доранд, лозим аст?
Ин чӣ қонун аст?
Соли 2014 др Русия шакли навшудаи қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии ФР” мавриди амал қарор гирифта, мутобиқи он шахсони дорои душаҳрвандӣ уҳдадор шуданд, ки дар бораи шаҳрвандии дигар кишварҳоро доштанашон хабар диҳанд. Ба ҷуз шаҳрвандӣ, хабар додан дар бораи дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар ҳуқуқ медиҳанд, масалан Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) низ лозим шуд.
Риоя накардани қонун чӣ пайомадҳое дошта метавонад?
Агар шумо огоҳинома дар бораи доштани шаҳрвандии дигар кишвар ё Ҳуҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-ро саривақт ирсол накунед, дар ин ҳолат ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ва агар шумо онро тамоман нафиристед, пас ба шумо аллакай ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад: то 400 соат корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл ё баробар ба маоши шумо дар як сол.
Ин қонун кайҳост, ки қабул шуда буд. Чаро боз ҳама дар бораи он мегӯянд?
Аввал, моҳи октябри соли ҷорӣ тағйироту иловаҳо ба қонун эътибор пайдо мекунанд. Онҳо ба соддакунии расмиёти огоҳ кардан дар бораи шаҳрвандӣ ё ВНЖ равона шудаанд, акнун чунин огоҳиномаро натанҳо аз қаламрави Русия, балки аз сафоратхонаҳои дигар кишварҳо ҳам фиристодан мумкин аст.
Сониян, баъзе сарчашмаҳо бар ин назаранд, ки ин модда метавонад бо мақсадҳои сиёсӣ истифода шавад.
Масалан, мутобиқи он алайҳи Леонид Гозман ва муҳаррири”Медиазона” Петр Верзилов парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуданд.
Азбаски қонун навсозиву такмил дода мешавад, метавон тахмин кард, ки дар ояндаи наздик тафтиши далелҳои «хабар надодан» дар бораи шаҳрвандии дигар кишвар бештар мешавад.
Оё шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам бояд дар бораи душаҳрвандашон хабар диҳанд?
Ҳама бояд дар бораи доштани душаҳрвандиашон огоҳинома ирсол кунанд... Ба ҷуз тоҷикистониён! Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро гирифтаанд, аз ирсоли огоҳинома озоданд.
Ин ба он вобаста аст, ки кишварҳо дар бораи душаҳрвандӣ байни ҳамдигар шартнома ба имзо расонидаанд.
Ҳамин тариқ, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои пур кардани варақаи огоҳинома ба Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) муроҷиат намекунанд ва барои ин ҷазо намегиранд.