Тоҷикистон дар байни 142 кишвари ҷаҳон аз лиҳози бовар ба пулис ҷойи аввалро ишғол кардааст. Инро як таҳқиқоти ҳамасолаи Шохиси қонун ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи Гэллап (Gallup), ки ҳазор сокини Тоҷикистонро пурсидааст, собит намудааст.
Ба навиштаи ин марказ, сокинони Тоҷикистон ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд.
Гузориши ин марказ охири моҳи октябр нашр шуд ва дар он Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Дар ин раддабандӣ Либерия бо гирифтани 49 хол дар ҷои охир қарор гирифтааст.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.
Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.
71 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, соли 2022 ҳангоми сайругашти шабона дар маҳалли зист худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд, ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.
Соли гузашта дар ин раддабандӣ Сингапур, Тоҷикистон Норвегия ва Швейтсария дар ҷои аввал ва Конго, Венесуэла, Габон ва Афғонистон дар ҷои охир қарор доштанд.
Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки солҳои охир хабарҳо дар мавриди шиканҷа ва озори боздоштшудаҳо аз ҷониби милитсия дар кишвар зиёд садо медиҳад.
“Азия-Плюс” соли гузашта, дар робита ба ҷашни Рӯзи милитсия, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар кӯчаҳои пойтахт бо саволи “Ба милитсия боварӣ доред?” миёни сокинон назарпурсӣ гузаронид, ки метавонед ба он шинос шавед:
Рост насилия и ранних браков. О чем рассказали в Комитете по делам женщин и семьи Таджикистана?
В Душанбе появится первая велосипедная дорожка
Глава Минздрава: «Оспы обезьян и метапневмовируса в Таджикистане нет»
В Душанбе приступят к строительству двух новых эстакад
«Я влюбилась в эту профессию». История самого привлекательного водителя автобуса в Душанбе
Минпром Таджикистана назвал причины снижения выпуска минеральных удобрений в стране
«Верстка»: Число переселенцев из Таджикистана в Россию в 2024 году сократилось вдвое
Главный архитектор Душанбе объяснил, почему с окон столичных домов снимают решетки
«Талибан» вновь потребовал вернуть в Афганистан угнанные в 2021 году вертолеты
В Узбекистане запустят общенациональное движение «Один миллион зелёных семей»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста