Сокинони Сингапур, Тоҷикистон ва Норвегия мақомоти милитсияи худро беҳтарин дар ҷаҳон арзёбӣ намуда, аҳолии Серра-Леоне, Конго, Венесуэла, Габон ва Афғонистон аз ҳама бештар нисбати милитсияи кишварҳои худ арзу шикоят доранд, хабар медиҳад РИА Новости.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти ҳамасолаи «Индекс закона и порядка» (Шохиси қонун ва тартибот)-и Пажуҳишгоҳи Гэллап Русия зинаи 71-умро ишғол кардааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рӯи натиҷаҳои назарпурсии ҳудуди 127 ҳазор нафар дар зиёда аз 120 кишвари саросари дунё ба даст оварда шудаанд.

Мувофиқи ин назарпурсӣ, зинаҳои аввалро дар ин радабандӣ (рейтинг) бо кори беҳтарини мақомоти пулис Сингапур, Тоҷикистон, Норвегия, Швейтсария ва Индонезия ишғол кардаанд.

Дар робита ба ҷашни Рӯзи милитсия, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар кӯчаҳои пойтахт бо саволи “Ба милитсия боварӣ доред?” миёни сокинон назарпурсӣ гузаронидем.

Посухҳо тақрибан монанд буданд. Онҳо ба милитсия боварӣ доранд. Аммо ҳолатҳое низ будаанд, ки милитсия ба онҳо кӯмак накардааст. Баъзеҳо гуфтанд, ки ба милитсия то ҳол муроҷиат накардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.