Пулиси Душанбе мардеро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Арабистон Саудӣ аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 26-уми ноябр бо нашри хабари дастгир шудани ин мард гуфт, ӯ Бахиров Парвиз ном дошта, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст.
Ба гуфтаи пулиси пойтахт, ин мард қаблан бо ҷурмӣ қаллобӣ суд шуда, барои мардумфиребӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштааст. Гуфта мешавад, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб аз 42 нафар барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ маблағ гирифта, барои онҳо чиптаҳои қалбакӣ омода кардааст.
Пулиси Душанбе дар мавриди ин қазия шарҳи бештаре надода ва миқдори пуле, ки ин мард ба даст овардааст, эълон накардааст. Ҳамчунин, гуфта намешавад, ки ин мард сокинонро барои фиристодан ба ҳаҷ фиреб додааст, ё барои корҳои дигар.
Мақомот мегӯянд, алайҳи Бахиров Парвиз бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда ва тафтишотро давом дода истодаанд.
Бар асоси ин иттиҳом ба боздоштшуда аз 18 ҳазор то 26 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи Бахиров Парвиз ва наздикону пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки агар мавриди фиреби Бахиров Парвиз қарор гирифта бошанд, метавонанд бо рақамҳои 2211542 ва 2210057 ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон чанд бор аз боздошти онҳое хабар дода буданд, ки хоҳишмандони сафар ба ҳаҷро фиреб додаанд. Моҳи июли соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини 30-солаи ноҳияи Фархор хабар дода буд, ки гуфта мешуд, аз ду нафар барои фиристодан ба ҳаҷ наздики 180 ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст. Ин ниҳод гуфта буд, ки тафтишоти ин қазия давом дорад, вале дигар маълум нашуд, ки тафтиши ин ҳодиса то ба куҷо расидааст.
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста