Коршиносони эътилофи байнулмилалии экологии "Дарёҳои бидуни арз" аксҳои аз кайҳон бардоштаро мӯхта, муайян карданд, ки дар канали Қуштеппа, ки моҳи октябр аз ҷониби Толибон* сохта шуд, садама рух додааст. Бар асари ин ҳодиса қисме аз қаламрави атрофи канал зери об мондааст, гуфта мешавад дар сомонаи ташкилот.

Мутахассисон изҳор доштаанд, ки суратҳои чанде пеш гирифтаро, ки аз ҷониби моҳвораи аврупоии Sentinel-2 аксбардорӣ шудааст, истифода бурдаанд.

Бино ба маълумоти коршиносон, ба гумони ғолиб, деворҳои иншооти гидротехникӣ ба маҷрои обе, ки аз Амударё меояд, тоб наоварда, ба берун аз ҳудуди канал баромадаанд.

Ҳамоҳангсози эътилофи “Дарёҳои бидуни марз” Александр Колотов зикр кардааст, ки оби аз канал хориҷшуда кӯли дарозиаш 9 километрро ба вуҷуд овардааст.

“Суратҳои нав нишон медиҳанд, ки масоҳати кӯл пайваста калон шуда, толибон ё наметавонад ё намехоҳанд, ки вазъро ислоҳ кунанд”, - таъкид доштааст коршинос.

Майдони ба таври назррас афзоишёфтаи ихроҷшавии об аз канали Қуштеппа дар зарфи як моҳ
Сурат: rivers.help

Мутахассисони ӯзбек инро рад мекунанд

Бахди чанде, рӯзи 14 декабр Агетии таҳқиқоти кайҳонӣ ва технологияҳои назди Вазорати рақамии Ӯзбекистон (“Ӯзбеккоссмос”) маълумоти садама дар Қуштеппаро рад кард. Ба иттилои мутахассисони ӯзбек, сабаби зери об мондани қаламрави наздик обҳои зеризаминӣ аст, менависад Фергана бо истинод ба сомонаи Агентӣ.

Кормандони Агентӣ изҳор доштаанд, ки ҳанӯз аз замони оғози корҳо дар канал, аз моҳи майи соли 2021 онҳо ҷараёни сохтмони канали обёрии Қуштеппаро зери назорат доранд.

Дар рафти сохтмони иншоот дар чанд қитъаи канал монеаҳои сунъӣ гузошта шуданд, ки 10 октябрь баъди ба охир расидани навбати якуми сохтмон канда шуданд. Ин боиси обрезӣ (пайдо шудани кӯлҳо) дар минтақаҳои наздик гардид.

Рӯзи 5 ноябр майдони зериобмонда 19,5 километри мураббаъ, 25 ноябр - 23,8 ва 13 декабрь — 30,3 километри мураббаъро ташкил дод. Агентӣ итминон медиҳад, ки сухан дар бораи обҳои зеризаминӣ меравад, ки барои назорат кардани сатҳи он об ҳадафмандона ба майдони кушод равона карда шудааст.

Ҳамчунин, тавре коршиносон гузориш медиҳанд, таҳлили аксҳои моҳвораӣ аз ҷониби мутахассисони ӯзбек нишон медиҳад, ки дар ин минтақа осори корҳои заминӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсус мушоҳида нашудааст. Бинобар ин, обҳои зеризаминӣ майдони кушодро беназорат пур мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло онҳо акнун кам шуда, маҷрои  канал тадриҷан хушк мешавад, илова намудаанд дар «Ӯзбеккосмос».

Ин чӣ гуна канал аст?

Тибқи маълумоти мутахассисон, канали обёрии Қуштеппа, ки аз ҷониби ҳукумати Толибон* сохта мешавад, бидуни назардошти рахнашавӣ ва садамаҳо, хоҳ-нохоҳ то 15-20% аз маҷрои умумии Амударёро мегирад. Баъди ба истифода додани НБО “Роғун” дар Тоҷикистон, ки аз ҳамин дарё об мегирад, вазъи марбут ба об дар ин қисми Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ мушкил мешавад.

Ҳайати ҳукумати “Толибон” таҳти сарварии муовини сарвазир ин кишвар  оид ба масоили иқтисодӣ аз канали Қуштеппа боздид намуд. 9 марти соли 2023.

Рӯзи 12 октябр мансабдорони ҳукумати Толибон* қисми аввали канали обёрии Қуштеппаро ботантана ифтитоҳ намуда, дарҳол эълон карданд, ки ба сохтмони қисмати дуюми он оғоз мекунанд.

Дарозии қисмати мавриди истифода қароргирифта 108 км ва қитъае, ки сохта мешавад, - 65 км-ро ташкил медиҳад. Ба сурати умум тибқи нақша сохтмони 285 км иншооти обёрии бараш 100 метр ва чуқуриаш қариб 8,5 метр ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти Афғонистон таъкид мекунанд, ки лоиҳаи арзишаш 684 млн долларро онҳо бидуни ягон кумаки беруна амалӣ мекунанд.

Канали Қуштеппа дар вилояти Балхи Афғонистон аз дарёи сарҳадии Амударё сарчашма мегирад, ки қаламрави Афғонистонро аз ҳамсояҳои шимолиаш – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷудо мекунад. Татбиқи лоиҳа ба камобшавии обанбор таҳдид мекунад, ки махсусан Тошкандро ба ташвиш овардааст.

Аз ҷумла, ин гуна нигарониҳо қаблан аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садо дода буд.

Дар пасманзари ифтитоҳи канали Қуштеппа дар охири моҳи ноябр Мирзиёев соли 2024-ро ба далели камбуди об дар Ӯзбекистон давраи гузариш ба ҳолати фавқулоддаи сарфаи об эълон кард.

Сарвари давлат зимни шарҳи далелҳои чунин тасмимгирӣ тавзеҳ дод, ки ҳоло 80%-об ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад.

Оё канали Қуштеппа ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад?

Сохтмони канал барои Ӯзбекистон ва Туркманистон,  кишварҳое, ки дар поёноби Амударё воқеъ гардидаанд, ба мушкили ҷиддӣ табдил меёбад.

Онҳо метавонанд то 15% оби обёриро аз дарёи асосии минтақа аз даст диҳанд. Барои Тоҷикистон, ки мисли Афғонистон дар қисми болооби Амударё ҷойгир аст, Қуштеппа амалан ҳеҷ хатаре надорад.

Дар мавриди зери об мондани заминҳои Тоҷикистон нигарониҳо ҷой доранд.

«Хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар майдони сохтмони иншооти асосии гидротехникӣ - деҳаи Хуштеппа ба соҳили чапи Афғонистони Амударё наздиктар мегузарад.

Ба Тоҷикистон ҷазираи хурде дар тарафи рости қад-қади дарьё ва байни шохаҳои Амударьё боқӣ мемонад.

Баъди сохтани ин иншооти гидротехникӣ ва эҳтимоли бунёди сарбанди обгиранда бо обанбори хурд тақдири ин қисмати сарзамини Тоҷикистон чӣ мешавад? Оё заминҳои мо зери об намемонад?», - изҳори нигаронӣ кард ба “Азия-Плюс” муҳандиси маъруфи тоҷик Камолидин Сироҷидинов.

Мутахассис зикр мекунад, ки бешубҳа, Афғонистон дар мувофиқа бо кишварҳои наздисоҳилӣ ҳуқуқи пурраи қонунӣ дорад, ки як қисми начандон зиёди обро бевосита аз маҷрои дарёи Амударё истифода барад. Ин ҳуқуқ бебаҳс аст, агар ба назар гирем, ки аз қисмати обгирӣ дар Афғонистон то ҷойи сохтмони иншоот ба дарё 14,8 км мураббаъ дар соли маҷрои миёна (470 метри мураббаъ дар як сония) об ҷорӣ мешавад.

“Аммо, албатта, ҳаҷми обгирӣ дар оянда бояд оқилона бошад ва ба назар гирифта шавад, ки маҷрои дарё тақсим шудаву аз ҷониби кишварҳои поёноб барои эҳтиёҷоти гуногун ва ҳифзи муҳити зист истифода мешавад, - мегӯяд Сироҷиддинов. - Умедворам, ки зимни лоиҳакашии иншооти сарбанди канали обёрии бузург хусусияти фаромарзӣ доштани Амударёро ба инобат мегиранд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.