Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 феврал изҳор дошт, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 473 ҳазору 841 шаҳодатномаи ақди никоҳ дода шудааст, ки 9 ҳазору 663 адад ё худ 2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.
Аз ҷумла, дар кишвар 109 ҳолати ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, шумори ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо 26% кам шудааст.
Аммо вазири адлия Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки сарфи назар аз кам шудани шумори ҷудошавии оилаҳо, ин рақам ҳоло ҳам қаноатбахш нест.
“Аз ҷониби ниҳоди мо барои пешгирии азҳампошхӯрии оилаҳо корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, бо оилаҳои ҷавон вохӯрда, суҳбатҳо мегузаронем. Ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем, корро дар ин самт ҷоннок мебояд кард”, - иброз дошт вазир.
Саодатбибӣ Сироҷзода илова намуд, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 242 ҳазору 697 тифлони навзод ба дунё омадаанд.
“Бори нахуст тайи солҳои ахир теъдоди писарони навзод аз духтарон зиёд буд - мутаносибан зиёда аз 125 ҳазорписар ва 117 ҳазор духтар”, - гуфт ӯ.
Зимнан зикр шуд, ки сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2022 ба андозаи 4,3% зиёд шудааст.





Средняя зарплата в Таджикистане за последний год выросла на 17,3%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 марта 2026 года
Какое культурное наследие теряет Иран под ударами бомб
Гид по лучшим фотозонам Душанбе к Наврузу
Евросоюз и фонд ALIPH выделят 1,5 млн евро на охрану культурного наследия в Центральной Азии
Экс-глава управления здравоохранения Согда освобождён после штрафа по делу о взятке
От рынков до онлайн-площадок: как защищают права потребителей в Таджикистане
Сколько на самом деле стоит школьное образование в Таджикистане?
Милиция Душанбе предупредила руководителей рынков об ответственности за рост цен перед Рамазаном
Фильм «Битва за битвой» получил шесть «Оскаров». Кто еще забрал статуэтки?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста