Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона" ҳимоят карда, гуфтааст, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.
Ӯ дар пайи гуфтугузорҳо дар бораи манъи воридот, фурӯш ва пӯшиши “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар ТВ “Тоҷикистон” муқаррароти исломии ин масъаларо шарҳ дод.
Вай гуфт, шариати ислом меъёри либоспӯширо барои марду зан муайян кардааст ва дар мувофиқат бо он мо метавонем, ки либоси миллии худро пӯшем.
“Миллати тоҷик либоси хоси худро дорад. Миллати араб ҳам либоси хоси худро дорад. Ҳар миллате либоси хоси худро дорад ва бо либоси хоси худ меъёрӣ шаръӣ риоя шавад. Ин муҳим аст, дигараш муҳим нест. Ҳатмӣ нест, ки мо ба либосҳои бегона пайравӣ ва тақлиди кӯркурона кунем”, - гуфт раиси Шӯраи уламо.
Абдуқодирзода илвоа кард, ки “мувофиқи шариати ислом либос бояд тангу часпидаву тунук бояд набошад, баъзеҳо гӯё сатр доранд, вале он тунуку танг аст, ки тамоми узвҳои бадан зоҳир мешавад. Ин сатр нест”.
Ӯ бо овардани ояти мубораки Қуръон гуфт, ки “мо бояд либосе пӯшем, ки бо тақво рост ояд”.
Ғайр аз ин, Абдулқодирзода гуфт, пӯшидани “либоси шӯҳрат”, яъне либосе, ки инсон аз он фахр мекунад, аз дигарон худро боло меҳисобад ё таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб месозад, макрӯҳ аст”.
Ӯ дар ин робита тоҷиронро ба он муттаҳам кард, ки “либосҳои тангу тунукро сӯистифода аз дин “либоси исломӣ” гӯён мефурӯшанд”.
“Мутаасифона, имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри мо чунин либосҳои тангу зиёҳу дигар анвои таваҷҷӯҳро ҷалбкунанда зиёд шудааст, ки инсонро ба фисқу фуҷур мебарад ва аз муқаррароти ислом дур аст”, - гуфт муфтии кишвар.
Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ мекунад, ибрози нигаронӣ доранд.
Лоиҳаи қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам онро пазируфтанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро "беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон" номидааст.
Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест. Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либосҳо “ба фарҳанги миллӣ бегона”-анд ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.
Ин муқаррароти қонун байни ҷомеа баҳсу гуфтугузорҳо дар бораи манъи либосро ба миён овард. Бархе сокинон шикоят, мекунанд, ки мақомот заноне, ки сатр доранд дар кӯчаҳо боздошта талаб мекунанд, ки сатри худро кашанд ва ё онро мисли рӯймол банданд.
оиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳоло барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ равон карда шуд. Маълум нест, ки тағйироти нави қонуни мазкур аз ҷониби Маҷлиси миллӣ пазируфта мешавад ва ё на. Палатаи болоии парлумон ин лоиҳаро рӯзи 19-уми июн ба баррасӣ хоҳад кашид.
"Я твердо знал, что буду летчиком": о чем рассказывают таджикские пилоты
Турецкие СМИ: жена бежавшего в Россию экс-президента Асада решила с ним развестись
Таджикские самолеты смогут проходить техобслуживание в Актау
Куда сводить ребёнка на Новый год? Программы развлекательных центров Душанбе
Сомона Махмадбекова признали лучшим спортсменом года в Таджикистане
Парковки пустуют, а дороги запружены машинами. Почему жители Душанбе не оставляют свои автомобили на подземных стоянках?
ФАО ООН выявила возможности для цифровизации сельского хозяйства в Таджикистане
Китайские продавцы осваивают российские маркетплейсы
Минобрнауки: В Таджикистане запрещены ёлки и чаепития в вузах, школах и детских садах
Российский ученый поставил под сомнение прогнозы о существенном обмелении Амударьи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста