Дар пайи бо нархи паст харидани пахта ва эътирози деҳқонон, раиси вилояти Хатлон ба зердастонаш дастур додааст, ки ҷараёни қабули пахта аз деҳқонон ва тартиби пардохти маблағи он назорат карда шавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дастури назорати ҷараёни қабулу нархгузории пахтаро зимни мулоқот бо соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои қабул ва коркарди пахта ва раисони шаҳру навоҳии пахтакор додааст.
“Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва саривақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард”, - гуфтааст Давлаталӣ Саид.
Бо назардошти ин, ӯ ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоятро вазифадор кардааст, ки барои қабул ва коркарди пахтаи деҳқонон, пешигрӣ аз ҳисоботи нодуруст, тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Бояд гуфт, чанде пеш дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти пунбадона 8,6 ҳазор гектар зиёд шуда, 175 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 120,7 ҳазор гектар пахта кишт намудаанд. Дар ин вилоят ҳоло беш аз 60 корхонаи калони қабул ва коркарди пахта фаъолият дорад.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста