"Толибон" муҳофизони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистонро халъи силоҳ кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, пештар аз Абдуллоҳ муҳофизони Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишварро низ халъи силоҳ карда буданд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.
Хабаргузории "Қатра" бо нақли қавл аз манобеи гуногуни хабарӣ навиштааст, ки Толибон тамоми муҳофизони давлатии Абдуллоҳ Абдуллоҳро халъи силоҳ кардаанд ва ба ӯ итминон додаанд, ки ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад ва ҷангҷӯёни толиб дар беруни хонааш, дар маҳалли Кортаи Парвони Кобул аз ҷони ӯ муҳофизат хоҳанд кард.
Бархе аз расонаҳои Афғонистон инро ба маънои иҳонати Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сӯйи Толибон ном бурдаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Кобул ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Толибон ҳангоми тасарруфи Кобул дар рӯзи дувум муҳофизони Ҳомид Карзайро низ халъи силоҳ карда буданд ва ӯро бо хонаводааш ба хонаи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бурданд, ки то ҳол дар он ҷо мебошад.
"То ин муддат ба хонаи доктор Абдуллоҳ наомада буданд. Аммо, пареррӯз омаданд, тамоми муҳофизини ӯро халъи силоҳ карданд, танҳо як ду муҳофизи шахсӣ барояш таъин карданду халос. Муҳофизини давру бари хонааш ва гузаргоҳҳои амнияте, ки дар атрофи хонааш буд, ҳамаро ҷамъ карданд",-мегӯяд ин манбаъ.
Аммо то кунун ҳеч манбаъи расмии Толибон дар ин бора изҳори назар накардааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон эълон карданд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии интиқоли мусолиматомези қудратро ташкил кардаанд ва барои эҷоди ташкили як ҳукумати фарогир бо раҳбарони Толибон гуфтугӯ мекунанд.
То ин вақт хабарҳои зиёде аз диду водиди Абдуллоҳ бо раҳбарони Толибон расонаӣ шуд, аммо зоҳиран ин дидорҳо натиҷаи хосе надоштаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста