Кумитаи давлатии саноати дифоъи Ӯзбекистон хабарҳо оид ба васлу насби бесарнишинҳои Эрон дар қаламрави худро рад кард. Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz. хабар медиҳад.
Қаблан ровии телевизиони Украина Дмитрий Гордон, иддао карда буд, ки бесарнишинҳои Эрон, ки гуфта мешавад дар муноқишаи низомии Русияву Украина истифода мешавад, дар қаламрави Ӯзбекистон васлу насб мегардад.
"Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо шарикони эронӣ силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ тавлид намекунад ва тавлид накардааст", - таъкид кардааст Кумитаи давлатии саноати дифоъ.
Ин ниҳод гуфтааст, ки нашри ин гуна маълумоти тасдиқнашуда ба ҷомеа маълумоти нодуруст мерасонад ва метавонад ба равобити дӯстонаи Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ осеб расонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Дмитрий Гордон Ӯзбекистонро дар тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ барои Русия муттаҳам карда буд. Ӯ ин иддаои худро дар ҷараёни сӯҳбати худ бо миллиардери исроилӣ Леонид Невзлин баён дошт.
Баъдан ба ӯ раҳбари ҳизби “Миллий тикланиш”-и Ӯзбекистон Алишер Қодиров посух дод ва гуфт, ки вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифоъ бояд ин ровии украиниро барои узр пурсидан водор намоянд.




Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и 8 марта!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 марта 2026 года
Трамп пригрозил Ирану «очень мощным ударом»
«Каждая образованная девушка — это будущее нации». Что сказал Эмомали Рахмон в поздравлении с Днем матери
Нилуфари Сарбоз: «Профессия показала мне другие стороны людей»
Новый сезон начинается: интриги, трансферы и прогнозы чемпионата Таджикистана-2026
Иди Сари сол: Что это за праздник, который отмечают худжандцы?
В Душанбе похоронили пропавшую студентку столичного Медколледжа
Пезешкиан: Иран не будет атаковать соседние страны, если с их территории не будет ударов
Туристам разрешат получать возврат НДС наличными за покупки в Узбекистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста