Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои шинохта ва матраҳи саҳнаи сиёсии Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир, ки барои иштирок дар ҳамоиши “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе қарор дорад, гуфт, ки қазияи имрӯзаи Афғонистон қазияи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст ва аз он натанҳо ин кишвар, балки тамоми минтақа метавонад осеб бинад.
Ӯ, ки бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ дар қазия Афғонистон шарик аст, чунки 20 соли гузашта НАТО, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ҳузури мустақим доштанд.
“Афғонистон як қурбонгоҳ шуд, ба хотири он ки минтақа намехост, ки Амрико дар Афғонистон ҳузур дошта бошад. Бо ин дидгоҳ минтақа бо Толибон* бо навъи нармиш рафтор мекард. Вақте ки Амрико рафт, феълан шароит комилан тағйир кардааст. Ҳоло хатарот бештар мутаваҷҷеҳи минтақа аст, на ҷомеаи ҷаҳонӣ. Умедворем, ки минтақа мутаваҷҷеҳи асл (воқеиятҳо) бишавад. Танҳо Афғонистон қурбонӣ нест, яқин дорам, ки минтақа бештар аз мо осеб хоҳад дид”, - гуфт Амир Исмоилхон.
Ин чеҳраи ҷиҳодии Афғонистон афзуд, муққовиматгарони Афғонистон байни худ ҳеҷ навъ ихтилофе надоранд ва танҳо шароит ба онҳо мусоид нашудааст, ки даври ҳамдигар бошанд.
Вай нишастҳои минтақавие мисли “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот”-ро бесамар унвон кард ва гуфт, онҳо танҳо барои гуфтугӯ ва баёни андеша замина фароҳам месозанд.
“Ин ки ин нишастҳо дидгоҳҳо, мардум ва ҷаҳонро мутаваҷҷеҳ месозад, ки мардуми Афғонистон аз вазъият розӣ нест ва дар Афғонистон шадидан зулму истибдод аст, кори хуб аст. Вале онҳо натиҷабахш нестанд”, - гуфт Исмоилхон.
Ӯ дар масъалаи дахолати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи Афғонистон гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан хориҷи дур ба қазияи Афғонистон на танҳо дахолат мекунанд, балки то ҳол дар Афғонистон вуҷуд доранд.
Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот, ки бо номи "Шери Ҳирот" ҳам машҳур аст, аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати Афғонистон дар чанд даҳсолаи ахир аст. Ӯ ҳанӯз дар замони вуруди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, муқобили он ҷангидааст.
Баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 Амир Исмоилхон барои муддате ба дасти Толибон* асир афтод ва баъди раҳоӣ ба Эрон рафт.
Ёдовар мешавем, ки нишасти 11-уми Гуфтугӯи амниятии Ҳирот рӯзҳои 27-28-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин нишаст якҷо бо Амир Исмоилхон ҳамчунин, намояндаи Созмони миллали муттаҳид (СММ), намояндагони Амрико, Покистон, Эрон, вакилони собиқи парлумони Афғонистон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ин кишвар ҳузур доранд.
“Гуфтугӯи амниятии Ҳирот”-и имсола масоили гуногун ва мубрами Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои ташаккули демократия, баробарии ҷинсӣ, ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, бозгашт ба исломи мутамаддин ва мардумӣ ва ҳамбастагӣ бо ҳамсояҳо мавриди муҳокима ва баҳс қарор дода мешавад.
Қаблан, гуфта мешуд, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш ба намояндаи Толибон* гурӯҳе, ки имрӯз қудратро дар Афғонистон дар даст дорад, даъватнома фиристода шудааст, аммо онҳо дар ҳамоиш ширкат надоранд.
Граждан Пакистана задержали в Душанбе за продажу фальшивых золотых монет
В России зарегистрировали рекордное за 20 лет число терактов
В Таджикистане ожидается резкое похолодание: температура упадет до 7-9 градусов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 ноября 2024 года
Эмомали Рахмон призвал принять Конвенцию по борьбе с международным терроризмом
В Душанбе стартовали бесплатные курсы по созданию медиаконтента и борьбе с дезинформацией
Таджикские джунгли. Один день из жизни лесничего «Тигровой балки»
В его душе всегда горел огонь исканий, раздумий и сомнений. Памяти Мухаммада Бобоходжаева
В Таджикистане впервые провели операцию на поджелудочной железе онкобольному
Как зарегистрировать компанию и вести бизнес в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста