Рӯзи аввали нишасти сеюми Вена таҳти унвони “Ояндаи демократии Афғонистон” дирӯз бо ҳузури ходимони сиёсӣ, мансабдорони ҳукумати пешин, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва бархе дипломатҳои ҳукумати пешин баргузор шуд.
Гуфта мешавад, дар ин нишасти серӯза беш аз 40 нафар аз мухолифони сиёсии Толибон* ширкат доранд. Ин нишастро Пажӯҳишгоҳи равобити байнулмилалии Австрия созмон додааст ва дар он нерӯҳои сиёсии Афғонистон ояндаи демократии ин кишварро баррасӣ мекунанд. Бархе аз ширкатдорон дар рӯзи аввали ин нишаст режими Толибонро “якқавмӣ, якмазҳабӣ ва якҷинсӣ” хонда, гуфтааст, ки онҳо талош доранд, забону сарватҳои фарҳангии қавмҳои дигарро аз байн баранд. Яке аз ширкаткунандагон гуфтааст, ки Толибон ҳазораҳо ва шиъаҳоро дар канор гузоштаанд ва ин қавм мавриди “наслкушӣ” қарор гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, Толибон баргузории ин нишастҳоро “ғайриқонунӣ” ва “бемаънӣ” хонда, аз мухолифони худ хостаанд, ки ба кишвар баргарданд.
Нишасти Вена бори сеюм аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи равобити байнулмилалии Австрия рӯзҳои 3 - 5-уми декабр баргузор мешавад. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, доктор Рангин Додфар Сипанто, мушовири амнияти миллӣ ва вазири умури хориҷаи ҳукумати собиқ, баъзе вазирон ва сафирони ҳукумати собиқ, ходимони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, аз чумла занон дар ин нишаст ширкат мекунанд.
Шукрия Борикзай, сафири собиқи Афғонистон дар Норвегия дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” гуфтааст, ки яке аз натоиҷи возеҳи мулоқотҳои Вена эҷоди заминаҳои муштарак, бахусус дидгоҳи муштараки сиёсатмадорон барои ояндаи демократии Афғонистон аст. Ӯ таъкид кардааст, ки вокунишҳои Толибон дар ду ҳафтаи ахир аҳаммияти ин мулоқотҳоро ба таври рӯшан нишон медиҳанд, ки ҷараёнҳои миллатгароёни афғон дар хориҷа тавонистанд дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ бо таркиби тақрибан фарогир садо бидиҳанд.
Ӯ мегӯяд, Толибон фикр мекарданд, ки мардум ва ниҳодҳои сиёсӣ ба бунбаст афтодаанд, аммо баръакс имрӯз мебинанд, ки садои нерӯҳои сиёсӣ дар ҷаҳон баланд мешавад. Ба гуфтаи ӯ, муколамаи байни афғонҳо ва стратегияи наҷоти Афғонистон аз меҳварҳои аслии баҳсҳои нерӯҳои сиёсӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, як зани дигари ширкаткунандаи ин нишаст, ки дар гузориш номаш зикр нашудааст, режими Толибонро “моно-миллӣ, якмазҳабӣ ва якҷинс” хондааст. Дар суханронии худ ӯ таъкид кардааст, ки ин гурӯҳ талош доранд забонҳо ва арзишҳои фарҳангии дигар қавмҳоро аз байн баранд. Ба иддаои ин иштирокчии нишасти Вена, Толибон ҳазораҳо ва шиъаҳоро дар канор гузошта, ба “наслкушӣ” дучор кардаанд.
Ин иштирокчии нишасти Вена афзудааст, ки Толибон ба қатли сарбозони собиқ идома дода, ба ҷуз ин, ҳиндуҳо ва сикҳҳоро маҷбур кардаанд, ки кишварро тарк кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати идомаи ҳукмронии ин гурӯҳ, тамоми дороиҳои моддӣ ва маънавии мардуми Афғонистон нобуд мешаванд. Вай ҳамчунин аз тавсеъаи мадориси мазҳабии Толибон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҷаҳон бо гурӯҳе, ки воқеан дастаҳои худкушии доимӣ доранд, шубҳаовар аст. Ин хонум таъкид кардааст, ки ин нишаст бояд сиёсатмадорони ҷаҳонро ҳушдор диҳад, ки ҳамкориҳои давомдор бо Толибон вазъро ғайри қобили назорат хоҳад кард.
Муҳаммад Муҳаҷӣ, узви раёсати Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, дар ин нишаст тавассути онлайн суханронӣ кардааст. Ӯ аз иштирокдорон хостааст, ки дурнамои мусоид барои ояндаи Афғонистонро ба вуҷуд оранд, то ин кишвар узви фаъол ва муфиди ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ним асри гузашта дурнамои кишварҳои марбут ба Афғонистон “як дурнамои абзор буд ва ҷаҳон Афғонистонро ба манофеи худ дидааст”.
Ҳамчунин, ширкаткунандагон дар рӯзи аввали нишасти Вена дар чанд мавзӯи дигар табодули афкор карданд. Аз ҷумла, дар бораи чӣ гуна сохтани чатрҳои ягона барои нерӯҳои мухолифи Толибон сӯҳбат кардаанд. Бархе аз аъзои ин нишаст хостори таъсиси як гурӯҳи кории муштарак барои таъйини харитаи ояндаи Афғонистон шуда, аз ҳама хостаанд, ки дар масоили миллӣ ҳамфикр шаванд.
Ширкаткунандагони ин нишаст ҳамчунин аз мубориза ва муқовимати занон алайҳи Толибон ситоиш кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки занону духтарон дар Афғонистон бо вуҷуди саркӯбҳои густурда, шиканҷа ва зиндонҳо муборизаи худро барои адолат идома медиҳанд ва бояд қадрдонӣ шаванд. Ба гуфтаи ширкаткунандагон, Толибон бо сиёсатҳои “асри миёна”-и худ занонро ҳатто аз оддитарин ҳуқуқи башарӣ маҳрум карда, зиндагии занону духтаронро дар ин кишвар ба дӯзах табдил додаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Эмомали Рахмон призвал принять Конвенцию по борьбе с международным терроризмом
В Душанбе стартовали бесплатные курсы по созданию медиаконтента и борьбе с дезинформацией
Таджикские джунгли. Один день из жизни лесничего «Тигровой балки»
В его душе всегда горел огонь исканий, раздумий и сомнений. Памяти Мухаммада Бобоходжаева
В Таджикистане впервые провели операцию на поджелудочной железе онкобольному
Как зарегистрировать компанию и вести бизнес в Таджикистане?
Замглавы МИД Таджикистана заявил о важности расширения сотрудничества с Южной Кореей
Более 3 тысяч иностранцев получили гражданство России за участие в СВО в Украине
Как получить паспорт в странах Центральной Азии?
Таджикистан и АБР подписали грантовое соглашение по проекту строительства зелёного коридора
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста