Чанд манотиқи Русия барои муҳоҷирони меҳнатии афғон ҷои кор пешниҳод кардаанд. Дар ин бора Абдулманон Умарӣ, вазири кор ва равобити иҷтимоии ҳукумати "Толибон"* хабар додааст, менависад “The Moscow Times”.
Ба гуфтаи Умарӣ, масъалаи таъмини ҷои кор ба муҳоҷирони афғон дар вохӯрии Антон Котяков, вазири меҳнати Русия дар доираи баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ) ва намояндагони ҳайаи Доғистон баррасӣ шудааст.
"Чеченистон ва Тотористон, инчунин дигар ҷумҳуриҳо дар ҳайати Русия ба мо имкониятҳо барои бо кор таъмин кардани муҳоҷирон аз Афғонистонро пешниҳод карданд, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ," - гуфтааст Умарӣ.
Дар ҳамин ҳол, Виктор Водолатский муовини якуми раиси кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба кор бо ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон гуфтааст, ки ба кор ҷалб кардани муҳоҷирон аз Афғонистон бояд то қабули тағйирот дар қонуни федералӣ ба таъхир гузошта шавад.
"Ман ба мансабдорон ки қарорҳо оид ба қабули муҳоҷирони меҳнатии афғон қабул мекунанд, маслиҳат медодам, ки аввал тағйирот ба цонуни федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русияро интизор шаванд. Дар он ҷо ҳамаи масъалаҳое, ки русҳоро ба ташвиш меоранд, возеҳ баён хоҳанд шуд", - гуфтааст Водолатский.
Пештар, намояндаи расмии Русия дар назди ҳукумати Толибон Забеҳулло Муҷоҳид изҳор дошта буд, ки Кобул ба рушди муносибатҳои мусбат бо Маскав майл кардааст Мақомоти рус низ ба ҳамкорӣ бо "Толибон" майл доранд.
Хусусан, Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки "барқарор кардани муносибатҳо бо "Толибон" лозим аст, зеро онҳо ҳукумати амалкунандаи Афғонистон мебошанд."
Шӯрои Амнияти СММ соли 2003 "Толибон"-ро ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ шомил карда буд. Дар ҳамон сол, Русия низ "Толибон"ро ба ҳамин рӯйхат дохил намуд. Вале ҳоло Русия ва як қатор кишварҳои дигар мехоҳанд, ки ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишварҳои худ берун кунанд.
Дар моҳи августи соли 2021 Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва аз он вақт инҷониб талош доранд, ки ба расмият шинохта шаванд. Дар моҳи октябри ҳамон сол, президенти Владимир Путин изҳор дошта буд, ки Русия масъалаи хориҷ кардани «Толибон»-ро аз рӯйхати ташкилотҳои террористӣ баррасӣ мекунад, вале аввалин навбат инро Шӯрои Амнияти СММ бояд анҷом диҳад.
Бо вуҷуди ин, намояндагони Толибон мунтазам барои сафарҳои корӣ ва ҳам хусусӣ ба Русия мераванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрвандонро барои дастгирии амалҳои Толибон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Где в Душанбе выучить таджикский язык?
BAIC BJ80: Мощь и комфорт в одном внедорожнике
В Душанбе обсудили совершенствование знаний о рисках бедствий в Таджикистане
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста