Толибон* қарори ихроҷи як дипломати Эрон аз Афғонистонро содир карда, ба ӯ чанд соат вақт додаанд, ки кишварро тарк кунад. Онҳо гуфтаанд, ин посух ба ихроҷи як намояндаи онҳо аз Эрон аст.
Дар ин бора “Afghanistan International” аз қавли манбаъҳои худ иттилоъ дода, гуфтааст, дипломати эронии хориҷшуда Алии Мувҷонӣ, мушовири намояндаи махсуси Эрон дар умури Афғонистон буд. Толибон ӯро “барои ҳаракатҳои ғайридипломатӣ” муттаҳам кардаанд.
Толибон мушаххасан нагуфтаанд, ки ин дипломати эронӣ чӣ ҳаракати ғайридипломатӣ кардааст, аммо баъзе расонаҳо навиштаанд, ки ихроҷи ӯ ба бидуни иҷоза ба намози Иди Қурбон рафтанаш дар Қандаҳор рабт дорад.
Худи Алии Мувҷонӣ қаблан дар саҳифаи “Х” (собиқ Твиттер)-и худ навишта буд, ки ба дархости расмии ӯ аз Вазорати хориҷаи Толибон барои иштирокаш дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор посух надодаанд.
Баъди ин дипломати эронӣ ба маҳалли баргузории намози Ид дар Қандаҳор, ки гуфта мешуд, Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон дар он имоматӣ мекунад, меравад. Ӯ гуфтааст, ки Толибон ӯро беш аз як соат интизор нигоҳ дошта, дар охир ба идгоҳ роҳ надодаанд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки моҳи гузашта Эрон як намояндаи Толибон дар шаҳри Машҳадро ихроҷ кард. Мақомоти Эрон аз ин намояндаи Толибон Салим ном бурда, гуфтанд, ӯ ба далели шиканҷаи шаҳрванди Эрон шахси мамнуъулвуруд шуд ва аз хоки Эрон ихроҷ гардид.
Бояд гуфт, то ин замон робитаи Толибон бо давлати Эрон дар умум, хуб арзёбӣ мешуд. Ҳарчанд миёни низомиёни Эрон ва ҷанговарони Толибон дар сарҳад чанд задухӯрд рух дод, аммо Сафорат ва Консулгарии Афғонистон дар Эрон ба намояндагони ин гурӯҳ супорида шудааст.
Ҳамчунин, роҳбарияти гурӯҳи Толибон дар маросими видоъ бо раиси ҷумҳури пешини Эрон Сайидиброҳими Раисӣ ширкат карданд.
Аммо пас аз раиси ҷумҳур интихоб гардидани Масъуд Пизишкиён дар Эрон ҳанӯз маълум нест, ки равобит бо Толибон чӣ гуна хоҳад шуд. Толибон баъди анҷоми интихобот дар Эрон бидуни ном бурдан аз Масъуд Пизишкиён “интихоби ҳукумати ҷадид дар Эрон”-ро ба мардуми ин кишвар табрик гуфт.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Осенняя хандра. Как с ней бороться?
Как расшифровать символы и знаки на упаковке, таре и этикетках?
Строгая дисциплина и распорядок. Истории женщин из Академии МВД Таджикистана
Безопасно ли чувствуют себя душанбинцы в своем городе?
Где выучить корейский язык и освоить профессиональные навыки для работы в Корее?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 ноября 2024 года
Один процент таланта и 99% трудолюбия Ибрагима Хасанова, который прославил Таджикистан
В Узбекистане запретили использовать в цирке и держать дома диких животных
Теракт в пакистанской Кветте унес жизни по меньшей мере 25 человек
В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста