Баъди беш аз ним аср ҳукмронӣ дар Сурия 8-уми декабри соли 2024 ҳукумати оилаи Асад суқут кард ва Башор Асад, ки ҳукуматро аз падар бидуни интихобот мерос гирифта буд, ба Русия, пуштибони аслиаш, паноҳ бурд. Қудратро дар ин кишвар гурӯҳҳое соҳиб шуданд, ки дар аксар давлатҳо террористӣ эътироф гардидаанд.
Суқути ҳукумати Башор Асад, ки бо панҷаи оҳанин идора мешуд, суолҳои зиёдеро аз худ вогузошт: Чаро ба ин осонӣ ва бидуни муқовимати назаррас артиши ҳукумате, ки даҳсолаҳо бо ёрии Русияву Эрон ҷангид аввал шаҳрҳоро яке паси дигаре ва давоми тахминан 10 рӯз давлатро дар ихтиёри ҷангҷӯёне гузошт, ки ҳамагӣ чанд ҳафта пеш кам касон ба тавони он бовар доштанд?
Посухи ин саволро аксари коршиносон ба ду омил вобаста медонанд: якум, Башор Асад даҳсолаҳо низоми худкомаеро ҷорӣ кард ва натавонист хостаҳои мардумашро бароварда кунад, ислоҳот гузаронад, ба фишору таъқиб хотима ва ба ҳарфи мухолифонаш гӯш диҳад.
Дуввум, эътимоди аз ҳад зиёди Башор Асад ба пуштибонҳои хориҷиаш дар мисоли Русияву Эрон ва гурӯҳҳои зери назари ин давлат. Бо қатъи дастгирии ин ду давлат ҳукумати Асад сарнагун шуд.
Аммо муҳимтарин савол ба тақдири минбаъдаи Сурия, ки ҳамакнун аз ҳар сӯ – Исроилу Туркия мавриди мушакборону ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифтааст ва номаълум, ки ин ҳама гурӯҳҳои “ғолиб” қудратро чӣ гуна тақсим мекунанд, рабт дорад. Ин кишвари таърихӣ ва замоне зебову озодаро чӣ интизор аст?
Барои дарки бештари мавзӯъ, бояд донист, ки дар Сурия, “иттиҳод”-и чанди гурӯҳи мусаллаҳи дар аксар давлатҳои ҷаҳон террористӣ эътирофгардида артиши Башор Асадро шикаст дода, соҳиби қудрат шуданд.
Дар Сурия якҷо бо гурӯҳи “Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом”*, ки роҳбари он Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар расонаҳои ҷаҳонӣ чун роҳбари “нерӯи сарнагункардаи ҳукумати Башор Асад” муаррифӣ мешавад, даҳҳо гурӯҳи дигар меҷанганд. Ин гурӯҳҳо шомили эътилофи “гурӯҳҳои исломӣ” гардидаанд, ки “Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом” асоси онро ташкил медиҳад. Айни ҳол ин эътилоф қисми асосии Сурияро назорат мекунад.
Ғайр аз ин, боз эътилофи нерӯҳои низомии курд ва нерӯҳои зери назари Туркия низ қисме аз Сурияро назорат мекунанд.
Либияву Ироқи сонӣ?
Аксари коршиносон дар бораи тақдири минбаъдаи Сурия боэҳтиёт ва бо назардошти хатарҳои зиёди аён суҳбат мекунанд ва аз эҳтимоли харҷумарҷ ва порашавии ин кишвар ҳушдор медиҳанд.
Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик бо ишора ба гурӯҳҳои зиёде, ки якҷо бо "Ҳайат Таҳрир-аш-Шом" қудратро дар Сурия соҳиб шуданд ва робитаи онҳо бо хадамоти махсуси кишварҳои гуногун, таъкид мекунад, ки то дер дар як мавқеъ боқи мондани онҳо дар гумон аст.
“Бозингарони аслӣ дар ин таркиб (эътилофи ташкилкардаи "Ҳайат Таҳрир-аш-Шом". - идора) аз аъзои гурӯҳҳое ба мисли ДОИШ*, “Ҷабҳат-ун-нусра”* ва “Ал-қоида”* мебошанд. Ба эҳтимоли зиёд ҳукумат кардани ин гурӯҳ ("Ҳайат Таҳрир-аш-Шом". - идора) бар саросари Сурия кори мушкиле хоҳад буд ва шояд сарнавишти Либия дар ин кишвар такрор шавад. Ва Сурия ба чандин ҷазира ҷудо карда шавад ва харҷумарҷ домани ин кишварро раҳо накунад”, - мегӯяд Қосим Бекмуҳаммад.
Ба андешаи ин коршинос, “тарафҳое, ки дар вазъияти кунунии Сурия манфиатдор ҳастанд, баҳрабардории лозимиии худро хоҳанд дошт. Имрӯз низ шоҳиди он ҳастем, ки Исроил бо истифода аз вазъи кунунӣ инфрасохторҳои боқимондаи Сурияро бомбаборон мекунад то фардо аз ин кишвари ҳамсоя ҳадди аққали таҳдидро дошта бошад. Шояд Туркия барои саркӯби нерӯҳои курд аз ин фурсат истифода мекунад”.
Назруллоҳ Назаров, сафири пешини Тоҷикистон дар Миср низ баъид медонад, ки гурӯҳҳои қудрат дар Сурияро бадастгирифта тавони идораи давлатро доранд ва тахмин мекунад, ки дар ҷараёни тақсими қудрат байни худ вориди ҷангу даъвоҳо хоҳанд шуд.
“Гурӯҳҳое, ки ҳоло Сурияро ба даст гирифтаанд, ба зудӣ ҳукумати мутамарказ таъсис дода наметавонанд ва оқибати Сурия ҳам ба мисли Ироқ ва Либия ба хайр нахоҳад буд”, - зикр мекунад Назруллоҳ Назаров.
Воқеан, дар аксари кишварҳои Шарқи наздик ба монанди Либия, Ироқ, ки дар онҳо мисли Сурия ҳукуматҳои худкома сарнагун ва ба ҷойи онҳо гурӯҳҳои ҷангҷӯ бо собиқаи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористие чун “Ал-қоида” ва “ДИИШ” ҷойгузин шуданд, бо гузашти даҳсолаҳо субот пойдор нашудаву ҷангу террор идома дорад.
Лонаи ифротиён. Таҳдид ба Осиёи Марказӣ чӣ аст?
Ин номаълумӣ ва бесуботӣ пас аз “талошҳо барои сарнагун кардани ҳукуматҳои худкома ва ҷойгузини он кардани демократия” барои давлатҳои дигар манотиқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ки шабоҳатҳое бо “низомҳои сарнагуншуда” доранд, чӣ таъсир метавонад дошта бошад? Махсусан дар ҳоле, ки миёни гурӯҳҳои зиёди ҷанганда дар Сурия шаҳрвандони кишварҳои ин минтақа низ ҳастанд. Онҳо то ин лаҳза, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай аксҳо аз “пирӯзӣ” дар Сурия мегузоранд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ теъдоди шаҳрвандони танҳо Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Идлиби Сурия қарор доранд 374 нафар гуфтааст. Теъдоди шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маълум нест.
Коршиноси масоили динӣ Маҳрамбек Маҳрамбеков ба ин расона гуфтааст, “он теъдоде, ки имрӯз дар Сурия ҳастанд, аз лиҳози сиёсиву низомӣ (барои Тоҷикистон.-идора) хатари ҷиддӣ буда наметавонанд. Агар дар он минтақаҳо мустақар шаванд ва барои худашон пойгоҳҳои таблиғотӣ созанд, ин метавонад барои мо мушкилот эҷод кунад ва теъдоди зиёди ҷавононро роҳгум занонад”.
Дар ҳаимн ҳол, Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик мегӯяд, дар сафи "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи Сурия ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ширкат доранд. Ин маънои онро дорад, ки Сурия ба маркази нави ҷалби тундгароён ва ҳаракатҳои байналмилалии ҷиҳодӣ табдил меёбад. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки решаҳои "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" ба "Ал-Қоида", "Давлати Исломӣ" ва сохторҳои вобастаи онҳо пайванд доранд.
“...эҳтимолан, мо бо афзоиши экстремистӣ дар фазои иттилоотӣ ва ҷалби ҷангҷӯёни нав ба Сурия рӯбарӯ хоҳем шуд. Ин эҳтимол бо баланд шудани фаъолнокии шабакаҳои ҷиҳодӣ ҳамроҳ хоҳад буд”, - мегӯяд Рустам Азизӣ.
Қосим Бекмуҳаммад ҳам ба ин ҳаводиси Сурия жарфтар нигоҳ карда, хатари гурӯҳҳои дар ин кишвар соҳибқудратшударо бо назардошти ғояҳои онҳо шарҳ медиҳад.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд миёни ин гурӯҳҳо мухолифини Башор Асад ҳам ҳастанд, аммо “сутунмӯҳраи аслии ин гурӯҳҳо террористони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳастанд” ва даъвои онҳо ташкили хилофат мебошад.
“Таҳдиди ин гурӯҳҳо ("Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" ва ҳампаймонҳои он. -идора) дар баробари Толибон* (тақрибан бо шеваи гурӯҳҳои дар Сурия қудратро гирифта дар Афғонистон низоми ҷумҳуриро суқут доданд ва қудратро соҳиб гардиданд. -Идора) ба маротиб бештар аст, чунки гурӯҳи “Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом” ва дигар гурӯҳҳои ҳамсулҳ бо он, иддаои эҷоди хилофати ҷаҳонии исломро доранд (Манзур, дар саросари ҷаҳон паҳн кардани ғояҳои худ. -Идора ). Дар ҳоле ки Толибон маҳдуд ба қаламрави Афғонистон ҳастанд ва низоме, ки дар мадди назарашон аст, аморат аст, на хилофат”, - мегӯяд Қосим Бекмуҳаммад.
Бо назардошти ин, ӯ таъкид менамояд, ки “бидуни истисно барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иттифоқ ва вазъияти Сурия таҳдид ҳаст ва паёмадҳоеро низ дар пай хоҳад дошт, ки рӯйи он ба сурати ҷиддӣ бояд кор кард. Бояд иқдомоте анҷом дод, то тамоюл ва гаравидани махсусан ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ба ҳадди аққал расонида шавад”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста