Нисбати корманди Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Саидшо Шарипов, ки аз сайёҳи Руминия пул тамаъ карда буд,  аввали моҳи июн мутобиқи моддаи 314 (суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бо назардошти аз сафҳои милитсия хориҷ шудани ӯ ва ҳамчунин иқрори софдилонааш ба гуноҳ, парванда қатъ шуд.

“Ғайр аз ин, мақомоти тафтишот онро ҳам ба назар гирифт, ки ӯ саробон ва тарбияткунандаи дӯ кӯдаки ноболиғ аст. Аз ин рӯ, гуноҳи ӯро бахшиданд”, - гуфт ӯ.

Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки Шарипов минбаъд ҳеҷ гоҳ дар сохторҳои давлатӣ, бахусус дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ кор карда наметавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.