Муаллифи суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол Гулназар Келдии 75-сола имрӯз дар бемористон аз олам даргузашт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
“Вазъи солимии шоир имрӯз бад шуда, ба ӯ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда шуд, лекин мутаассифона, сарфи назар аз талошҳои табибон, наҷот додани устод муяссар нашуд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан зикр гардида буд, ки чанде рӯз пеш Гулназар Келдӣ ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар яке аз бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда, рӯзҳои ахир ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба шушҳо пайваст шуда буд.
Дилписанд Келдиев, писари шоир ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки маросими видоъ бо шоир пагоҳ, 14 август баргузор мешавад. Дар куҷо алҳол маълум нест.
Моҳи сентябри соли 2019 Гулназар Келдӣ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки ҳарчанд солманд шуда бошад ҳам, худро ҷавон эҳсос мекунад.
«Агар имрӯз бигӯям, ки пир шудам, ҳақиқатан пир мешавам. Ман ҳоло ҷавонам ва пириро ба гардан намегирам. Хушнуд аз онам, ки дар ҷамъи дӯстон ва оилаи меҳрубонам умр ба сар мебарам», - гуфта буд шоир.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.