Шоир Гулназар Келдӣ, ки чанд рӯз қабл ба гумони ба коронавирус мубтало гардидан дар бемористон бистарӣ шуд, айни ҳол дар ҳолати вазнин қарор дошта, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.
“Устод дар ҳолати вазнин қарор дошта, табибон маҷбур шуданд, ки он касро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунанд. Баъзе ВАО хабар медиҳанд, ки шоир дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ аст, лекин ин тавр нест. Ӯ дар Беморхонаи кӯдаконаи клиникии сироятии Душанбе табобат мегирад”, - хабар дод манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, духтурон беҳбуди вазъи солимии ӯро аз эҳтимол дур надониста, ба шифои ҳарчи зудтари шоир умедворанд.
Пайвандону наздикони шоир низ хабар медиҳанд, ки вазъи солимии Гулназар Келдӣ рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.
Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва яке аз хешовандони шоир рӯзи 12 август дар саҳифааш дар Facebook чунин навишт:
“Ба ҳамаи дӯстонам, ки ба вазъи солимии Устод Гулназар таваҷҷуҳ доранд, аз номи худам ва ба ҳамаашон аз номи Гулназар Келдӣ миннатдорӣ изҳор мекунам. Рӯзҳои аввали беморӣ шоир ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ниёз дошт ва акнун вазъаш рӯ ба беҳбудӣ оварда, муътадил мешавад”.
Гулназар Келдӣ - адиб ва рӯзноманигори тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон.
Гулназар Келдӣ 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Таҳсил дар мактаби миёнаро бо нишони тилло анҷом дода, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва онро соли 1966 бо дипломи аъло хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Сипас дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» дар вазифаҳои мудири шуъба ва сардабир фаъолият кардааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ будааст.
Айни ҳол муовини раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди 40 маҷмӯаи ашъори ӯ ба табъ расидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) шудааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Гулназар барандаи ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1985) ва ҷоизаи ба номи М. Турсунзода (1991) низ буда, соли 1995 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.