Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гуноҳи қаллобӣ 10 сол зиндон шуда буд, бо пардохти ҷуброни зарар ва татбиқи қонуни авф баъди 9 моҳи ҳабс ба озодӣ баромадааст.
Дар ин бора худи Азиза Ҳайдарова ба Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтааст, “аз баҳри як манзили баҳсӣ, ки сабаби боздошт шуданам гардида буд, гузаштам”.
Ӯ афзудааст, ки ҳафтаи гузашта аз маҳбас ба хона баргашт ва аз вазъи саломатӣ шикоят надорад.
“Талаби даъвогарро қонеъ кардам. Ҳарчанд хонаро модарам бо пуле харида буд, ки дар муҳоҷират ба даст овардааст, ба даъвогарон додам. Пас аз он нисбат ба ман қонуни афв татбиқ карда шуд. Ҳоло дар Хуҷанд ҳастам”, - зикр кардааст Азиза Ҳайдарова.
Номбурда дар робита ба қазияи боздошту зиндонӣ шуданаш, ҳамчунин парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, ки гуфта мешуд, ӯро маҷбур кардаанд, ки бар зидди додраси собиқ баёнот диҳад, ҷузъиёт надодааст ва танҳо гуфтааст, “то замони интиқол ба маҳбаси Норак дар боздоштгоҳ фишори зиёд меоварданд, ки ба хости муфаттиш ҳарф занам”.
Қаблан, Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “духтарашро маҷбур кардаанд ба зидди Рустам Саидаҳмадзода баёнот диҳад ва баҳси хона танҳо баҳона аст".
Моҳи декабри соли гузашта, Азиза Ҳайдароваи 23-сола бо “қаллобӣ”, “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” гунаҳкор дониста шуда, 10 сол равонаи зиндон шуда буд.
Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо судури “ҳукмҳои сафед”-аш маъруф буд, дар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ 6,5 сол равонаи зиндон гардид. Дертар Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм 1,5 солашро кам кард.



Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Ушел из жизни Мухсин Мухаммадиев. Вся его жизнь была посвящена футболу
С Новым годом, друзья!
19 артистов и один большой концерт: Tarona Music Award-2025
ТЕСТ: Какой ты новогодний герой?
2026 год Огненной Лошади: что ждёт каждый знак и как использовать энергию года
Татьяна Садыкова-Никитина: Музыка, сотканная из эпохи
Международное образование в Центральной Азии: как УЦА открывает путь к глобальной карьере?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста