Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Рустам Саидаҳмадзода, собиқ додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо судури ҳукми сафед машҳур гардида буд, кам кардааст. Саидаҳмадзода моҳи апрели имсол дар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм 1,5 солашро кам кардааст.
Як масъули Додгоҳи олӣ 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки зинаи кассатсионӣ охири ҳафтаи гузашта ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро тағйир додааст.
Ҳоло маълум нест, ки Рустам Саидаҳамадзода боз шикоят мекунад ё не. Ин додраси пешин моҳи апрел дар сухани охиринаш иттиҳомҳоро рад карда, талаб намуда буд, ки ӯро озод кунанд.
Агарчӣ Рустам Саидаҳмадзода моҳи апрел ба зиндон маҳкум шуда буд, вале Додгоҳи олӣ ва ҳам пайвандонаш ҳукми ӯро то ин дам махфӣ нигоҳ медоштанд.
Додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам мекунанд, аммо Саидаҳмадзода дар сухани охиринаш ҳама иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ хонда буд.
Қазияи Рустам Саидаҳмадзода асосан барои содир кардани ҳукми сафед боис ба таваҷҷуҳ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафед каманд.
Тибқи омори расмӣ, солона додгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор парвандаи ҷиноиро баррасӣ мекунанд, вале аз миёни ҳазорҳо муттаҳам соли 2020 танҳо 2 ва соли 2021 фақат 11 нафар сафед шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли гузашта додгоҳҳо 5508 парвандаи ҷиноиро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набаровардаанд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста