Рӯзи 14-уми майи соли равон нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.
"Давоми моҳи апрел то имрӯз чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд",- менависад манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба итмом мерасад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Аз 1-уми апрели соли равон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.





«Шогун бахор муборак». Об исчезнувших обрядах Горного Бадахшана на Навруз
Трамп дал Ирану 48 часов для открытия Ормузского пролива, пригрозив ударами по электростанциям
В дорогу с Rohnamo: таджикистанец создал справочник по общественному транспорту Душанбе
Эмомали Рахмон: «Мусульмане должны поддерживать друг друга в трудные времена»
В Таджикистане зарегистрировано около 3600 изобретателей. Что они создают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 марта 2026 года
Блюда на Навруз: фудблогер Шамсиддин Насриддинов делится рецептами на всю неделю
Иран выпустил банкноту рекордного номинала на фоне войны и экономического кризиса
Как Яванская пустыня превратилась в развитый индустриально-аграрный регион Таджикистана
Таджикистан не сможет принять Кубок Азии-2031: под давлением ФИФА турнир отменен
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста