Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 1 моҳ дар тамоми кишвар 70 дарсад иҷро шудааст, хабар дод Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандон аз то ҳол аз сарбозшикор ё “облава” хабар медиҳанд ва коршиносон мегӯянд, роҳҳои ғайриқонунии даъват ба хидмат пас аз 15-уми май, замоне, ки вақти кам мондаву иҷрои нақша мушкил мешавад, бештар истифода мегардад.
Вазорати мудофиа менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст:
- шаҳри Душанбе 51 дарсад;
- вилояти Суғд 55 дарсад;
- вилояти Хатлон 86 дарсад;
- шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 74 дарсад;
- ВМКБ 100 дарсад.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар “азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд”.
"Баъди 15-уми май шикотяҳо бештар мешавад"
Дар ҳамин ҳол, Дилрабо Самадова, роҳбари ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвадӣ”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон машғул аст, гуфт, ҳарчанд шикоятҳо аз шеваи ғайриқонунии давъат бар артиш дар як моҳи охир буд, вале нисбат ба соли гузашта камтар шудааст.
Вале афзуд, аз рӯи таҷрибаи солҳои пешин асосан шаҳрвандон баъди 15-уми май, яъне вақте муҳлат камтар боқӣ монду нақша пурра иҷро нашуд, роҳҳои ғайриқонунӣ бештар истифода мешаванд ва шаҳрвандон ба ин ташкилот муроҷиат менамоянд.
“Барои маслиҳат ва роҳнамоӣ ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ ва мавзуҳои вобаста ба он муроҷиатҳо зиёд буд. Агар нақшаи даъвати ҳарбӣ 70 дарсад иҷро шуда бошад, хурсандиовар аст. Вале агар ин рақам воқеият надошта бошад, пас аз ин роҳҳои ғайриқонунӣ бештар истифода бурда мешавад ва ба мо ҳам бештар шикоят меояд”, - гуфт Дилрабо Самадова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” рӯзи 1-уми май.
Қаблан низ ин ҳомии ҳуқуқи сарбозони тоҷик дар “Фейсбук” навишта буд, ки “чанд муроҷиат дар бораи “облава” гирифтем...”.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.
Ғайр аз ин, имсол дар Душанбе шеваи нави “сарбозшикор”-ро пеш гирифтаанд: чанде аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карданд, ки онҳоро дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт иҷборан ба маршруткаи берақам бор карда, дар бораи хидмати ҳарбӣ кардан ва ё накарданашон пурсон мешаванд.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”
Кто сказал, что у бизнеса не женское лицо? Истории таджикистанок, которые открыли и успешно развивают свое дело
«Возмездие неотвратимо». Путин утвердил ядерную доктрину России
Делегация Таджикистана отправилась укреплять связи с Малайзией и странами АСЕАН
Где сходить по нужде? Составили карту общественных туалетов Душанбе
Неделя математики, физики и компьютерных наук: в Таджикистане завершился образовательный проект СКФУ
Военная прокуратура Куляба расследует причины гибели служившего в погранвойсках срочника
Талибы усилили контроль за запретом на показ людей в СМИ
Женщинам с инвалидностью в Таджикистане практически недоступны медицинские услуги. Как можно изменить ситуацию?
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста