Дар Тоҷикистон зина ба зина уҳдадории падару модарон барои таълиму тарбияи фарзанд ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо сангинтар мешавад: аз ин пас волидони муҳассилин барои бесабаб зиёда аз 50 соат ба дарс наомадани фарзандашон то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Ин ҷазо дар тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, қайд гардидааст.

Дар қисми 1-и моддаи 90-и кодекси мазкур зикр мешавад, ки “барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 50 соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.

Ҳоло 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот акнун волидони “хонандагони дарсгурез” аз 720 то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати дарсгурезӣ ба қайд гирифта шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима таъйин мегардад.

Қаблан дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин ҷазо пешбинӣ нагардида буд. Танҳо зикр мегардид, ки барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон, истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ сарпарастони кӯдакон ҳангоми набудани аломати ҷиноят огоҳӣ ё аз 3 то 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 576 сомонӣ) ҷарима баста мешаванд.

Бояд гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмур имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар - “Ҷумҳурият” ба нашр расида, ҳукми иҷро пайдо кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки қонунгузории кишвар ба тадриҷ раванди ба таҳсил фаро гирифтани кӯдаконро мушаххас ва ҷазо барои аз таҳсил дур мондани хонандагонро сангинтар карда истодааст.

Чанде пештар ҷазо барои монеъ шудан ба таҳсили хонандагон то синфи 11 сангинтар шуда, барои ин то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҳатто то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид.

Ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд ва дар асоси моддаи 164-и тағйиру иловаҳои кодекси мазкур, ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба андозаи аз 1 ҳазор то 1 ҳазору 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ мешавад.

Ғайр аз ин, дар асоси тағйироте, ки моҳи феврал ба Қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид.

Дар сурати қатъи таҳсил, бояд хонанда омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома диҳад.

Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 қатъи таҳсил кунанд.

Ёдовар мешавем, ки таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад ва қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.