Шурӯъ аз 4-уми июли соли равон ширкати ҳавопаймоии эронии “Varesh Airline” парвозҳоро дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе барқарор мекунад. Дар ин бора аз намояндагии ин ширкат дар Душанбе ба “Asia-Plus” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шурӯи парвозҳо айни замон танҳо ба Машҳад дар назар буда, парвозҳо ба Теҳрон ҳанӯз маълум нест, ки кай барқарор мешавад.
“Парвозҳо ба Теҳрон кай дубора оғоз мешаванд, ҳанӯз маълум нест”, - гуфтанд аз намояндагии ширкат.
Қарор аст парвозҳо ба Машҳад ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом шаванд.
Ёдрас мешавем, дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airline” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шуда буданд.
Гуфта мешуд, ки шаҳрвандони Эрон, ки наметавонанд ба ватан баргарданд, метавонанд раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.
Ҳамчунин интизор мерафт, ки аз Душанбе ба Ашқобод як парвози чартерӣ анҷом дода шавад.
Ба гуфтаи ширкат, рӯзи шанбеи гузашта, 28-уми июн парвози чартерӣ бо 103 шаҳрванди Эрон ба Ашқобод ташкил шуд ва мусофирон тавассути роҳи заминӣ вориди Эрон шуданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.





В Таджикистане повысили штрафы за уклонение от уплаты налогов
Конкурс «Илм - фуруги маърифат» переходит в цифровой формат
В Согде задержан молодой мужчина, подозреваемый в убийстве соседа
На культуру и искусство в Таджикистане потратят 100 миллионов сомони. На что именно пойдут деньги?
Семь стран Европы направили военных в Гренландию
Узбекистан усилил охрану границы спецподразделением с беспилотниками Bayraktar
Мачадо «вручила» Трампу Нобелевскую премию мира в Белом доме
В Таджикистане резко похолодает и выпадет снег
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 января 2026 года
Кто и как заполняет таджикскую Википедию?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста