Бо оғози соли нави хониш, теъдоде аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки  мудирони мактаб онҳоро ба харидани либоси мактабӣ аз ширкатҳои махсус маҷбур мекунанд. Дар ҳоле ки ин либосҳо нархи гарону сифати паст доранд.

Аммо масъулини мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, либосҳои мактабие, ки дар ширкатҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, сифати беҳтар ва нархи камтар доранд, аммо бо ин ҳам касе ҳақ надорад, ки волидонро ба хириди он маҷбур кунад.

 

“Якеро гиру рав”

Хабарнигори “Азия-Плюс” ду маротиба ба ду ширкати дӯзандагӣ - Корхонаи “Нассоҷии тоҷик” ва Корхонаи “Гулистони Душанбе” рафт ва андешаи масъулону харидоронро вобаста ба сифат ва нархи либосҳои мактабӣ пурсид.

Акс аз Asia-Plus

Сараввал аз ярмаркаи либосҳои мактабӣ дар ширкати дӯзандагии “Гулистони Душанбе” боздид кардем. Аммо харидорон он ҷо кам буданд.

Аммо дар корхонаи “Нассоҷии тоҷик” муштариён зиёд буданд ва ҳатто назди хазина навбат меистоданд. Аксари харидорон барои фарзандони худ либос интихоб мекарданд.

Яке аз волидон иддао мекард, ки аз мактаб талаб кардаанд, аз ин корхона расид баранд. Ӯ шиква дошт, ки дар баробари ин маҷбур аст аз бозор ҳам дубора либос харад, зеро фарзандонаш ин либосҳоро намепӯшанд ё дар муддати кутоҳ ин либосҳо корношоям мешаванд.

Марди дигаре, ки мехост барои духтари хурдсолаш куртаи духтарона харад ва бо фурӯшанда мунозира мекард, ки андозаи мувофиқро пайдо кунад. Фурӯшанда мегуфтанд, “якеро гиру рав”.

Чанде пеш хабарнигори “Азия-Плюс” бо коршинос низ ба ин корхона рафта, аз ӯ дар бораи сифати матоъ ва дӯхти либосҳо пурсида буд. Коршинос ҳар як тарҳи либосҳоро аз назар гузаронида, дар охир хулоса карда буд, ки дар корхона мушкили асосӣ на дар дӯхт, балки дар матоъ аст.

Ба гуфтаи ӯ, гарчанд дар барчаспи ҳамаи либосҳо таркиби матоъ як нишон дода шудааст, аммо таркиби ҳар навъ матоъ дигар аст ва аксар сахту дуруштанд ва мешавад бо фишурдани матоъ чӣ гуна будани он ва таркибашро муайян кард.

 

Посухи масъулини давлатӣ

Дар ҳамин ҳол, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иддао дорад, ки либосҳои мактабие, ки дар ширкатҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, ҳам ҷиҳати сифату дӯхт беҳтар ва аз ҷиҳати арзиш аз либоси воридотии бозорҳо арзонтаранд.

Акмал Шарофзода, сардори раёсати саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, ин ниҳод муайян кардааст, ки “сифати либосҳои мактабие, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, аз либосҳои бозор, яъне маҳсулоти воридотӣ болотар аст”.

Ба гуфтаи ӯ, арзиши либоси мактабӣ, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, нисбат ба либосҳои мактабии воридотӣ, ки дар бозорҳо мефурӯшанд, аз 15-20 то 30 сомон гаронтар аст ва ин ба сифати матоъ вобастагӣ дорад.

Ӯ мегӯяд, дар дӯхти либосҳои воридотӣ, ки дар бозорҳо мефурӯшанд, “мутаассифона, баъзан аз матоъе истифода мешавад, ки ба саломатии кӯдак зарар дорад”. Аз ин ҷиҳат, метавонад нархи либос андаке арзонтар бошад.

“Масалан, агар як ҷуфт либос дар ширкати ватанӣ 250 сомонӣ бошад, айнан ҳамин либос, ки сифату дӯхти якхела дорад, дар бозор 350 сомонӣ аст. Либосҳои арзонтар низ ҳастанд, аммо сифати паст доранд ва 60-70 дарсади матоъи онро синтетика ташкил медиҳад”, - иддао мекунад ӯ.
Акс аз Asia-Plus

 

“Аз бемасъулиятии баъзе роҳбарони корхонаҳо аст”

Ин масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нав камбуд дар дӯхту сифати либосҳои мактабиро дар баъзе корхонаҳо эътироф мекунад ва мегӯяд, нарх, сифат ва дӯхти либос дар ҳар корхона фарқ мекунад ва агар камбуде вуҷуд дорад, “аз бемасъулиятии баъзе роҳбарони корхонаҳо аст”.

“Солҳои охир миёни мардум андешае шакл гирифтааст, ки гӯё сифати либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ба талабот ҷавобгӯ нест ва ин андеша боиси норозигии онҳо гардидааст. Воқеан, ҳастанд баъзе корхонаҳое, ки дар манотиқи гуногуни кишваранд ва маҳсулоти пастсифат истеҳсол мекунанд. Аммо ин наметавонад маҳаки баҳодиҳӣ ба тамоми маҳсулоти ватанӣ бошад”, - таъкид мекунад ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз оғози фаъолияти дилхоҳ ширкат барои истеҳсоли либоси мактабӣ Оҷонсии “Тоҷикстандарт”, ниҳоде, ки сифати маҳсулотро назорат мекунад, аввал сифати матоъи либоси мактабиро, ки меъёри алоҳидаро талаб мекунад, месанҷад ва ба ҳамон намуди матоъ иҷоза медиҳад. Аммо ба гуфтаи ӯ, роҳбарони баъзе корхонаҳо баъди санҷиш дар давоми фаъолияти корхона аз матоъи арзонтар, ки воқеан сифаташ пасттар аст, истифода мекунанд ва ин “аз бемасъулияти роҳбарияти корхонаҳо аст”.

 

“Директори мактаб наметавонад талаб кунад, ки ҳама як рангу як навъ либос пӯшанд”

Иддаои Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳолест, ки волидон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам ба расонаҳо аз роҳбарони мактабҳо барои пешниҳоди расиди корхонаҳои алоҳида, шикоят мекунанд.

Аммо Акмал Шарофзода мегӯяд, дар низомномаи тавсиявии либоси мактабӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, дар бораи бо як ранг ё як навъи дӯхт ҷорӣ намудани либоси мактабӣ дар мактабҳо меъёре вуҷуд надорад.

“Директори мактаб гуфта наметавонад, ки ҳама як ранг ё як намуд пӯшед. Либоси ягонаи мактабӣ дар ҳар мактаб дар ҷаласаи шӯрои падару модарон, ки дар худи мактабҳо гузаронида мешавад, интихоб мешавад”, - мегӯяд номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, “на Вазорати маориф ва илм, на Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ин самт дахолат карда наметавонад”.

Дар Вазорати маориф ва илми кишвар ҳам тасдиқ карданд, ки ҳеҷ як мудири мактаб ҳақ надорад волидонро ба хариди либоси хос ва аз корхонаи хос маҷбур кунад. Танҳо зикр шуд, ки “либоси мактабӣ бояд ба талаботи низомномаи тавсиявии Вазорати маориф ва илм мутобиқат кунад”.

Намунаи либоси тавсиявӣ барои хонандагони макотиби кишвар дар мактабҳо насб шудааст. Дар умум, тибқи талаботи либоси тавсия, он набояд танг ва аз ҳад зиёд боз бошад. Талаботе, ки ба қавли Акмал Шарофзода, дар бозорҳо риоя намешавад ва дар чунин ҳолат, роҳбарияти мактабҳо ҳуқуқ доштаанд, талаб кунанд, ки хонандагон либоси мутобиқ ба низомнома ба бар кунанд.

 

Ташкили марказҳои либоси мактабӣ дар ҳар шаҳру ноҳия

Вазорати саноат ва технологияҳои нав тасмим гирифтааст, ки дар ҳар шаҳру навоҳии кишвар марказҳои либоси мактабӣ ташкил кунад. Ба гуфтаи Акмал Шарифзода, ин марказҳо ҳам ба сифати либоси мактабӣ ва ҳам ба тақсимоти он дар мактабҳо масъул мешавад.

Акс аз Asia-Plus

“Чунин марказҳо мушкилеро, ки байни Вазорати маориф ва илм ва харидорон буд, аз байн мебарад ва дар он марказҳо корхонаҳое иҷозат дода мешаванд, ки ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати дӯхт ба талаботи либоси мактабӣ мутобиқат мекунанд”, - тавзеҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин марказ маҳсулоти ширкатҳо санҷида шуда, барои фурӯши маҳсулот иҷозатнома дода мешавад ва ширкатҳое, ки иҷоза намегиранд, ҳуқуқи фурӯши либос ба хонандагони мактабро нахоҳанд дошт. Гуфта мешавад, ки ҳоло чунин маҳдудият ба ширкатҳо вуҷуд надорад.

 

Аз сифати пасти матоъ ва дӯхти либос ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Агар харидор аз сифати матоъи либоси мактабӣ ва дӯхти он шикоят дошта бошад, метавонад ба Оҷонсии “Тоҷикстандарт” муроҷиат кунад. Зеро масъули назорати сифати либосҳои мактабӣ ин Оҷонсӣ будааст. Дар ин бора, Вазорати маориф ва илми кишвар низ чанде пеш изҳорот нашр карда буд.

Акс аз Asia-Plus

 

Агар директори мактаб маҷбур кунад, ки“расиди корхонаи хосро биёр”, ба куҷо метавон муроҷиат кард?

Ба иттилои намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, агар роҳбарони мактабҳо волидонро маҷбур кунанд, ки аз корхонаи хос ва ё “таъиншуда” либоси мактабӣ харанд ва расид пешниҳод кунанд, метавон ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кард.

Аммо чанде пеш Вазорати маориф ва илм изҳорот нашр кард, ки дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад.

Вазорат навишта буд, масъули ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти мактабӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар аст.

Дар ин сурат, номаълум аст, ки дар асл кадом ниҳод масъули посух ба суоли боло ҳаст.

 

“60%хонандагони мактаб аз корхонаҳои ватанӣ либоси мактабӣ мехаранд”

Ба иттилои Акмал Шарифзода, имрӯз дар кишвар 146 корхонаи дӯзандагӣ фаъолият мекунад ва давоми 7 моҳи соли равон дар ин корхонаҳо беш аз 2 миллион дона либоси мактабӣ дӯхта шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли пеш қариб 102 дарсад зиёд будааст.

1/9

Ҳамчунин ӯ гуфт, ба ҳолати 1-уми августи соли равон, сатҳи таъминнокии хонандагони мактаб бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ 26 дарсадро ташкил дода, интизор меравад, ки то охири сол ин нишондод ба 60 дарсад расонида шавад.

“Дар соли 2024 сатҳи таъминнокӣ ба 50,2 фоиз баробар буд. Аз соли 2021 то 2023 бошад ин нишондод ҳамагӣ 31-32 фоизро ташкил медод. Яъне дар соли 2024 харидории либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ якбора 18 фоиз зиёд шуд, ки аз таваҷҷуҳи мардум ба либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дарак медиҳад”, - мегӯяд Акмал Шарофзода.

Корхонаҳои дӯзандагии “Нассоҷии тоҷик”, “Гулистони Душанбе”, “Чевари Лола”, “Дунёи нав”, “Амир", “Маҳина” аз калонтарин ширкатҳои дӯзандагӣ будаанд, ки дӯхти либоси мактабӣ дар онҳо роҳандозӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.