Шаби 7-ум ба 8-уми сентябри соли 2025 сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ)-ро мушоҳида карданд.

Ҳодисаи гирифти Моҳ тахминан соатҳои 21 бо вақти душанбе оғоз гардид ва чанд соат идома кард. Қаблан аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гирифти пурраи Моҳ аз соати 20:28 то 01:55 рух медиҳад.

Хабарнигорони “Азия-Плюс” якҷо бо теъдоде аз сокинони кишвар дар Расадхонаи ситорашиносии Ҳисор гирифти Моҳро мушоҳида карданд.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хоҳишмандони тамошои гирифти Моҳ “Рӯзи дарҳои боз” эълон карда буд. Онҷо хоҳишмандон тавонистанд аз телескопи Расадхонаи Ҳисор гирифти Моҳро ба таври ройгон мушоҳида кунанд.

 

1/7

Бояд гуфт, гирифти Моҳ дар як сол аз 2 то 4 маротиба рух медиҳад ва як ҳодисаи табиӣ буда, ба саломатии инсон таъсире намерасонад.

Бори охир 14-уми марти имсол ҳодисаи табии гирифти Моҳ рух дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.