Муҳлати ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия аз 7 то ба 30 шабонарӯз дароз карда мешавад. Дар ин бора Азаттик хабар медиҳад.

Созишномаи мазкур 19 июни соли 2015 дар Санкт-Петербург ба хотири мусоид будани ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ва русиягиҳо дар қаламрави Қирғизистон ба имзо расида буд.

Айни замон шаҳрвандони Қирғизистон бидуни қайд дар Русия 7 шабонарӯз ҳузур дошта метавонанд. Дар сурати тасдиқи санади мазкур, ин муҳлат то 30 шабонарӯз дароз карда мешавад. Феълан шаҳрвандони Русия бидуни қайд дар қаламрави Қирғизистон 90 шабонарӯз ҳузур дошта метавонанд, вале ин муҳлат то 30 шабонарӯз кам карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни қайд дар Русия 15 шабонарӯз ва шаҳрвандони Русия бидуни қайд дар қаламрави Тоҷикистон 3 шабонарӯз ҳузур дошта метавонанд.