Рӯзи 3 - юми май дар ҷаҳон Рӯзи озодии матбуот ва ё озодии сухан таҷлил мешавад. Дар матлаби зерин сатҳи озодӣ дар Тоҷикистон тайи 12 соли охир мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамчунин, муҳимтарин рӯйдодҳо дар фазои расонаӣ, ки ба сатҳи озодии сухан таъсири манфӣ расониданд, ёдоварӣ шудааст.

Дар гузориши Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” барои соли 2023 миёни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар мақоми 153-юм қарор гирифт, ки як зина поёнтар аз соли гузашта аст.

Барои муқоиса, соли 2009 Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷои 113-ум қарор дошт. Ин далелро дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик (аллакай соли 2012) раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ифтихор таъкид карда буд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон ва нозирон, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 бадтар шудааст.

Дар ин миён мавориди латту кӯби хабарнигорон ва даъво алайҳи онҳо бештар шудааст ва ин боис гардидааст, ки бархе аз хабарнигорон касб ва ҳатто кишварро тарк кунанд, бархе расонаҳои фаъол баста шаванд.

 

Журналистикаи босифат дар ҳоли рукуд аст

Соли 2012, замоне ки 100-солагии матбуоти тоҷик таҷлил мегардид, дар Тоҷикистон 446 рӯзномаву маҷалла сабти ном шуда буд, ки 270-тои онҳо моликияти давлатӣ буд. Ду сол пеш, соли 2021 тибқи омори Вазорати фарҳанг дар кишвар 376 рӯзнома, аз ҷумла 112 нашрияи давлатӣ ва 264 нашрияи мустақил, 245 маҷалла (114 давлатӣ ва 131 мустақил) сабти ном шудааст.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти "Афзалиятҳои расонаии аҳолии Тоҷикистон", ки дирӯз, 2-юми майи соли 2024 эълон гардид, теъдоди матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. 

Дар соли 2012 дар кишвар 10 оҷонсии иттилоотӣ сабти ном шуда буд, ки 9-тои онҳо ғайридавлатӣ буданд. Бо гузашти 12 сол ҳамагӣ 1 хабаргузории мустақил илова шудааст.

Тибқи омори соли 2012, дар Тоҷикистон 44 шабакаи радио ва телевизион фаъолият мекард, ки 28-тои онҳо хусусӣ буданд. Дар соли 2022 ин шумора ба 78 адад расид, аз ҷумла 13 телевизиони давлатӣ ва 10 радио, инчунин 33 телевизион ва 22 радиои хусусӣ.

Тибқи омор, аз соли 2012 инҷониб теъдоди расонаҳо афзоиш ёфтааст. Аммо аз саҳна дур шудани нашрияҳои бонуфузи ҷамъиятӣ ва ба далоили мухталиф баста шудани онҳо бозгӯи вазъи воқеии расонаҳои хабарӣ дар кишвар аст.

Аз ҷумла, қатъи фаъолият кардани нашрияҳои “Миллат”, “Нигоҳ”, Оҷонсиҳои хабарии “Тоҷнюс” ва “Озодагон” ва дар ҷойи онҳо пайдо нашудани расонаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аз коҳиши расонаҳои босифати миллӣ далолат мекунад.

Ҳамчунин, дар ин давра барои таъсиси ҳатто як телевизиони хусусии умумиҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон шароит фароҳам оварда нашуд.

Ҳама радиоҳои мустақил, ки дар ин давра пайдо шуданд, қолаби фароғатӣ ва иттилоотӣ дошта, аксаран бо ҳадафи тиҷоратӣ ташкил шудаанд.

 

Оғози парвандаҳо алайҳи рӯзноманигорон

Аз соли 2010 инҷониб теъдоди даъвоҳо ва боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи хабарнигорон афзоиш ёфтааст. Шикоятҳо аз фишору таъқиб ҳам зиёд шудааст.

Аз ҷумла, моҳи майи соли 2012 яке аз пурсарусадотарин мурофиаҳои додгоҳӣ дар расонаҳо, ки ҳанӯз дар соли 2010 оғоз шуда буд, ба поён расид.

Моҳи феврали ҳамон сол се додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев, Маҳмадиссо Саидов ва додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Фахриддин Додометов вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев, ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия-Плюс”-ро ба додгоҳ кашида, талаби пардохти 5 млн сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ карданд.

Баҳс дар хусуси матлаби Солиҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъи 31 сокини Исфара буд. Ин сокинон ба ҳамкорӣ бо Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз чеҳраҳои ҷанҷолбаранг дар моҷароҳои ахири сиёсӣ ва ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешуданд. Онҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Моҳи майи соли 2012 ба далели даст кашидани даъвогарон, парванда алайҳи адвокат ва се ҳафтанома қатъ карда шуд.

Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” яке аз рӯзноманигорони тоҷик аст, ки барои матолибаш ду бор зиндонӣ шудааст.

Соли 2010 пас аз нашри матлаби интиқодии "Ашт валангор мешавад" алайҳи ӯ бо иттиҳоми "тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ" парванда боз шуда, 11 моҳро дар боздоштгоҳи муваққатӣ сипарӣ кард. Сипас рӯзноманигор бо дастгирии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар озод карда шуд.

Бори дуюм 28-уми октябри соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба 11 соли зиндон дар колонияи низомаш сахт маҳкум шуд. Мақомот рӯзноманигорро ба тамаъҷӯии 100 сомонӣ муттаҳам карда, баъдан гӯё ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ зимни як амалиёт боздошт шуд.

Баъди тақрибан 9 соли зиндон, 16 апрели соли 2022 Исмоилов озод шуд. Дар тӯли 8 соле, ки рӯзноманигор адои ҷазо мекард, дар Тоҷикистон чаҳор қонуни афв қабул шуд, аммо муҳлати ҷазои ӯ ҳамагӣ 1 солу 4 моҳ кам гардид. Бори охир соли 2021 бар асоси қонуни афв мӯҳлати ӯ 3 моҳу 18 рӯз кам карда шуд.

Исмоилов баъди озод шудан аз зиндон худро бегуноҳ эълон кард.

Маҳмадюсуф Исмоилов
Asia-Plus

Рӯзи 29-уми майи соли 2013 Рамзия Мирзобекова, муовини сардабири рӯзномаи “Азия-Плюс” барои “сӯҳбат” ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуд. Рӯзноманигорро оид ба матолибе, ки даор хусуси рӯйдодҳои Хоруғ дар тобистони соли 2012 навишта буд, бозпурсӣ кардаанд.

Тибқи иттилои созмонҳои журналистӣ, танҳо дар 7 моҳи соли 2013 дар робита ба фаъолияти рӯзноманигорон ва расонаҳо 6 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. Аксари ин даъвоҳо алайҳи нашрияҳо ва рӯзноманигорон марбут ба ҳифзи шаъну шараф ва одоби журналистӣ будааст.

Масалан, даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Амонулло Ҳукумов алайҳи рӯзномаи “ИмрӯзNews” бо ҷаримаи расона ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт.

Даъвои ширкати “Тоҷирон” алайҳи вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова ва “ИмрӯзNews” барои тӯҳмат ва паст задани обрӯи ширкат дар матлаби “Мурдафурӯшӣ дар “Тоҷирон” бо 1 сомонӣ ҷаримаи нашрия ба поён расид. Файзинисо Воҳидова 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Парвандаи дигар ба даъвои мудири кӯдакистон алайҳи Радиои Озодӣ марбут буд, ки ба фарқ аз дигар парвандаҳо, ба нафъи Радиои Озодӣ анҷомид. Ду парвандаи дигар - даъвои намояндагони Кумитаи дин алайҳи хабарнигори “Тоҷнюс” ва баҳси як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳафтаномаи “Самак” баъдан қатъ карда шуд.

Шоир Аскар Ҳаким дар моҳи марти соли 2013 баъди нашри як матлаб дар рӯзномаи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, хостори пардохти 150 ҳазор сомонӣ зарарӣ маънавӣ шуд. Аммо 7-уми октябри соли 2013 бо сабаби напардохтани боҷи давлатӣ аз ҷониби даъвогар суд парвандаро қатъ кард.

Моҳи июли соли 2013 панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ, аз ҷумла Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи меъморон, Академияи илмҳо ва омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ Дилбар Абдиева барои “таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёиён” алайҳи муҳаррири рӯзномаи “Азия-Плюс” Олга Тутубалина ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурд ва 200 000 сомонӣ талаб намуданд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 25-уми феврали соли 2014 Тутубалина ва рӯзномаро муваззаф кард, ки ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, ки ба гуфтаи онҳо, баъди мутолиа зарари маънавӣ дидаанд, 15 000 сомонӣ (ҷамъ 30 000) ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунанд.

Додгоҳ “Азия-Плюс”-ро муваззаф кард, ки дар давоми ду ҳафта раддия нашр кунад.

Журналист ва наворбардори “Озодагон” Абдураҳим Шукуров моҳи декабри соли 2013 барои наворбардории гирдиҳамоии барои пуштибонӣ аз соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов ташкилшуда, ҷарима гардид.

Рӯзи 11-уми июли соли 2018 рӯзноманигор ва раҳбари дастаи “КВН-и Тоҷикистон” Хайрулло Мирсаидов бо ҷурми “азхуд ё тасарруфи маблағҳои давлатӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ”, “сохтакорӣ” ва “расонидани хабари бардурӯғ” ба 12 соли зиндон дар колонияи низомаш сахт маҳкум шуд. Баъдан, баъди пардохти 124 000 сомонӣ ҷуброни зиён ба давлат Мирсаидов аз толори додгоҳ озод карда шуд ва кишварро тарк кард.

Хайрулло Мирсаидов

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми апрели соли 2020 рӯзноманигор Далер Шариповро барои “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё мазҳабӣ” муттаҳам ва ба як соли зиндон маҳкум кард.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ бо нашри изҳорот аз боздошти Далер Шарипов изҳори нигаронии амиқ намуда, таъкид карданд, ки ин ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабт дорад.

Далер Шарифов
Акс аз bhr.tj

Журналистонро латукӯб мекунанд

Тайи 10 соли ахир ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди латту кӯби хабарнигорон низ гардид.

Моҳи августи соли 2011 рӯзноманигори тоҷик Хуршеди Атовулло, моҳи феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи ҳоло мамнӯи “Наҷот” ва 7-уми майи соли 2012 Далер Шарифов, хабарнигори вақти телевизиони “Сафина” аз сӯи афроди ношинос латукӯб шуданд.

То ҳол гунаҳкорони ин ҷиноятҳо ошкор нагардидаанд.

Соли 2013 котиби матбуотии Кумитаи гумрук Абдураҳими Умариён ва моҳи сентябри соли 2016 Доро Сӯҳробӣ, рӯзноманигор-таҷрибаомӯзи нашрияи “Фараж” латукӯб шуданд.

29-уми майи соли 2020 дар ноҳияи Хуросон хабарнигори “Азия-Плюс” Абдулло Гурбатӣ аз ҷониби афроди ношинос латукӯб шуд. Ӯ аз оқибатҳои офати табиӣ дар ин ноҳия гузориш таҳия мекард.

Ҳамлагарон баъдан пайдо (рӯзноманигор рақами давлатии мошини онҳоро акс гирифта, аз болояшон шикоят кард) ва барои авбошӣ ҳар яке 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (580 сомонӣ) ҷарима шуданд.

4-уми марти соли 2021 хабарнигорони Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева ҳангоми омода кардани гузориш дар бораи болоравии қимати маводи сӯхт мавриди ҳамлаи кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро ойл” қарор гирифтанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Акс аз Asia-Plus

Тағйирот ба қонунгузорӣ аксар вақт ба зарари ВАО аст

Барои рӯзноманигорони Тоҷикистон соли 2012 бо тағйироти мусбат оғоз шуд. Раисиҷумҳур дар суханронии худ ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик эълон кард, ки дар Тоҷикистон моддаҳои “Таҳқир” ва “Тӯҳмат” аз ҷиноят хориҷ карда шуда, аз Кодекси ҷиноӣ ба Кодекси шаҳрвандӣ интиқол дода мешаванд.

Ин тағйирот натиҷаи талошҳои чандинсолаи журналистони тоҷик буд, борҳо ба парлумон пешниҳод гардида буд.

Соли 2013 (19-уми март) пас аз се соли баҳсҳои тӯлонӣ дар таҳрири нави Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” қабул шуд.

Ин қонун дар парлумон бо ҳузури рӯзноманигорон баҳс мавриди баҳсҳо қарор гирифт.

Барои таҳияи лоиҳаи қонун аз ҳисоби намояндагони порлумон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони ВАО гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ин қонун, ки қонуни аслии танзими фаъолияти рӯзноманигорон ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон аст, бо талошҳои ҷомеаи рӯзноманигорӣ нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблӣ бартариҳои зиёд пайдо кард.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода, раиси созмони “Журналист” ва узви гурӯҳи кории таҳиякардаи ин қонун, чанд масъала куллан тағйир ёфтааст:

шарҳи мафҳумҳои асосӣ (моддаи 1), ҳуқуқ ба раддия (моддаи 19), ҳуқуқ ба гирифтани маълумот (моддаи 23), ҳифзи манбаи иттилоот (моддаи 27) ва ҳуқуқи журналист (моддаи 28).

Дар қонун ҳамчунин баъзе сабукиҳои дигар, аз ҷумла кам кардани вақти пешниҳоди иттилоот ба журналистон пешбинӣ шудааст.

Қабл аз соли 2012 ду ташаббуси раисиҷумҳур низ гарм истиқбол карда шуд: нишасти матбуотии нимсола (аслан як маротиба дар семоҳа) дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва фармони маъруфи 622 дар бораи вокуниши мансабдорон ба гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидии ВАО.

Ҳамзамон, ба баъзе қонунҳои дигари соҳавӣ, аз ҷумла “Қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва “Дар бораи реклама” қисман тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аммо талошҳои ҷомеаи рӯзноманигорон барои лағви муҷаввиз ба ширкатҳои хусусии родио ва телевизион аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио, ки худ як бозигари фаъоли фазои иттилоотист, то ҳол натиҷа надодааст.

Моҳи июни соли 2020 дар пайи хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба нашри маълумоти бардурӯғ тағйирот ворид карда шуд.

Мақомот намехостанд, ки ягон маълумоти дигар (ғайрирасмӣ) дар бораи вазъи воқеии кишвар паҳн гардад.

Тибқи ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ва ҳатто ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шуда буд, аммо эътироф бояд кард, ки бо ин модда касе ҷазо дода нашуд. Ҳарчанд ин тағйирот дар Гузориши ҷаҳонии озодии баён дар соли 2021 ҳамчун омили маҳдудкунандаи озодии баён зикр шудааст.

 

Рӯзноманигорон кишварро тарк мекунанд

Тайи 10 соли ахир, пас аз афзоиши фишор ва таъқиби расонаҳо, теъдоди қобили мулоҳизаи хабарнигорони тоҷик ё фаъолиятро қатъ карданд ва ё тарки кишвар намуданд.

Авҷи мавҷи тарки рӯзноманигорон аз кишвар ба соли 2015 рост меояд.

Аз ҷумла, баъди даъвоҳо, ҷарима, таъқиб ва ё шароити номусоиди корӣ рӯзноманигорон Хайрулло Мирсаидов, Ҳумайро Бахтиёр, Саймуддини Дӯстов, Фаридуни Раҳнавард, Зафари Сӯфӣ, Исфандиёри Назар, Ҳикматёри Ҳикматзод ва чанде дигар дар кишварҳои Аврупо паноҳанда шуданд.

Бархе дигар аз кор дар дохили кишвар даст кашиданд, бархе ба муҳоҷират рафтанд ва теъдоде аз онҳо самти кори худро дар кишвар тағйир доданд.

Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ дар раддабандии байналмилалии озодии баён ҷойгоҳи худро аз даст дод ва ҳам дар дохили кишвар, расонаҳои ҷиддию бонуфуз ба далели омилҳои мухталиф фаъолияти худро мутаваққиф карданд ва шикоятҳо аз таъқиб афзоиш ёфтанд.

Ин давраро метавон рукуди озодии баён намид.

Аммо то соли 2009 низ вазъи озодии баён дар Тоҷикистон чандон хуб набуд.

 

Монеа барои матбуот зиёд мешавад

29 ноябри соли 2018 сомонаи маъруфтарини хабаррасон – “Азия-Плюс” - www.news.tj дастнорас шуд.

Ба ин монанд масдудкунии сомона давра ба давра пеш ҳам рух медод, вале онҳо аз чанд рӯз то ду моҳ давом мекарданд. Сомонабандии охир бесобиқа аст - 5 сол боз идома дорад. Ба таври расмӣ торнамои “Азия-Плюс” аз ҷониби касе масдуд нашудааст.

Домени дуюми Asia-Plus - asiaplustj.info низ дертар баста шуд.

Солҳои ахир сомонаҳои “Озодагон” ва Радиои Озодӣ низ борҳо масдуд шудаанд.

 

Зиндонии чандин рӯзноманигорон

Соли 2022 барои журналистикаи тоҷик соли душвор буд.

Дар ин сол чанд рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт гардиданд. Парвандаҳои ҳамаи онҳо паси дарҳои баста муҳокима гардид ва ҳамаи онҳо аз ҷумла бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) гунаҳкор шуданд.

Ҳеҷ яке аз онҳо айбҳои эълоншударо эътироф накарданд. Эътирози онҳо ва пайвандонашон барои баргузории мурофиаи боз ба назар гирифта нашуд.

Дар ниҳоят, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол, Далери Имомалӣ ба 10 сол, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Рӯзноманигорон маҳкумшудаи тоҷик (аз чап ба рост) - Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Ҳамчунин, рӯзноманигор  ва фаъоли ҷомеа Улфатхонум Мамадшоева ба 21 сол ва блогер Хушрӯз Ҷумъаев ба 8 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Моҳи марти соли 2023 бошад, Хуршед Фозилов, рӯзноманигори дигар низ боздошт гардид. Мақомот бо гузашти наздики ду моҳ аз боздошти ин рӯзноманигор, то ҳол расман дар хусуси қазияи ӯ ҳеҷ шарҳе надодаанд.

Ба гуфтаи наздикони Хуршед Фозилов, алайҳи ин рӯзноманигор низ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз шудааст.

Хуршед Фозилов
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ахиран, алайҳи рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо Рустами Ҷонӣ низ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз гардид.

 

 

"Оромӣ" ва дастрасии душвор ба иттилоъ

Соли 2023 барои журналистикаи Тоҷикистон, пас аз ду-се соли ҳабсу таъқибҳои густурда, метавон гуфт, соли “оромӣ” буд. Дар ин сол, бо фарқ аз солҳои пешин рӯзноманигорон боздошт ё латукӯб нашуданд.

Аммо дастрасӣ ба иттилоъ мисли солҳои пешин ҳамоно душвор ва дар ҳолатҳое хеле маҳдуд боқӣ монд. Мақомот аз расонаҳо барои оддитарин маълумот дархости расмӣ тадлаб карда, қариб ҳамеша бо гузашти муҳлати дархост посух медоданд ва баъзе ниҳодҳо умуман посух намедоданд.

Нуктаи дигар ин аст, ки намояндагони расонаҳои байнулмилалӣ аз инъикоси ҷаласаҳои порлумон маҳрум шуданд. Расонаҳои хусусии маҳаллӣ ҳам дар аксари ҷаласаҳои парлумон даъват нашуданд.

Бояд гуфт, ки созмонҳои ҷаҳонии мудофеи озодии баён соли гузашта низ аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза интиқод карданд.

Аз ҷумла, Freedom House дар ҳисоботи охирини худ Тоҷикистонро яке аз ҳашт кишвари дорои “низоми мутамаркази худкома” номида, ба рушди демократия ва озодӣ дар ҷумҳурӣ баҳои пасттарин дод. Тоҷикистон дар раддабандие, ки 11-уми апрели соли 2024 нашр шуд, ҳамагӣ 1 хол гирифта, як зина болотар аз Туркманистон ҷой дорад. Баҳои баландтарин дар гузориш 7 аст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Тоҷикистонро боз ҳам барои таъқиби мухолифин, фишор ба рӯзноманигорон ва вакилони мудофеъ интиқод кард.

Афви Байнулмилал (Amnesty International) низ дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро барои “барои эҷоди фазои тарсу ҳарос дар кишвар” танқид кард.

Дубора фаъол гаштани ҳафтаномаи хусусии “Истиқлол”, ки чанд сол пеш бо сабаби молиявӣ аз нашр монда буд, яке аз камтарин хабарҳои хуш дар соли 2023 дар фазои расонавӣ буд.

Дар умум, соли 2023 фазо барои фаъолияти журналистӣ ҳамоно номусоид ва ба андешаи созмонҳои мудофеи озодии сухан, ҳатто хатарнок гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.