Чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе нимаи дуввуми моҳи март оғоз мешавад. Ба ин муносибат баргузории нишастҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои аспдавонию бузкашӣ ва фестивалҳои “Таомҳои миллӣ” ва “Бозиҳои варзишии наврӯзӣ” дар назар аст.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ин бора қарор ба имзо расонида, нақшаи дақиқ ва замони баргузории чорабиниҳоро тасдиқ кардааст.

Аз шуъбаи рушди сайёҳии ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, нахуст дар доираи ин нақша рӯзи 20-уми март Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” баргузор мешавад.

Субҳи 21-уми март бошад, дар нуқтаи баландтарини шаҳри Душанбе – “Боғи Ғалаба” бо афрӯхтани гулхани рамзӣ “Наврӯз”-ро истиқбол гирифта, “Корвони наврӯзӣ” бо созу наво вориди шаҳр мешавад ва ба сокинони пойтахт муждаи қудуми ин ҷашнро мерасонад.

Давоми рӯз дар “Майдони Истиқлол”-и пойтахт консерти идонаи наврӯзӣ доир мешавад, ки дар он сарояндагони маъруфи кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.

Рӯзи 22-юми март бо фестивали байналмилалии сайёҳӣ зери унвони “Наврӯзи Душанбе – 2025” оғоз мегардад. Ин фестивал дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе доир мешавад. Дар идомаи рӯз дар ҳамин мавзеъ фестивали “Таомҳои миллӣ” низ баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои баргузории Наврӯз фестивали “Бозиҳои варзишии наврӯзӣ” низ доир мешавад. Ҳамчунин дар чор ноҳияи пойтахт чорабиниҳои алоҳидаи идона баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ гуфт, давоми моҳи март ҳамчунин баргузории мусобиқаҳои милли куштӣ ва пойгаҳои аспдавонӣ ва бузкашӣ низ дар назар аст.

Нимаи дуюми моҳ бошад бо иштироки ҷавонон фестивали “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ” низ гузаронида мешавад. Аммо манбаъ аз замони дақиқи баргузории ин чорабиниҳо маълумот надод ва гуфт, бо иловаи ягон тағйирот ба тақвими чорабиниҳои наврӯзӣ ва дақиқ шудани макону замони дигар чорабиниҳо иттилоъ медиҳад.

Ин тақвим ба ширкатҳои сайёҳӣ низ дастрас мешавад ва онҳо вобаста ба ин бастаҳои наврӯзӣ омода карда, ба фурӯш мебароранд.

Бояд гуфт, солҳо инҷониб дар кишвар ҷашни Наврӯз дар сатҳи баланд доир мешавад ва сайёҳони зиёд дар остонаи Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Соли гузашта низ Наврӯз дар пойтахт аз афрӯхтани гулхани рамзӣ дар мавзеи баландтарини шаҳр оғоз гардида, фестивалҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзиши миллӣ доир шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.