Лоиҳа: «Озод намудани замин ва тадқиқоти ҷамоаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон» № Ҷоиз (PAT-FSD-УЗБ_TОҶ _ҚИР _01_23) TJ505000/PATRIP.
Тендер эълон менамояд
Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо (FSD), ташкилоти ғайриҳукуматии Швейтсария буда, барои безараргардонии майдони минаҳо ва муҳимоти ҷангии нотаркида махсус гардонида шудааст, то мардум ояндаи беҳтареро бунёд кунанд. Ин ташкилот дар Тоҷикистон як лоиҳаи башардӯстонаи поксозии минаҳо ва муҳимоти нотаркидаро амалӣ менамояд ва он таъминкунандагони мошинҳои зеринро барои иштирок дар лоиҳаи болозикр, ҷустуҷӯй менамояд:
а) 4 адад – мошинаи ҳамаҷогарди 4х4 SUV (Toyota Land Cruiser ё ба ин монанд)
б) 1 адад – мошини ёрии таъҷилии 4х4 (Toyota Land Cruiser ё ба ин монанд)
в) 1 адад - Камази боркаш ё ба ин монанд.
Довталабон бояд дархостҳои электронии худро дар PATRIP Cloud ба нишондоди поёнзикр пайванд кунанд:
https://cloud.patrip.org/nc/index.php/s/pPNznMaiHXHWHPE.
Пешниҳодҳо бояд танҳо аз як файли PDF иборат бошанд. Пас аз ҷойгиркунии (боркунии) бомуваффақият, дар саҳифаи ҷойгиркардашуда номи файли ҷойгиркардашуда нишон (сабт) дода мешавад. Довталабон бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки дархостҳои онҳо ба нишондоди болозикр пурра бомуваффақият ҷойгир карда шудааст.
Пешниҳоди дархостҳо дар шакли чопӣ -қоғазӣ қабул карда намешаванд. Аризаи дар шакли коғазӣ пешниҳодшуда аз раванди тендер хориҷ карда мешавад.
Иштирокчиёни тендер огоҳ карда мешаванд, ки пешниҳодҳои худро дар асоси талаботҳои дар поён зикргардида манзур намоянд:
• Рӯзи 24/01/2025, соати 10:00 дар идораи FSD, воқеъ дар Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Қурбон Раҳимов, 6-8, гузаргоҳи 2, рӯзи иттилоотӣ/маҷлиси пеш аз тендерӣ баргузор мегардад. Иштирок ҳатмӣ нест, аммо ба довталабонтавсия дода мешавад, ки метавонанд барои иштирок дар ин маҷлис ташриф оранд.
• Мӯҳлати ниҳоии манзури пешниҳод то рӯзи 06/02/2025 соати 18:00 мебошад.
• Беҳтараш пешниҳод бояд бо забони англисӣ бошад.
• Пешниҳод бояд бо ишораи дақиқ ба даъватномаи мазкур буда, номи иштирокчии тендер ва мӯҳлати ниҳоии пешниҳод қайд карда шавад.
• Вақти пешниҳодҳо аз рӯзи 07/02/2025, соати 10:00 оғоз мешавад.
• Ғолиб 21/02/2025 тавассути почтаи электронӣ эълон карда мешавад.
ШАРТҲОИ УМУМӢ
1. Мӯҳлати шартнома аз 01.03.2025 то 31.03.2026.
2. Пешниҳодҳо дар шаклӣ чопӣ ё дастхат навишта шуда, аз ҷониби намояндаи ваколатдори қонунии иштирокчии савдо имзо карда мешаванд.
3. Ин амал танҳо барои воситаҳои нақлиёт, бе ронандагон хос аст.
4. Агар хароҷоти нигоҳдории техникӣ ва хароҷоти суғурта ба нархи пешниҳод дохил карда шуда бошад, дар ин сурат тақсимоти муфассали хароҷоти тахминии миёнаи якмоҳа низ бояд ба таври аниқ зикр карда шавад.
5. Нархи пешниҳод бо сомонӣ ё доллари ИМА ифода карда мешавад.
6. Нархҳо бояд бо назардошти ҳама гуна андозҳо ва боҷҳо ҳисоб карда шаванд.
7. Шартҳои пардохт: пардохтҳо бо сомонӣ бо эквивалентии доллари ИМА тавассути интиқоли бонкӣ ҳангоми пешниҳоди суратҳисоби бонкии тиҷоратӣ анҷом дода мешаванд.
8. Шартҳои дастрасӣ: мошинҳо бояд то 01/03/2025 оварда дастрас карда шаванд.
Пешниҳоди баҳо
Барои баҳодиҳӣ танҳо пешниҳодҳое, ки дар мӯҳлатҳои дар боло зикршуда пешниҳод шудаанд, ба инобат гирифта мешаванд ва пешниҳодҳои баъди мӯҳлат ирсол гардида беэътибор дониста мешаванд.
FSD пешниҳодҳои гирифташударо дар асоси критерияҳои зерин баҳогузорӣ мекунад:
- Беҳтарин нарх марбут ба талабот. Довталаб метавонад барои тамоми харид ё як қисми он (а, б ва в мувофиқи талаботи дар поён овардашуда ба воситаи нақлиёт) дархост пешниҳод намояд.
- Вақти дастрас намудан.
- Мутобиқсозӣ (агар лозим бошад).
Ҳангоми бо ягон сабаб бекор кардани талаботи иҷора ба довталабон ҳеҷ чиз дода намешавад.
Ҳамаи баҳсҳое, ки аз иҷрои ин масъала бармеоянд ва агар бо роҳи осоишта ҳал карда нашаванд, пас ба саллоҳияти судҳои Женева гузошта мешаванд.
Талабот ба воситаҳои нақлиётӣ:
Қисми A: 4 адад – 4x4 SUV
Қисми B: 1 Воҳид - 4x4 Мошинҳои эвакуватсионии тиббӣ (мошини ёрии таъҷилӣ).
Қисми C: 1 Воҳид – КамАЗ Мошини боркаш
Талаботи умумӣ:
а. Мошинҳо бояд дар давраи амали шартномаи иҷора ба қайд гирифта шаванд. Бақайдгирӣ вазифаи иштирокчии савдо мебошад.
б. FSD барои нигоҳдории ночиз, хидматрасонии мунтазам ва таъмири зараре, ки ба фарсудашавии муқаррарӣ марбут нест, масъул хоҳад шуд.
в. Мушкилоти асосии механикии дар давоми ду моҳи аввали давраи иҷора ошкоршуда аз ҷониби пешниҳодкунандаи мошин таъмир карда мешавад.
г. Ҳама чархҳои мошин (аз ҷумла чархи эҳтиётӣ) бояд дар ҳолати хуб қарор дошта бошанд ва ҳадди аққал 6 моҳ бе фарсудашавӣ кор кунад.
д. Ба довталабон хотиррасон карда мешавад, ки ин мошинҳо мошинҳои корӣ буда, дар шароити вазнин дар саҳро истифода карда мешаванд.
Қисми A: 4 адад – 4x4 SUV (мошини ҳамаҷогард)
Мошинҳо бояд тамғаи Toyota Landcruiser навъи 76/78 ё ба он монанд бошанд. Модификатсия ва спетсификатсия бояд инҳоро дар бар гиранд:
а. Бо нишастгоҳ барои ҳадди аққал 5 нафар ва шифти калони боркашӣ муҷаҳҳаз бошад.
б. Имконоти бо радиоалоқаи VHF муҷаҳҳаз шуда (бо радиоалоқаҳои навъи Motorola комилан мувофиқ буда).
в. Модели соли 2010 ё навтар
г. Истиснои музди кори ронандагон.
д. Хароҷоти тахминии миёнаи нигоҳдории моҳона.
f. Мошини суғуртакардашуда ва бақайдгирифташуда.
Қисми B: 1 Воҳид - Мошинҳои эвакуватсионии тиббии 4x4
Мошин бояд дорои 13 ҷои нишаст, тамғаи Toyota Landcruiser 78 Series “Troop Carrier” ё ба ин монанд, ки ба сифати мошини эвакуватсияи тиббӣ такмил дода шудааст. Модификатсия ва спетсификатсия бояд инҳоро дар бар гиранд:
А Бо замбари тиббӣ муҷаҳҳаз карда шудааст
б. Бо зарфи оксигени тиббӣ ва танзимкунанда муҷаҳҳаз карда шудааст
в. Бо тахтаи пуштмонӣ ва тасмаҳои сахт муҷаҳҳаз карда шудааст
г. Фарши мустаҳкамдошта
д. Сирена ва чароғҳои огоҳкунанда
е. Модели соли 2010 ё навтар.
ё. Имконоти бо радиоалоқаи VHF муҷаҳҳаз шуда (бо радиоалоқаҳои навъи Motorola комилан мувофиқ буда)
ж. Истиснои музди кори ронандагон.
з. Хароҷоти тахминии миёнаи хизматрасонии моҳона.
и. Мошини суғуртакардашуда ва бақайдгирифташуда.
Қисми C: 1 Воҳид - КамАЗ
Мошини боркаши вазнини чархдори дасти идорашавандаи 4x4 дорои хусусиятҳои зерин:
а. Мошин бояд қобилияти бардошти вазнин (то 8 тонна) дошта бошад.
б. Иқтидори кранаш барои бардоштан то як тонна бошад (стандарти EUROP Palatte).
в. Қобилияти берун аз роҳ бо масофаи ҳадди аққал 50 см.
г. Имконоти бо радиоалоқаи VHF муҷаҳҳаз шуда (бо радиоалоқаҳои навъи Motorola комилан
мувофиқ буда)
д. Истеҳсоли давраи солҳои аз 2009 то 2024 қобили қабул аст.
е. Истиснои музди кори ронандагон.
ё. Хароҷоти тахминии миёнаи хизматрасонии моҳона.
ж. Мошини суғуртакардашуда ва бақайдгирифташуда.
Барои маълумоти иловагӣ:
Рақами телафон барои тамос: +992 888 00 88 99
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста