Ба кормандони мақомоти қудратии таъиноти махсус муяссар шуд, ки муқовимати ҷонибдорони президент пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро шикаст дода, ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд, хабар додаанд дар ситоди Отамбоев, ки ба он хабаргузории ТАСС истинод меорад.

“Бо вуҷуди муқобилисяи тарафдорони Отамбоев, ба нерӯҳои қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзили собиқ президент ворид шаванд”, - гуфтааст намояндаи ситод.

Дар амалиёт беш аз 2 ҳазор нафар кормандони милитсия ва нерӯҳои таъиноти махсус иштирок карда, наздики 300-400 нафар ҷонибдорони Отамбоев ба онҳо муқобилият нишон додаанд.

Kloop.kg хабар медиҳад, ки Отамбоев боздошт ва таҳти посбонӣ бо якчанд автомашинаи сабукрав ва автобусҳо бо низомиён аз деҳа берун бурда шудааст. Автомашинаро бо собиқ президент тазоҳургарон ба баромадан роҳ надодаанд, лекин шояд ӯро бо дигар роҳ ба Бишкек бурда бошанд, қайд мекунад нашрия.

Нашрияи 24.kg бо такя ба маълумоти манбаъҳои худ иттилоъ медиҳад, ки Отамбоев худаш мустақилона тасмим гирифтааст, ки ба ҳукуматдорон таслим мешавад Тибқи маълумоти нашрия, ӯро ба ВКД мебаранд.

Ҳукуматдорон алҳол ин маълумотро расман тасдиқ накардаанд.

Ҳамроҳи ӯ мушовираш Фарид Ниёзов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ Қундуз Жолдубоева низ боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд. Аммо пеш аз он аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти боздоштро раҳбарӣ мекард, хост, ба тарафдоронаш зиён нарасонанд. Дертар Жолдубоева хабар додааст, ки Отамбоевро ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз пеш амалиёти якуми нерӯҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон барои боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ноком анҷом ёфта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.