Иқдоми идонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи модарон ва Рӯзи байнулмилалии занон таҳти унвони “Модарони Душанбе” аз 6 то 8 март дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ҷараён гирифт.
Ин иқдом, ки аллакай чор сол инҷониб доир мегардад, бо дастгирии ширкати “Оби зулол” ва тамғаи ширини он RC Cola Tajikistan, инчунин мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор шуд.
Дар ин иқдом як автобуси идона ороёфта аз дар маркази шаҳр - хиёбони Рӯдакӣ равуо намуда, ҳамаи бонувонро, ки бо ин хатсайр ба ҷоеву коре мерафтанд, бо ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Суратгузориш ва навори видеои моро аз ҷараёни баргузории ин аксия манзуратон мегардонем.
Ширкатҳои шарики иқдоми мазкур «Сифат фарма», «Почтаи Аср», «Фабрика ширин», «American School», «Preschool», «Dahua» ва «Topegineering» дар баргузории ин аксияи мо кумаку саҳмгузорӣ карданд.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бонувони муҳтарамро бори дигар бо ҷашни Рӯзи модарон ва Рӯзи байнулмилалии занон самимона табрику таҳният гуфта барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунад!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.