Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол мунтахаби Тоҷикистон моҳи декабр муддати ду ҳафта дар хориҷи кишвар тамринҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин омодагиҳо футболбозони тоҷик бо мунтахабҳои чор дастаи қораи Осиё вохӯриҳои дӯстона баргузор мекунанд.

Гуфта мешавад, мунтахаби Тоҷикистон санаи 9 декабр дар Доҳа - бо тими Яман, рӯзҳои 13 ва 16 декабр дар Маскат – бо Уммон (ду вохӯрӣ) ва санаи 20 декабр дар Манама – бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин вохӯриҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро сармураббии нави мунтахаби олимпии ҷумҳурӣ (U-23) Усмон Тошев аз Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.