Дилшод Назаров қаҳрамони миллӣ аст. Ӯ нахустин ва то ҳол ягона қаҳрамони олимпӣ дар таърихи соҳбистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Вақте Дилшод нав ба варзишгарӣ шуғл меварзид, модараш барои ӯ дастӣ асбобу олоти варзишӣ тайёр мекард. Дар ин бора дар гузориши журналистони шабакаи телевизиони Olympic Channel доир ба Назаров маълумот дода мешавад.

Гурӯҳи журналистон ва наворбардорон тамоми рӯзи тамринӣ ҳамроҳи ӯ буданд. Дар ин муддат ӯ аз овони кӯдакӣ, тарзу усули омодагиаш ба мусобиқаҳо ҳикоят кард.

“Дар як давра ба ман модарам кумак мекард, - ҳикоят мекунад ӯ. - Мушкилот зиёд буд, гурз намерасид, мо худамон месохтем”.

Дар майдони тамрин модари қаҳрамон ҳам ҳузур дорад, ки ба гурзандоз машварату маслиҳат медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.