Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе дастаи “Зоб Оҳан”-и Эронро тарк кард. Бино ба иттилои Sports.uz, қарордод бо розигии тарафайн бекор шудааст.

“Мо қарор додем, ки қарордодро бо розигии тарафайн бекор кунем. Аз раҳбарияти даста барои розигиашон хеле миннатпазирам”, - зикр кардааст бозингар.

Дар робита ба кори минбаъдааш Эҳсони Панҷшанбе гуфтааст, аз Ӯзбекистону Уммон, инчунин аз Аврупо ҳам пешниҳодҳо дорад.

Тобистони соли равон Эҳсони Панҷшанбе тими “Навбаҳор”-и Ӯзбекистонро тарк карда, ба дастаи “Зоб Оҳан” гузашт. Бозингар бо эрониҳо боз як қарордоди 5-моҳа дошт. Айни замон футболбоз агенти озод шуд.

Гуфта мешавад, дастаҳое чун “Нефтчӣ”, “Пахтакор” ва АГМК-и Ӯзбекистон ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ доранд. Ғайр аз ин, боз дастаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ӯро дар ҳайати худ дидан мехоҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.