Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандии навшудаи мунтахабҳои мардонаи ҷаҳонро нашр кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсия хабар медиҳад.

Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина боқӣ мондааст, ки қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст. Зинаи дуюмро Испания ва зинаи сеюмро Фаронса Касб кардаанд. Ба даҳгонаи аввал (ТОП-10) Англия, Бразилия, Нидерланд, Португалия, Белгия, Италия ва Олмон шомиланд.

Бино ба маълумоти нашршуда, тими миллии Тоҷикистон дар муқоиса бо радабандии пешина мавқеи худро нигоҳ дошта, бо 1203.08 имтиёз дар мақоми 104-ум қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи март футболбозони Тоҷикистон ду бозӣ гузаронида, дар вохӯрии дӯстона аз тими Беларус бо ҳисоби калони 0:5 шикаст хӯрданд ва дар бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бо ҳисоби 1:0 тими Тимори Шарқиро мағлуб карданд.

Лаҳзае аз вохӯрии тимҳои Тоҷикистон ва Тимори Шарқӣ
Акс аз ФФТ

Байни дастаҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи - 57-ум,  Қирғизистон - 103-юм, Қазоқистон - 113-ум ва Туркманистон - 142-ум ҷойгир шудаанд.

Миёни тимҳои қораи Осиё Ҷопон пешсаф (мақоми 15-ум) буда, Эрон (мақоми 18-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ (зинаи 23-юм) дар сегонаи пешсафонанд.

Дар даҳгонаи аввал Австралия (26), Қатар (55), Ӯзбекистон (57), Арабистони Саудӣ (58), Ироқ (59), Урдун (62) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (65) қарор доранд.

Дар радабандии ФИФА ҳамагӣ 211 даста зикр шудаанд. Радабандии нав 10 июли соли 2025 нашр мешавад.

Радабандии ФИФА. Даҳгонаи аввал (ТОП-10):

1 (1 – мақом дар радабандии пешина). Аргентина - 1886,16 имтиёз;

2 (3). Испания - 1854,64;

3 (2). Фаронса - 1852,71;

4 (4). Англия - 1819,2; 5 (5).

5. Бразилия - 1776,03; 6 (7).

6. Нидерланд - 1752,44;.

7. (6) Португалия - 1750,08;

8 (8). Белгия - 1735,75;

9 (9). Италия - 1718,31;

10 (10). Олмон - 1716,98.

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): 25 (25 – мақом дар радабандии пешина); Украина - 1559,81 имтиёз; 35 (34); Русия - 1516,27; 57 (58); Ӯзбекистон - 1437,02; 68 (68). Гурҷистон - 1373,05; 98 (98) Беларус - 1235,36; 102 (100). Арманистон - 1208,31; 103 (107). Қирғизистон - 1205,68; 104 (104). Тоҷикистон - 1203,42; 113 (110). Қазоқистон - 1177,66; 119 (117). Озарбойҷон - 1150,64; 121 (123). Эстония - 1144,48; 140 (137). Латвия - 1084,11; 142 (141). Туркманистон - 1076,13; 143 (142). Литва - 1072,56; 154 (151). Молдова - 1031,37.

Қобили зикр аст, ки Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2024 - зинаи 99-ум пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар давраи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар ба қайд гирифта шудааст. Беҳтарин нишондиҳандаи дуюми Тоҷикистон дар радабандии дастаҳои мунтахаб - зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 мебошад, ки дар ин сол мунтахаби кишвар 40 зина боло рафта буд.

Бадтарин натиҷаи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар соли 2003-юм - зинаи 180-ум мебошад. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм - зинаи 168-ум байни 207 даста сабт шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.