“То имрӯз, 5-уми марти соли 2020 ягон ҳодисаи сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Он овозаю иғвоҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида ба роҳ монда мешаванд, умуман, асос надоранд”, - изҳор дошт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода дар нишасти хабарӣ оид ба вазъи воқеӣ ва ҳолати омодабошии кишвар ҷиҳати пешгирии коронавирус.

Захираи 2-солаи ғизо ҳаст ва асос барои таҳлука нест

“Тоҷикистон имрӯз тавонмандии пурраи дар давоми 2 сол таъмин кардани аҳолии худро аз тамоми намуди ғизоҳо дорад. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ фаъолият дорад. Хоҳед, рафта, ин анборҳо ва хазинаҳоро бинед. Яъне захираи 2-сола барои нӯҳу ним миллион аҳолии Тоҷикистон мавҷуд аст. Ин корҳое, ки мо карда истодаем, онҳоро дуруст ба мардум фаҳмонида диҳед, ки ягон асос барои таҳлука надоранд”, - гуфт ба хабарнигорон муовини дигари вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед. 
Дар шарҳи ин мавзӯъ Мирҳамуддин Камолзода гуфт: “Дирӯз баъд аз хабарҳои нодурусти паҳншуда аз ҷониби як қатор шаҳрвандон ҳангома бархост ва онҳо ба хариди молҳои ниёзи рӯзгор даст заданд ва миқдори зиёди маводи хӯрокворӣ гирифта, захира карданд. Вобаста ба ин, тибқи супориши ҳукумати Тоҷикистон, айни ҳол гурӯҳи кории байнисоҳавӣ таъсис дода шудааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ аллакай шурӯъ аз бегоҳи дирӯз фаъолият дорад. Имрӯз аз ҷониби сохторҳои дахлдор нархи маводи хӯрокворӣ таҳти назорат гирифта мешавад”.

Воридоти маводи лозимӣ давом дорад

“Ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин маводи ғизоӣ ворид намегардад, танҳо таҷҳизот ва асбобу анҷом ворид карда мешавад. Умуман, фисади зиёди аҳолии Тоҷикистон аз маводи хӯроквории дохили кишвар истифода мекунад. Имрӯз сарҳадоти давлатӣ бо Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори мо кушода аст ва он миқдори муайяни маводи лозимие, ки ба ҷумҳурии мо ворид мешуданд, мунтазам ворид гардида истодаанд. Умуман, ҷойи нигаронӣ нест! Лекин мутаассифона, баъзе шахсони манфиатдор ва кундфаҳм ба ҳамин роҳҳо мераванд”, - афзуд Мирҳамуддин Камолзода.

Ба қавли ӯ, як қатор ширкатҳои ватанӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Данғара ва минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, инчунин дар вилояти Суғд аллакай ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кардаанд ва шумораи зарурии онҳоро барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин мекунанд. Ҳамзамон аз ҷониби вазорати тандурустӣ бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи муайяни маводи муҳофизатӣ, безараргардонӣ ва муолиҷавӣ захира шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 4-уми марти соли равон 1500 нафар шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Тоҷикистон воридшударо ба карантин фаро гирифтанд. Аз ин шумор то 4-уми март 320 кас дар ҳолати карантинӣ қарор дошта, боқимонда ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.