Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистонро дар фурӯдгоҳ шахсан худ истиқбол гирифт. Шавкат Мирзиёев бо як сафари расмии давлатии дурӯза дақоиқе пеш вориди Душанбе шуд.
Хабарнигори "Asia-Plus" хабар медиҳад, ки дар сари роҳ аз фурудгоҳ то Қасри Миллат раисҷумҳури Ӯзбекистонро ҳазорҳо сокини пойтахт хушомадед гуфтанд.
Ҳоло қисмати расмии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри Миллат оғоз шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Қарор аст дар ин сафар масоили ҳамкорӣ ва дӯстии ду кишвар дар тамоми бахшҳо ва натиҷагириву равандии созишномаҳои то ин замон имзошуда баррасӣ мешаванд.
Қарор аст фардо Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ биравад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.