Ширкатҳое, ки дар масири Душанбе-Алмато ва ё баръакс парвоз анҷом медиҳанд, дар пайи муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳи Алматои Қазоқистон мегӯянд, омоданд маблағи билетҳои харидаи ин мусофиронро пурра баргардонанд.
Дар ин бора аз ширкатҳои тоҷикии ҳавопаймоии “Somon Air” ва қазоқии “Air Astana” ба "Asia-Plus" хабар доданд.
Дар ширкати ҳавопаймоии “Somon Air”мегӯянд, онҳо маблағи билетҳои харидаи мусофиронеро, ки натавонистаанд парвоз кунанд, сад дар сад бармегардонанд ва барои ин мусофиронро зарур аст, ки ба нуқтаи хариди чипта муроҷиат намоянд.
“Дар асоси огоҳиномаи расмии фурудгоҳи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон оиди тул додани мӯҳлати бозмонии муваққатии фурудгоҳ, иҷрои парвозҳо бо хатсайри Душанбе –Алмато ва Алмато–Душанбе, ки ба санаи 12 январи соли 2022 ба нақша гирифта шуда буданд, бекор карда шуданд. Оид ба ивази санаи парвоз ва ё баргардонидани маблағи чипта мусофирон метавонанд ба нуқтаи хариди чипта муроҷиат намоянд”,-иттилоъ доданд аз ширкати “Somon Air”.
Ҳамчунин, аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Air Astana” дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар робита ба муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ тариқи фурудгоҳи Алмато онҳо парвози рӯзи 9 январиро боздоштанд ва омодаанд сад дар сад маблағи чиптаи мусофиронро баргардонанд.
Манбаъ гуфт, онҳое ки мехоҳанд баъди барқарор шудани парвозҳо ба Алмато парвоз кунанд, омодаанд замони парвозашонро тағйир диҳанд.
- Парвози ояндаи мо рӯзи 16 январ дар назар аст. Агар то он вақт ҳам парвозҳо барқарор нашаванд, мо имкон дорем, бо хоҳиши муштариён маблағи билети онҳоро пурра баргардонем ё ба вақти дигар гузаронем,- мегӯянд дар “Air Astana”.
Манбаъ афзуд, чунин тартиб ба шаҳрвандоне, ки аз Алмато ба Душанбе парвоз мекунанд, низ дахл дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои охир дар Қазоқистон фурудгоҳи байналмилалии Алмато фаъолияташро муваққатан қатъ намуд. Дар аввал гуфта мешуд, ки он то 10 январ кор намекунад, вале баъдан расонаҳо хабар доданд, ки фаъолияти он то вақти номуайян қатъ шудааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ғайр аз фурудгоҳҳои дохилӣ, бештари парвозҳои байналмилалӣ (тронзитӣ)-ро тавассути фурудгоҳи Алматои Қазоқистон анҷом медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд.
Мақомоти кишвар 6-уми январ эълон карданд, ки “амалиёти зиддитерористӣ” анҷом медиҳанд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ба низомиёни фармон додааст, ки “нопурсида паронанд”.
Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.