Давоми шаш моҳи охир дар Точикистон наздики 600 хазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ бунёд шудааст. Интихоби васеъ ҳангоми хариди амволи ғайриманқул барои онҳое, ки мехоҳанд манзили нав бихаранд, саволи асосиро ба миён меорад - чӣ гуна бояд хона харид ва дар баробари ин фиреб нахӯрд?

Нахустин маводи лоиҳаи махсуси мо «Амволи ғайриманқули Душанбе» - шарҳи мухтасар аст. Шарҳи мазкур дар бораи пешниҳодҳо дар бозори амволи пойтахт, нархҳои бозор ва моликони сохтмонҳо аст.

Манзили бозоргир

Талаботи бештари сокинони Душанбе ба манзилҳои дуҳуҷрагӣ аст - он 45%-и эълонҳои фурӯшро ташкил медиҳад.

Аммо хоҳишмандон метавонанд мувофиқ ба табъи худ - дуошёна, дорои шаш ҳуҷра ва бештар аз он, бо таваккуфгохи зеризаминӣ, дорои майдончаи бачагона пайдо кунанд.

Харидорони пойтахт як умумият доранд — аз сабаби босуръат вайрон карда шудани биноҳои кӯҳна ва вусъати сохтмон аксарият мехоҳанд аз биноҳои нав хона дошта бошанд.


Нарх

Арзиши миёнаи як метри мураббаъ дар биноҳои нав 450-1000 долларро ташкил медиҳад: нархҳо вобаста ба ҳашамати бино, марҳилаи сохтмон, мавҷудияти таъмир («қуттӣ» ё таъмири тарроҳӣ) ва албатта, макони ҷойгиршавӣ фарқ мекунанд.

Макони ҷойгиршавӣ

Нархи баландтарин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - аз 600 то 1000 доллар барои як метри мураббаъ аст. Дар ноҳияи Шоҳмансур каме арзонтар - аз 550 то 800 доллар.

Дар ноҳияи Сино сохтмонҳо фаъолона идома дорад - аз инҷо метавон бо нархи аз 500 то 650 доллар "қуттӣ" харид. Дар ноҳияи Фирдавсӣ нарх аз 450 то 600 долларро ташкил медиҳад.


Чӣ тавр метавон сарфа кард?

Яке аз роҳҳои муассир харидани хона дар марҳилаи ибтидоии сохтмон - кофтани чоҳи таҳкурсӣ мебошад. Нархи як метри мураббаи ин гуна манзилҳо дар гаронтарин ноҳияи шаҳр – Исмоили Сомонӣ аз 500 доллар ва дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 370 доллар оғоз мешавад.

Роҳи дигари бо нархи арзонтар харидани хона ин пешпардохт мебошад, ки дар ин сурат, аксари хонасозон омодаанд тахфиф пешниҳод кунанд.

Чӣ гуна метавон хонаи ояндаи худро дид?

Баъзе сохтмончиёни пойтахт тарҳи пешакии хонаҳоеро, ки бунёд хоҳанд шуд, омода ва пешниҳод менамоянд. Ин роҳи аз ҳама самараноки нишон додани манзили ояндаи муштариён аст.

Харидорони эҳтимолӣ инчунин, метавонанд тарҳро дар вебсайтҳои ширкатҳои таҳиякунанда ё дар саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинанд. Ё бевосита ба идораҳои фурӯш муроҷиат кунанд.


Масалан, сомонаи AR Construction тамоми маълумот оид ба хонаи бунёд мегардида ҷойгир карда шудааст. Нархи як метри мураббаъ дар кӯчаи Рустам Каримов аз 450-500 доллар, дар минтақаи «Голубой экран» аз 500-600 доллар оғоз шуда, дар хиёбони Рӯдакӣ ба 850-1000 доллар мерасад.

Сохтмони дигар «Элит Строй Сервис» ҳоло дар кӯчаи Истаравшан ду бинои нав бунёд мекунад. Нархи як метри мураббаъ аз 650 то 1000 доллар аст.

Қӣ месозад ва чӣ тавр ширкатро интихоб бояд кард?

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 2000 ширкати сохтмонӣ фаъолият доранд ва дар бозори сохтмони пойтахт бошад, даҳҳо ширкат фаъолият мекунанд. «Строй-центр», «Элит Строй Сервис», «Партнер», «AR Construction», «Avicenna», «Yahyo-Company» аз ҷумлаи маъруфтарин ширкатҳои сохтмонии пойтахт ба ҳисоб мераванд.

Хонафурӯшон ё онҳое, ки дар Душанбе ба хариду фурӯши хона машғуланд, маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми интихоби манзил маслиҳат ба ширкати таҳиякунанда ва фаъолияти он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд. Мухлати бунёди бино ва сифати он аз сохтмончии он сахт вобаста аст. Агар сохтмончӣ ботаҷриба ва бонуфуз бошад, пас харидор аз хавфи бо сифати паст бунёд шудани бино ва ба дарозо кашидани он эмин мемонад. Агар ин хонаи аввалини сохтмончӣ бошад, баъзан кафолат додан душвор аст, ки он бомуваффақият анҷом меёбад.


Ҳангоми интихоби сохтмончӣ бояд бинои бунёдшавандаро бо тарҳи пешниҳодгардида муқоиса кард, ки оё он мувофиқат мекунад ё на.

Илова бар ин, шумо бояд собиқаи ширкатро омӯзед - оё сохтмончӣ ягон лоиҳаи мушкилофар ё таъхир дар бунёди бино дошт. Ҳатто агар дар бораи ширкат дар шабакаҳои иҷтимои назарҳое нек гуфта шуда бошад ҳам, пинҳон кардани даъвоҳо алайҳи ширкат аз ҷониби саҳмдорон ё пудратчиён ғайриимкон аст.

Имсол шаҳрдории Душанбе ба хотири ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ба низом даровардани бозори сохтмон талаботро нисбат ба сохтмончиён сахттар кард. Тибқи тартиби нав, сохтмончӣ бояд қарз надоштани худ, тарҳи лоиҳа ва мавҷудияти суратҳисоби бонкиро пешниҳод кунад. Дар суратҳисоби бонкии сохтмончӣ ҳадди аққал 20 фоиз маблағи арзиши умумии иншооти сохташаванда мавҷуд бошад.


Ин талабот ба он нигаронида шудааст, ки таҳиягароне, ки сармояи кории худро надоранд ва бо умеди гирифтани пул аз саҳҳомон ба корҳои сохтмонӣ машғуланд ва дар ниҳоят аз ӯҳдаи иҷрои нақшаҳои худ баромада наметавонанд, аз бозор хориҷ гарданд.

Калиди хариди бехатари хона метавонад ҳузури як мутахассиси хариду фурӯши хона ва ҳуқуқшиноси ботаҷриба бошад, ки таҳлили ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳоро анҷом медиҳад. Аммо, ҳатто дар ин ҳолат низ, беҳтар аст, ки ҳуҷҷатҳоро шахсан тафтиш кунед.

Шарики генералии лоиҳаи «Амволи ғайриманқули Душанбе» ширкати «Цеппелин Таджикистан», дилери расмии бренди Caterpillar мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.