Ба зудӣ сокинони навоҳии наздимарзӣ, ки дар пайи муноқишаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зарар дида буданд, ба манзилҳои навбунёди худ ворид хоҳанд шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси ҷамоъатҳои Чоркӯҳ ва Овчиқалъача хабар доданд.
Бунёди ин хонаҳо, ки дар пайи муноқишаи марзии 14-16-уми сентябр сӯхтаву хароб шуда буданд, ду моҳ идома ёфт.
Ба гуфтаи Маъруф Набиев, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ҳоли ҳозир дар деҳаи Сомониён қисми зиёди корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва то аввали моҳи декабр сокинон метавонанд ба хонаҳои нави худ дохил шаванд.
«Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар деҳаи Сомониён 46 оила аз манзили зист маҳрум шуданд. 34 хона вайрон шуда, тамоми молу мулки сокинон сӯхта ба хок яксон шуд. Зарари расонидашуда ҳудуди 4,5 миллион сомониро ташкил медиҳад», - афзуд Набиев.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои АМИТ «Ховар», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мӯҳлати дақиқи супурдани манзилҳои истиқоматиро 25 – 26-уми ноябр гуфтааст.
Сокинони деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ интизоранд, ки то саршавии зимистон хонаҳои навашон сохта мешавад. Дар ин деҳа 12 хона бар асари муноқишаи марзӣ комилан тахриб шуда, хисороти он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз ин деҳа 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дода буд, ки то 1-уми ноябри соли равон манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои наздимарзӣ барқарор карда шаванд.
Дар умум, дар пайи ин муноқишаи марзӣ, хонаҳо дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳаҳои Овчиқалача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров хароб шудаанд.
Бо супориши президент комиссияи давлатие, ки таъсис гардид, ба ҳар оилаи зарардида масолеҳи бинокорӣ ва озуқаворӣ дастрас намуд.
Аз ҷумла, 22-юми сентябр ба вилояти Суғд корвони кӯмакҳо барои сокинони осебдидаи даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон ирсол карда шуд. 45 мошини боркаш ба минтақаи осебдида маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ расониданд. Минҷумла, 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва тахта, 5 тонна мех, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ, 25 тонна қанд.